Шуарои Эрон. Сиёвуши Касроӣ

Сиёваш, мутахаллис ба «Кулӣ» (25.2.1927, Исфаҳон – 8.2.1996, Вена, Австрия), шоири эронӣ. Хатмкардаи мактаби «Адаб», коллеҷи низомии «Мадрасаи Низом», «Дорулфунун» ва яке аз бунёдгузорони Конуни нависандагони Эрон ва фаъолони сиёсии чапгарои таърихи муосири Эрон, узви фаъоли ҳизби «Тўда» ва яке аз бунёдгузорони анҷумани адабии «Шамъи сўхта» буд.

Солҳои 1951–70 дар созмонҳои умумӣ (бонки сохтмонӣ, вазоратҳои ободонӣ ва маскан, маскан ва шаҳрсозӣ) кор кард. Бо нашрияҳои «Беҳдошти ҳамагонӣ дар ноҳияи дарёи Хазар» (баҳри Каспий) ва «Зиндагонӣ» ҳамкорӣ дошт. Дар донишгоҳҳои Сиистон, Балучистон, Зоҳидон ва Теҳрон дарс додаст.

Дар ташаккули афкори ў шахсиятҳои сиёсии замонаш Муҳсини Пизишкпур, Дориюши Фуруҳар таъсир расониданд.

Касроӣ солҳои 1940 ба шоирони пешқадами замони худ, хусусан ба сабки Нимо пайравӣ кард. Нахустин ашъори Касроӣ дар матбуоти Эрон авали солҳои 1950 ба табъ расид. Муаллифи маҷмўаҳои ашъори «Ово» (1957), «Ораши камонгир» (1958), «Хуни Сиёвуш» (1962), «Санг ва шабнам» (1966), «Бо Дамованди хомўш» (1966), «Хонагӣ» (1968), «Омрико, Омрико» (1979), «Чиҳил калид» (1981), «Тарошаҳои табар» (1983), «Ҳадя барои хок» (1984), «Пайванд» (1984), «Достон барои кўдакон» (1985), «Ситорагони сапедадам» (1989), «Муҳраи сурх» (1995).

Маҷмўаи шеърҳои «Ба сурхӣ оташ, ба таъм дуд» (1976) ва «Ба по хез, Эрони ман» (1976), «Таронаҳои табар» (1981) дар хориҷа ба табъ расидаанд. Дар ашъори Касроӣ неруи бузурги халқ (достони «Ораши камонгир», шеъри «Исми шаб»), меҳнат ва зиндагии синфи коргар («Коргарони роҳ»), муборизаи халқ барои солори демократия («Чашма», «Уқёнус»)ва садоқат ба ватан («Боғ», «Ташвиш») тараннум шудаанд. Солҳои 60 – 70 асри 20 Касроӣ ба яъсу ноумедӣ афтода бошад ҳам («Пойиз», «Ниёз», «Андўҳи Симурғ» ва ғ.), бовар ба фардои неки Ватан дар эҷодиёти ў мавқеи асосӣ дорад («Ҳангоми ҳангомаҳо», «Тасвир», «Баҳору шодӣ» ва ғайра).

Касроӣ аз пайравони «шеъри нав» буда, ғазал, рубоӣ ва маснавӣ низ навиштааст. Ашъори  ў оҳанги баланди иҷтимоӣ дорад. Касроӣ дар бисёр шеърҳояш ба воқеаҳои Эрон ва ҷаҳон ҳамовоз шуда, мардумро ба мубориза ва иттиҳоду ягонагӣ даъват кардааст. Ашъори Касроӣ асосан содаю равон буда, шоир гоҳо вобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоии замон аз рамзу тамсил низ истифода бурдааст.

Касроӣ аз дўстони содиқи Иттиҳоди Шўравӣ буд ва муҳаббати худро нисбат ба ИҶШС дар шеърҳои «Нома ба падари бузурги сурхпўши ман» ва «Дар Олимпиён дигар» баён намудааст. Ашъори Касроӣ ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, озарӣ ва дигар мардумони ИҶШС тарҷима ва нашр шудаанд.

Касроӣ яке суханварони асосии маҳфили «Шабҳои шеъргуна» буд. Чанд бор ба Тоҷикистон омадааст. Ў бори аввал охири соли 1988 дар ДМТ бо мухлисони ашъораш вохўрд. Соли 1989 ҳамроҳи Жола Бадеъ дар рўзҳои Наврўз дар Кохи Борбад бо М. Қаноат, Лоиқ, А. Ҳаким, Бозор, Гулрухсор, А. Абдуманнон ва А. Сафар ва дигарон дидору мулоқот кард.

Бозчоп аз: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2020. – Ҷ.9. – С.602. 

Муаллиф: Р. Раҳмонӣ.

 ИН ШЕЪР АЗ ӮСТ:

 БАҲОР МЕШАВАД

Яке ду рӯзи дигар аз пагоҳ,
Чу чашм боз мекунӣ,
Замона зеру рӯ,
Замина пурнигор мешавад.

Замин шикоф мехурад,
Ба дашт сабза мезанад,
Ҳар ончи монда буд зери хок,
Ҳар ончи хуфта буд зери барф,
Ҷавону шуста рафта ошкор мешавад.

Ба тоҷи кӯҳ,
Зи гармии нигоҳи офтоб,
Булӯри барф об мешавад,
Даҳони дарраҳо,
Пур аз суруди чашмасор мешавад.

Насими ҳарзапӯ,
Зи рӯи лолаҳои кӯҳ,
Канори лонаҳои кабк,
Фарози хорҳои ҳафтранг,
Нафасзанону хаста мерасад,
Ғариқи мавҷи киштзор мешавад.

Гурӯҳи галлаҳои абр,
Зи ҳар канора мерасад,
Ба ҳар карона медавад,
Ба рӯи ҷилгаҳо ғубор мешавад.

Дар ин баҳор, оҳ …!
Чи ёдҳо,
Чи ҳарфҳои нотамом,
Дили пурорзу,
Чу шохи пуршукуфа бордор мешавад.

Нигори ман,
Умеди навбаҳори ман,
Лабе ба ханда боз кун,
Бибин чи гуна аз гуле,
Хазони боғи мо баҳор мешавад.

Таҳияи Манижа Раҷабова

Корманди шубаи библиографияи миллӣ