Шуарои Эрон. Муҳаммади Зуҳарӣ
Доктор Муҳаммади Зуҳарӣ яке аз чанд шоири навпардозест, ки байни солҳои 1951-1971 яке аз дурахшонтарин давраҳои шеъри порсиро падид оварданд. Ин чанд тан, ки аз ҳар кадом дасткам шаш ё ҳафт маҷмуаи шеър бар ҷой монда, касоне ҳастанд, ки дар сурудани шеър ба шеваи классик бисёр тавонманд буда, бо ин ҳама дар шеваи нимоӣ низ хуш дурахшидаанд.
Муҳаммади Зуҳарӣ дар соли 1926 дар шаҳристони Тункобун (байни Чолус ва Шаҳсавор) дида ба ҷаҳон кушод. Падараш аз машрутахоҳон ва дар рикоби онон бо неруҳои давлатӣ ҷангида буд ва ба ў лақаби Зайғамулмамолик дода буданд. Вай пас аз сипарӣ кардани даврони зиндон ба Теҳрон омад. Зуҳарӣ дар соли 1941 ҳамроҳи падар ба Теҳрон омад ва баъдҳо дар риштаи забону адабиёти форсӣ ба дарёфти дараҷаи докторӣ аз донишгоҳи Теҳрон ноил шуд.
Нахустин сурудаи ў «Фурсат» ном дошт, ки мавзуи иншое буд, ки зиндаёд доктор Муин гуфта буд ва Зуҳарӣ онро ба шеър дароварда буд. Ва ў бо роҳнамоиву ташвиқи устоди худ доктор Муин шеърро ба гунаи ҷиддитаре дунбол кард ва ашъораш дар бархе нашриёти он солҳо чоп мешуд. Дар соли 1952 барои нахустин бор дар нишасте, ки гурӯҳе аз шоирон гирд омада буданд, Зуҳарӣ бо Нимо дидор кард. Андак-андак рафтуомадҳои ў бо шоирон бештар шуд ва пои ў ба анҷуманҳои адабӣ боз гашт.
Аз назари шеъру шоирӣ дар мавриди Зуҳарӣ бояд гуфт, ки ў дар сурудаҳои худ ба дунболи гумшудае дар такопўст. Ғурбате жарфу дардолуд дар шеъри ў пинҳон аст. Ҷаҳонеро, ки дар сурудаҳои худ ба тасвир мекашад, басе аз дунёи гиҷӣ ва беморгунаи мо дур аст. Ў дардро бо шикебоӣ мепазирад ва ба оромӣ аз он сухан мегўяд ва ин амр аз вежагиҳои рўҳии ўст. Аз ин рў дар сурудаҳои ў ҳаёҳу ва ғавғову фарёд камтар шунида мешавад. Ў ба оромӣ месўзаду месозад, вежагиҳои рўзгори худро меёбад. Аз ин рў, сухани вай тоза ва бардоштҳои ў аз падидаҳо аз они худи ўву аз они перомуни ўст ва андўҳе, ки чошнӣ ва омехта бо сурудаҳои ўст, барои хонанда оромише дилпазирро ба армуғон меоварад…
Осор: «Ҷазира», «Гилоя», «Шабнома», «Татамма», «Мушт дар ҷайб», «Пири мо гуфт», «Баргузидаи ашъор».
Корҳои таҳқиқӣ: «Китобшиносии миллии Эрон” (5 муҷаллад), « Китобшиносии миллии Эрон” ( чаҳор муҷаллад).
Намунае аз ашъораш:
ДАР ХОНАИ МАН
Дерест, ки беҳуда
Чу мурғони хамӯшам,
Аз ёд фаромўшам
Ва бо халқ наҷўшам.
Дар нам-нами борон нагурезам,
Як ҷом нанўшидам,
Як ҷом нанўшам.
Шаб хуфтаму бо мурғи шаб
Овоз накардам,
Ба ҳамнафасе уқдаи дил
боз накардам.
Ёрони куҳанро ба раҳи хеш супурдам,
Аз дом раҳо будам
Ва парвоз накардам.
ФОНУСИ ХОМЎШ
Пандам мадеҳ, ки гўши шунидан намондааст,
Машкан қафас, ки боли паридан намондааст.
Бедасту по ғизоламу афсуни доми хеш,
Чандон ки дасту пои рамидан намондааст.
Фонуси хомўшам, ки бар ин боми обнўс,
Хавфам дигар зи бод вазидан намондааст.
Аз по нишастам, ки маро дар масофи даҳр
Ҷуз дасти аҷзи ҷома даридан намондааст.
Овози рўд мужда расонад маро зи файз,
Дарду дареғ, пои давидан намондааст.
Дил баски монда бар сари савдои сўзу соз,
Ўро дигар маҷоли тапидан намондааст.
Ғорест умру рўзу шабаш шоми мотам аст,
Чашме маро ба рўз дамидан намондааст.
Аз бас, ки заҳр хўрдаам аз ҷоми рўзгор,
Рағбати дигар ба нўш чашидан намондааст.
Дард аз ман аст варна шикор аст бешумор.
Моро луоби дом танидан намондааст.
Гирам, ки лутф ориву дидан кунӣ зи мо,
Моро зи ашк дидаи дидан намондааст…
Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 2012.
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.