Шуарои Эрон. Ҳушанг Ибтиҳоҷ

Ҳушанг ИбтиҳоҷАмир Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя 25-уми феврали соли 1928 дар шаҳристони Рашт (дар шимоли Эрон) чашм ба ҷаҳон кушуд ва пас аз он, ки таҳсилоти худро дар он шаҳр ба поён расонид, ҳамроҳи хонаводааш роҳии Теҳрон шуд. Соя аз беҳтарин ғазалсароёни муосири Эрон аст. Ғазали ў, ки аз ранги иҷтимоӣ бисёр зарифе моя мегирад, ёдовари сурудаҳои дилкаши ғазалсароёни номии шеъри классики Эрон аст.

Дар нахустин дафтари шеъри худ – «Нухустин нағмаҳо» Соя бештар аз Ҳофиз таъсир пазируфтааст, аммо дар дафтари баъдии худ – «Сароб» тақрибан ба навъе ба истиқлол расидааст ва ин китоб аз ҳайси қолабҳои шеърӣ ва аз ҳам аз диди навоварию баёни дарёфтҳо ва таҷоруби шахсӣ ва завқи чашмгир аст ва дар осори баъдии Соя зулоли шеъраш гуворотар мегардад ва «ман»-и фардии ў табдил ба «ман» -и ҷамъӣ мешавад ва ашъораш бозтоби орзуҳо ва таманниёти ҷомеа мегардад ва шеъру забону дардҳову ормонҳояш ба мардум наздику наздиктар мешавад. Ў худ ин бора мегўяд: «Замоне буд, ки ман ҳанўз душману дўсти худро нашинохта будам, ҳанўз ошиқи бузургамро наёфта будам, бо дигарон месўхтам, аммо шеъри ман сароб буд ва дар поёни рўзгор навиштам: ба ҳангоме ки хурўши хашму фарёди дард дар пардаи дили ту меовезад, ман барои дилам, барои ишқи беморам овоз хондаам, ҳангоме ки чеҳраҳои зарду шикастаи ҳаммеҳанони ман бо ашку хун оғўшта мешавад, ман барои гулҳои ёс, барои шабҳои маҳтобӣ, барои хобҳо ва руъёҳои худ шеър сурудаам. Шеъри ман ҳамчун нолаи шаб овози андуҳу парешонӣ ва шикаст шудааст ва ман дигар намехоҳам, ки чунин бошад. Ман овози хешро дар ин дили танг сар хоҳам дод ва ин орзуро, ки саргузашти ранҷу разми пуршукўҳи инсонҳост, аз миёни ҳисорҳои вайрони шаби хунолуд ба гўши дуртарин ситораи бедори осмон хоҳам расонд ва чунин кардам».

Соя ҳам дар қолабҳои куҳан ва ҳар дар сабки нимоӣ устод аст. Ғазалиёти модерн ва дорои сохту муҳтавои мутафовит аст. Вай дар паноҳи баҳрагириҳои баҷо ва баҳинҷори ғазал сабки ироқӣ, аз ҷое, ки бар боварҳои хештан басе устувор ва пойдор монда ва ба худ муттакист, сурудаҳояшро бархурдор аз волоӣ ва шоистагиҳои вежа сохта, ки дар ин паҳна шеъри ўро мумтозу барҷаста намуда ва ўро дар канори ғазалсароёни бузуги муосир ҳамчун Шаҳриёр, Имоди Хуросонӣ ва Симини Беҳбаҳонӣ менишонад. Дар заминаи шеър Нимо низ ашъораш саршор аз халлоқият ва навоварист. Ғазалҳои Сояро метавон ҳадди восит байни ғазали суннатӣ ва ғазали нави муосир ба шумор овард, ҳам аз ҳайси бофти калом ва ҳам аз ҷиҳати гароиш ба муҳтавои иҷтимоию сиёсӣ. Гароиши Соя ба шеъри нимоӣ гоҳ ба ғазалҳои ў низ рангу луобе нисбатан тоза бахшидааст, аммо дар маҷмуъ, ғазалҳои ў бо вуҷуди шўру шевоии хос ҳуввйияте клоссик доранд. Ба таври куллӣ метавон гуфт: Соя шоире маъногаро ва мутааҳҳид аст ва шеъраш зимни бархўдорӣ аз зебоиҳоӣ каломӣ ва биологӣ, ки бисёр маҳсус ва малмусанд ва аз ибҳому иҳом ба дуранд, иртиботе содаву самимӣ бо хонанда барқарор мекунад ва аз ҳаёҳу ва ҷанҷолу шиорҳои рўзмара ва такрорӣ ба дур аст ва ба қавли худаш «биниши ҳунариро бо нигараи инсонӣ дар ҳам меомезад».

Эътиқодаш ин аст, ки маонии зеҳнии шоир бояд шакле ҳунарӣ дошта бошад, то тавони роҳёбӣ ба ҳофизаи адабӣ ва мардумро пайдо кунад. Албатта бад-ин тартиб шеър наметавонад яксўя ва яксара дар банди фикри шахсӣ бимонад, қаламраве он тарафтар барои шоири имрўз матраҳ аст ва он қаламрави инсон васоили инсонӣ аст.

Соя аз маъдуд шоироне аст, ки ба чанд шаҳри шуравӣ, аз ҷумла Ереван, Маскав, Ленинград, Тошканд, Самарқанд ва Бухорову Киев сафар кардааст (1965) ва шеъри «Ман ба боғи гули сурх» ҳосили ин сафар аст.

Ҳушанги Ибтиҳоҷ 10-уми августи соли 2022 дар Кёлн, Рейн-Вестфалияи Шимолӣ дар синни 94-солагӣ аз олам гузат.

Осор: «Нахўстин нағмаҳо», «Сароб», «Сиёҳмашқ», «Шабгир», «Замин», «Чанд барг аз ялдо», «Сиёҳмашки 1,2,3», «Ойина дар ойина», «Ёдгори сарви хун», «Девони ашъор».

Инак, чанд намуна аз ашъори Ҳушанги Ибтиҳоҷ (Соя).

БАЪД АЗ НИМО

( Тақдим ба устод Шаҳриёр )

Бо мани бекаси танҳошуда, ёре, ту бимон,

Ҳама рафтанд аз ин хона, Худовандо ту бимон.

Мани барги хазондида дигар рафтаниям,

Ту, ҳаме бору бари тозабаҳоро, ту бимон.

Доғу дард аст ҳама нақшу нигори дили ман,

Бингар ин нақш ба хун шуста, нигоро, ту бимон.

З-ин биёбон гузаре нест саворонро, лек

Дили мо хуш ба фиребест, ғуборо, ту бимон.

Ҳар дам аз ҳалқаи ушшоқ парешонӣ рафт,

Ба сари зулфи бутон, силсиладоро, ту бимон.

Шаҳриёро, ту бимон бар сари ин ҳайли ятим,

Падаро, ёро, андўҳгусоро, ту бимон.

Соя дар пои ту чун мавҷ чӣ хуш зор гирист,

Ки сари сабзи ту хуш бод, каноро, ту бимон.

БАҲОРИ ҒАМАНГЕЗ

Баҳор омад, гулу насрин наёвард,

Насиме бўи фарвардин наёвард.

Парасту омаду аз гул хабар нест,

Чаро гул бо парасту ҳамсафар нест?

Чӣ уфтод ин гулистонро, чӣ уфтод,

Ки ойини баҳорон рафташ аз ёд.

Чаро менолад абри фарқ дар чашм,

Чӣ мегиряд чунин зор аз сари хашм.

Чаро хун мечакад аз шохаи гул,

Чӣ пеш омад, куҷо шуд бонги булбул?

Чӣ дард аст ин, чӣ дард аст ин? Чӣ дард аст,

Ки дар гулзори мо ин фитна кардаст.

Чаро сар бурда наргис дар гиребон,

Чаро биншаста қумрӣ чун ғарибон.

Чаро парвонагонро пар шикастаст,

Чаро ҳар гўша гарди ғам нишастаст?

Чаро мутриб намехонад суруде,

Чаро соқӣ намегўяд дуруде?

Чӣ офат роҳи ин ҳомун гирифтаст.

Чӣ дашт аст ин, ки хокаш хун гирифтаст?

Чаро хуршеди фарвардин фурў ҳуфт,

Баҳор омад гули наврўз нашукуфт?

Магар хуршеду гулро кас чӣ гуфтаст,

Ки ин лаб баставу он рух нуҳуфтаст?

Магар дорад баҳори наврасида

Дилу ҷоне чу модар хун кашида?

Магар гул наварўсӣ шўймурда-ст.

Ки рўй аз сўгу ғам дар парда бурдаст?

Магар хуршедро поси замин аст,

Ки аз хуни шаҳидон шармгин аст.

Баҳори талхманиш, хезу пеш ой,

Гиреҳ во кун зи абрў, чеҳра бикшой.

Баҳоро, хезу з-он абри сабукрав

Бизан обе ба рўи сабзаи нав.

Сару рўе ба сарву ёсуман бахш,

Навои нав ба мурғони чаман бахш.

Барор аз остин дасти гулафшон,

Гуле бар домани ин сабза биншон.

Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”,

Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова,

муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.