Шуарои Эрон. Сиёвуши Касроӣ

Сиёвуши КасроӣСиёвуши Касроӣ дар соли 1927 дар Исфаҳон ба дунё омад ва таҳсилоти ибтидоӣ ва мутаваситаро дар ҳамин шаҳр ба поён бурд ва сипас барои идомаи таҳсили донишгоҳӣ ба Теҳрон рафт ва дар риштаи ҳуқуқ фориғултаҳсил шуд. Муддате дар машоғили идорӣ ва бадҳо низ дар муассисоти миллӣ машғул ба кор шуд.

Касроиро метавон аз шохистарин намояндагони шеъри нави ормонгаро ва сиёсиву инқилобии солҳои 1961 -1981 ба шумор овард. Касроӣ ва Ҳушанги Ибтиҳоҷ аз таъсиргузортарин навпардозони навқудамои ин даврон буданд, ки хислати барҷастаи осорашон ормонгароӣ ва тааҳҳуди иҷтимоӣ дар шеър буд ва ўро метавон яке аз шуарои барҷастаи шеъри муқовимат ба ҳисоб овард (ҳамчун Шомлу, Аҳавон ва Фурўғ дар «Дар тавлиди дигар» ва «Имон биёварем»). Аз ҷумла шеърҳое, ки Касроиро сари забонҳо андохт ва матраҳ кард, шеъри маъруфи «Ораши камонгир» буд (1959), ки шуҳрату маҳбубияти ўро болотар бурд. Ин шеър, дар ҳақиқат, дар он солҳои истибдод тарҷумони асотирӣ ва таърихии як ормони миллӣ буд: зуҳури муҷаддади як муслеҳи (ислоҳгар) раҳоибахши миллӣ аз уфуқи талху торики ҷомеаи кудатозадаи он аср.

Дар мавриди шеъри Касроӣ метавон зимни ин ки забон ва баёни ў сода ва дур аз ибҳому иҳом ва бандбозиҳои лафзист, аз назари эстетикӣ ва сохтмону сохтор дорои сабки вежа аст ва саршор аз имиҷҳо ва сувари хаёл. Зербинои тафаккур ва андешаи Касроӣ тааҳҳуд ва рисолати иҷтимоии шеъру шоирист. Ў аз воқеяти васоилу мушкилоти ҷомеа тасвирбардории зеҳнӣ мекунад ва андак – андак ба чакоди (болои сар ё қуллаи кӯҳ)ду қуллаи шеърӣ мерасад ва дар ҳақиқат тахаюл ва воқеиятро ба ҳам омезиш медиҳад ва ба таъбире, гузаштаи таърихӣ бавижа асри Машрута ва шикасти доктор Мусаддиқ ва шикасти андешаҳои сиёсии худу ҳамфикронаш ва ривоҷи истибдоду диктотурӣ, шеърашро ойинаи ин гуна масоил ва бозтобҳои сиёсӣ мекунад ва ба дур аз шиорҳои зудгузари маҳфуму муҳтавои андеша ва паёмҳояш решае воқеӣ ва тавъам бо эҳсосу авотифи шоирона аст, аммо аз навъи адабиёту шеърии мутааҳҳиду мултазам.

Касроӣ дар соли 1995 дар гузашт.

Осор:  «Ово», «Хони Сиёвуш», «Сангу шабнам», «Бо Дамованди  хомўш», «Хонагӣ», «Ба сурхии оташ ба таъми дуд», «Вақти сукут нест», «Аз қурўқ то хурўсхон», «Амрико, Амрико», «Баъд аз зимистон дар ободии мо».

Ин ду шеър аз ӯст:

ҒАЗАЛ БАРОИ ДАРАХТ

Ту қомати баланди таманноӣ, эй дарахт,

Ҳамвора хуфта дар оғўшат осмон.

Болоӣ, эй дарахт!

Дастат пур аз ситораву ҷонат пур аз баҳор –

Зебоӣ, эй дарахт!

Вақте ки бодҳо

Гесуи сабзфоми туро шона мекунанд,

Ғавғоӣ, эй дарахт!

Дар зери пои ту

Ин ҷо шаб асту шабзадагоне, ки чашмашон

Субҳе надидааст.

Ту рўзро куҷо,

Хуршедро куҷо

Дар дашт дида, ғарқи тамошоӣ, эй дарахт.

Чун бо ҳазор ришта ту ба ҷони хокиён

Пайванд мекунӣ,

Парво макун зи раъд,

Парво макун зи барқ, ки барҷоӣ, эй дарахт.

Чун бо ҳазор ришта ту бо ҷони хокиён

Пайванд мекунӣ,

Парво макун зи раъд,

Парво макун зи барқ, ки барҷоӣ, эй дарахт.

Сар бар макаш, эй рамида, ки ҳамчун умеди мо

Бо моиву ягонаву танҳоӣ, эй дарахт.

ГУЛҲОИ САПЕД

Шабҳо, ки ситора ҳам фурў хуфта-ст,

Гулҳои сапеди боғ бедоранд.

Шабҳо, ки ту бе баҳона мегирйи.

Шабҳо, ки ту атри шеърҳоятро

Аз панҷараҳо намедиҳӣ парвоз,

Гулҳои сапеди боғ бедоранд.

Шабҳо, ки дили ту бо ғаме маънус

Пайванде тоза мезанад пинҳон,

Шабҳо, ки насим ҳам намеорад

Аз дарраи меҳгирифта овоз.

Дар зери даричаи ту бедоранд

Гулҳои сапеди боғи хоболуд.

Шабҳо, ки ту ошиқона мехонӣ,

Шабҳо, ки чу ашки ту наметобад,

Як шуъла дар ин кушода чашм андоз –

Ин боғу баҳори хуфтаро ҳар шаб,

Гулҳои сапеди боғ бедоранд.

Шабҳои дарози бе саҳар монда,

Шабҳои дарози орзумандӣ,

Шабҳои дароз монда дар оғоз,

Шабҳо, ки ту ошиқона мехонӣ,

Шабҳо, ки ту бебаҳона мегирйӣ.

Шабҳо, ки ситораҳо ҳам фурў хуфтаст.

Гулҳои сапеди боғ бедоранд,

Ҷон ташнаи субҳи равшанипардоз.

Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.