Шуарои Эрон. Ҳусейн Мунзавӣ (1946-2004)

Ҳусейн Музавӣ Ҳусейн Музавӣ ва Симини Беҳбаҳонӣ баъд аз устод Шаҳриёр ду тан аз муассиртаину шохистарин чеҳаҳои ғазали муосири Эрон ҳастанд. Ў бо интишори китоби “Ҳанҷараи захмии тағаззул” мавқеяту ҷойгоҳи шоирии худро тасбит кард. Навъи нигоҳи Мунзавӣ дар ин китоб комилан нав ва модерн аст.

Ў дар дунёи зеҳниву отифии худ ва дар қаламрави ҷуғрофиёии шеъраш дунёро ба тасвир мекашад, ки тоза аст ва диданӣ, дунёе, ки дар он ишқе зулол ғалаба дорад ва нолаҳо, хандаҳо, шикастанҳо, ғурубкарданҳо мутассир аз иксири ишқ аст.

Эҳсосе, ки дар ғазали Мунзавӣ аст, ҳамчун эҳсоси Ҳофиз ҳаргиз кўҳна намешавад. Дар китоби дигари вай “Аз шавкарони шакар”таҷрибаҳои тозатаре мерасад ва тавонистааст миёни қолаби суннатӣ ва зеҳну забони имрўзӣ иртибот барқарор кунад, аз ин рў аст, ки сабку равиши ў қобили такаммул ва таҳсин ва ҳатто улгугирӣ аст.

Дар дафтари дигари ў “Бо ишқ дар ҳаволии фоҷиа” низ ў ба уфуқҳои тозатаре мерасад ва шеъраш навтар мешавад. Ба забони нави ғазал даст меёбад ва навовариҳое чи аз назари таркибу таъбир, чӣ аз назари фаъоли тозаи арўзӣ ҳамчун Симини Беҳбаҳонӣ навовариҳое мекунад. Мунзавӣ дар ашъораш мекўшад, ки зимни бархурдорӣ аз хислати адабӣ будан, таркибҳо ва таъбироти ашъораш бо дигар шуаро мутафовит бошад. Забони шеърии вай баръакси роматикҳо, лабрез аз вожагони табиатгаро барои тақвиятбахшии тасвирӣ нест, балки бар он аст, то таркибе луғоти рўзмарра, ки ҷанбаи шеърӣ доранд. Бисозад ва бо вожагоне, ки аз шеъри суннатӣ вом гирифтааст, албатта бо баёневу либосе наву тоза. Отифа дар шеъри ў қавитарин бахши шеър аст. Ў дар бораи моҳияти отифии шеъраш мегўяд: “Ишқ ба унвони ҳувийяти аслии шеъри ман ҷо уфтодааст” ва сувари хаёл дар шеъри ў низ гирифтори “имиҷизм”ва асолат додан ба тасвир нашуда, ў тасвирро ҳамеша дар хидмати отифаи ғазал ба кор мегирад, ба вежа дар ғазалиёти ошиқона ва ин нуқтаи муҳимеаст, ки Мунзавӣ онро ба хуби дарк кардааст, чаро ки ў дарёфтааст, ки вақте ҳаҷми тасвир зиёдтар аз зарфияти отифии ғазал мешавад, хонанда ба хубӣ эҳсос мекунад, ки отифаи ғазал қурбонии бозиҳои тасвир шудааст. Аз назари мусиқии шеър ҳам ашъораш дархури тавҷҷуҳ аст.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳунари Мунзавӣ марбут ба ҳамин ҳавза мешавад ва ў афоъили арўзиро аз шакли муссамаи (ҳаштоӣ) ва мусаддас (шаштоӣ) афзоиш дода ва афъоил ва аркони арўзиро ба (даҳтоӣ ва дувоздаҳтоӣ) расонидааст ва аз ин рў ҳамчун Симини Беҳбаҳонӣ зарфияти арўзиро густариш дода.

Дар ниҳоят метавон гуфт, ки ғазалиёти Ҳусайни Мунзавӣ қобили баҳсу таамулу андеша аст ва саршор аз навгароӣ ва эҳсосу отифаи шоиронаи қавӣ тавъам бо пуштивонаи фарҳангии классику муосир. Ў низ ба қолаби шеъри нимоӣ ва ҳатто сапед низ таваҷҷуҳ дошт ва бо китобҳои “Бо ишқ тоб меовард” ва “Ба ҳамин содагӣ” дар майдони шеъри ғайриклассик низ табъозмоӣ кардааст.

Ин ду ғазал аз ӯст:

ОЯИ ШУКУФОӢ

Лабат сареҳтарин ояи шукуфоист

Ва чашмҳоят шеъри сиёҳи гўёист.

Чӣ чиз дорӣ бо хештан, ки дидорат

Чу қуллаҳои меҳолуд маҳву руъиёст.

Чӣ гуна васф кунам ҳати ғариби туро,

Ки дар камоли зарофат камоли волоист.

Ту аз маобиди Машриқзамин азимтарӣ,

Кунун шукўҳи туву буҳти ман тамошоист.

Дар осмонии дарёи дидагони ту шарм

Кушудаболтар аз мурғакони дарёист.

Шамими ваҳшии гесўи кулиат нозам,

Ки хобноктар аз атрҳои саҳроист.

Паноҳи ғурбати ғамноки дастҳое бош,

Ки дардноктарин соқаҳои танҳоист.

ЛАЙЛӢ

Лайлӣ дубора қисмати Ибн-ус-Салом шуд,

Ишқи бузургам, оҳ, чӣ осон ҳаром шуд.

Мешуд бидонам ин ки хати сарнавишти ман,

Аз дафтари кадом шаби баста вом шуд.

Аввал дилам фироқи туро сарсарӣ гирифт

В-он захми кўчаки дилам охир ҷузом шуд.

Гулчин расиду навбати бо ман вазиданат

Дигар тамом шуд, гули сурхам, тамом шуд.

Шеъри ман аз қабилаи хун аст, хуни ман

Фавора аз дилам заду омад калом шуд.

Мо хуни тоза дар тани ишқему ишқро

Шеъри ману шукўҳи ту рамзуддавом шуд.

Баъд аз ту боз ошиқеву бо оҳ на….

Ин достон ба номи ту ин ҷо тамом шуд.

 Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”. Душанбе, 2012.

Таҳияи Фирӯза Раҳимова,
муовини сардори шуъбаи
маълумотдиҳӣ – библиографӣ.