Шуарои Эрон. Нимо Юшиҷ

Алӣ ИсфандиёрАлӣ Исфандиёр мутахаллис ба Нимо Юшиҷ дар соли 1898 дар рустои Юш аз тавобеи Мозандарон мутаваллид шуд. Хондан ва навиштанро назди муллои деҳ, ки муаллиме хушку хашин буд, омўхт. Дар овони навҷавонӣ бо хонаводаи худ ба Теҳрон рафт ва пас аз тайи даврони дабистон барои омўхтани забони фаронса вориди мадрасаи «Сен Луйи» шуд.

Нахустин таҷоруби шоиронаи Нимо шомили қасоиду рубоиёти хуросонӣ буд, ки ғолибан маҳсули муоширати ў бо шоироне суннатгаро монанди Низом Вафо, Маликашшуаро Баҳор, Алиасғари Ҳикмат ва ғайра буд. Аммо пас аз ошноӣ бо забону адабиёти Фаронса ва Аврупо уфуқи тозае ба рўи зеҳну замири шоиронаи ў кушода шуд ва мубашширу бунёнгузори шева ва шинохте нав дар густариши шеъри нави форсӣ шуд.

Ў бо дарки буну басти шеъри суннатӣ ва бо пандомўзӣ аз таҷорубу талошҳои таҷаддудталабонаи мутақаддимони худ пас аз тайи мароҳили мухталифи озмун ва ҳато саранҷом муваффақтар аз дигарон дарҳо ва даричаҳои фурўбастаи шеъри форсиро ба сўи чашмандозҳои  тозаву тобнок кушод ва бар хилофи шоирони Машрута, ки навоварӣ ва таҷаддуди адабиро дар сатҳу зоҳири шеър медонистанд ва истифода аз луғоти тоза ё мафоҳими иҷтимоӣ ва ё бархе дасткориҳо дар шакли берунии шеърро инқилоби адабӣ мепиндштанд, Нимо дарёфта буд, ки шеъри форсӣ ниёз ба таҳаввуле  ҳамҷониба дорад. Дар натиҷа бо мутолиоти амиқу таҷриба ва озмуну пуштикори зиёду муқовимат дар баробари суннатгароён, ҳаққонияти роҳу равиш ва шеваи шеърии худро исбот намуд ва зарфияти забони шеъриро вусъат бахшид. Дар ҳақиқат, Нимо тафаккуру ҳунаре модернро дар шеър ҷустуҷў кард ва бо тарду нафйи тафаккури қадим ва шеваҳои такрорӣ ва тақлидии шеъри классикӣ ба маънои тоза аз назму сохтор дар олами падидаҳо бовар дошт ва ба табъи ин идроки тоза аз ҳастишиносии ҳунар, ба таври аъм ва хастишиносии шеър, ба таври ахас, шеваи худро дунбол кард ва шеърро мутаҳавил намуд. Вуқуфи Нимо ба ин биниши модери ўро ба шинохте тоза аз «чистии шеър» ва баъдҳо ба «чароӣ ва чигунагӣ»-и шеър раҳнамун сохт. Ў нахуст дарёфт, ки бояд ба моҳияту ҳувияти шеъру ҳунар бо таваҷҷуҳ ба руҳи замону замона пай бурд ва ин маҳз муқобили дидгоҳи шоирони машрутият буд, ки ба иқтизои шароити ҳодди чигунагии адабиётро муқаддам бар чистии он медонистанд ва кори асосӣ ва зербиноии Нимо дар ин қаламрав тардиду тазалзул афкандан дар нигариши суннатию такрорию тақлидӣ буд, ки бар мабнои он шеърияти шеър дар гарави бархе аз улгўҳои кўҳна ва қадимӣ ҳамчун каломи мавзуну муқаффо (дорои қофия) ва мутасовии забони адабии роиҷу қарордодӣ, қолаби шеърии муайян ва маъное аз пеш тайиншуда ва ғайра буд ва ба таъбире, дар шеъри суннатӣ се пояи суннат, яъне забони адабии гузашта, сурату қолиб ва маънӣ бар вуҷуд ва ҷавҳари шеър муқаддам буд ва Нимо бо дарки дуруст ва мантиқӣ, ки маҳорат дар он мустализми (боиси) муроҷиа ва тааммулу тақлид аз осори гузаштагон буд, хориҷ сохт ва бо маъное ва таҷрибиёти мутанавее пайванд дод, ки аз зеҳну завқу таҷрибаҳои ҳиссӣ ва шахсии шоир сарчашма мегирифт….

  МАҲТОБ

Метаровад маҳтб,

Медурахшад шабтоб.

Нест як дам шиканад хоб ба чашми касу лек

Ғами ин хуфтае чанд

Хоб дар чашми тарам мешиканад.

Нигарон бо ман истода саҳар

Субҳ мехоҳад аз ман,

К-аз муборак дами ў оварам ин қавми

ба ҷон бохтаро балки хабар.

Дар ҷигар лекин хоре

Аз раҳи ин сафарам мешиканад

Нозук, оре, тани соқи гуле,

Ки ба ҷонаш киштам

Ва ба ҷон додамаш об.

Эй дареғо! Ба барам мешиканад

Дастҳо месоям,

То даре бикшоям.

Бар абас мепоям,

Ки ба дар кас ояд.

Дару девори ба ҳам рехташон

Бар сарам мешиканад.

Метаровад маҳтоб

Медурахшад шабтоб

Монд пой обила аз роҳи дароз

Бар дари деҳкада марде танҳо,

Кўлбораш бар дўш,

Дасти ў бар дар, мегўяд бо худ:

Ғами ин хуфтае чанд

Хоб дар чашми таррам мешиканад.

         ХОНААМ АБРИСТ

Хонаам абрист,

Яксара рўи замин абрист ба он.

Аз фарози гардана хурду харобу маст

Бод мепечад.

Яксара дунё хароб аз ўст

Ва ҳавоси ман!

Ой, найзан, ки туро овои най бурдааст дур аз раҳ, куҷоӣ?

Хонаам абрист, аммо

Абр боронаш гирифтаст.

Дар хаёли рўзҳои равшанам, к-аз даст рафтандам,

Ман ба рўи офтобам

Мебарам дар соҳати дарё назора

Ва ҳама дунё харобу хурд аз бод аст

Ва ба раҳ, найзан, ки доим менавозад най.

дар ин дунёи абрандуд,

Роҳи худро дорад андар пеш.

Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”
таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи
маълумотдиҳӣ – библиографӣ