Шуарои Эрон. Орифи Қазвинӣ
Абулқосим Орифи Қазвинӣ, шоир ва таронасози миллии аҳди Машрутият, дар соли 1882 дар Қазвин мутаваллид шуд ва даврони кӯдакиро ба иллати шароити номусоиди хонаводагӣ дар парешонӣ сипарӣ кард. Улуми аввалияро дар Қазвин гузаронд ва ба ташвиқи падар дар кисвати рӯҳониён ба навҳахонӣ дар маҷолису маросим машғул шуд. Вай афзун бар ошноӣ бо мусиқию хушнависӣ аз овози хуше низ баҳраманд буд.
Бо вуруд ба Теҳрон рафта–рафта мавриди таваҷҷуҳи давлатмандон қарор гирифт, то ин ки Музафариддиншоҳ ӯро ба дарбор фаро хонд, аммо Ориф ба шоири дарборӣ шудан розӣ нашуд.
Бо зуҳури ҷунбиши Машрутият ба муборизон пайваст ва бо силоҳи шеъру мусиқӣ ба ёрии инқилоб шитофт. Вай дар маҷомеъ ва маҳофили сиёсӣ – иҷтимоӣ, тайи консертҳои мухталифе бо ашъор ва таронаҳои сиёсӣ ва кӯбанда ҷойгоҳи худро ба унвони шоири инқилобӣ тасбит кард ва дар ин роҳ таҳдидҳо ва сахтиҳо ва фишорҳои зиёдеро таҳаммул кард.
Ӯ муддате низ бо дигар муборизон дар Истанбул ба сар бурд ва пас аз бозгашт ба ватан ба қиёми Хуросон ба раҳбарии Куленел Муҳаммадтақихони Писён пайваст ва шефтаи шуҷоату шахсияти меҳанпарастонаи Куленел шуд. Аммо пас аз чанде қатли Куленел ӯро барои ҳамеша доғдор кард, то он ҷо ки нағмаи «ҷумҳурихоҳӣ» ва ҳамовоӣ бо он низ натавонист рӯҳи дарҳамшикастаи вайро таскин диҳад. Пас аз ин моҷаро Ориф ба Ҳамадон табъйид шуд ва боқии умрро дар яке аз нуқоти дурафтодаи шаҳр бо фақру парешонӣ ва яъсу нафрат гузаронд ва саранҷом дар соли 1934 дар ҳамон ҷо даргузашт ва дар ҷавори оромгоҳи Абуалӣ Сино ба хок супурда шуд.
ИШҚИ ВАТАН
Гадои ишқаму султони ҳусн шоҳи ман аст,
Ба ҳусни ният ишқам, Худо гувоҳи ман аст.
Хаёли рӯи ту ҳар куҷо, ки хайма занад,
Зи беқарориям, он ҷо қароргоҳи ман аст.
Ба маҳфиле, кӣ тӯӣ, сад ҳазор тири нигоҳ,
Равона гашта, вале коргари нигоҳи ман аст.
Барои худ кулаҳе дӯхт з-ин намад ҳар кас,
Чи ғам зи бекулаҳӣ, к-осмон кулоҳи ман аст.
Харобае шуда Эрону маскани дуздон,
Кунам чӣ чора, ки ин ҷо пинҳонгоҳи ман аст.
Агарчи ишқи ватан мекушад маро, аммо,
Ҳушам ба марг, ин дӯст хайрхоҳи ман аст.
Зи зулм ҳаркӣ гурезад ба маъмани Ориф,
Шаробхона дар ин ҷо паногоҳи ман аст.
Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 2012.
Нашри Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон.
Таҳияи Н.Қадамшоева,
мутахассиси пешбари шӯъбаи
маълумотдиҳӣ – библиографӣ.