Шуарои Эрон. Ядуллоҳи Руъёӣ

Ядуллоҳи Руъёӣ«Ҳангоме, ки шеъре ҷома ва танпўши як андеша мешавад, баёи ошкори он андеша нест, балки дар мақоми баёни он лонаи шак барои худ месозад ва аз ин раҳгузар равзанае барои бозгашт ба худаш нигоҳ медорад, зеро ҳароси он дорад, ки дар кори дифоъ аз андеша шеър буданаш фаромўш шавад ва аз ёд баравад».

Доктор Ядуллоҳи Руъёӣ дар соли 1952 дар шаҳристони Домғон ба дунё омад. Таҳсилоти ибтидоӣ ва дабиристонро дар ин шаҳр гузаронд ва пас барои идомаи таҳсилоти олӣ ба Теҳрон рафт ва ба дараҷаи доктор аз Донишгоҳи Теҳрон ноил гардид. Ядуллоҳи Руъёӣ яке аз шуарои баноми Эрон аст, ки аз тавони офаринандагии вежае бархурдор аст. Руъёӣ дар оғоз аз пайравони Нимо буд, вале андаке баъд худ бонӣ ва бунёнгузори «шеъри ҳаҷм» гардид ва муридоне ба ў ва сабки ў гардиданд.

Ў дар заминаи шеър ва теории модерни шеър назароту андешаҳои наверо баён кард. Вай тағйироте дар сабку баёни шеърӣ эҷод кард ва ба навъе фурмолизм ҳам расид, ки бо шеъри шуарои ҳамасраш мутафовут буд. Вай бар он аст, ки шеър дастоварди зеҳн аст ва бурузаш ҳамонанди барқу бод тунд аст ва якбора рўй медиҳад. Ба забони дигар метавон гуфт: шеър як соиқаи андешашуда, ё як андешаи соиқазада аст. Руъёӣ мегўяд: «Ҳангоме, ки шеъре ҷома ва танпўши як андеша мешавад, баёи ошкори он андеша нест, балки дар мақоми баёни он лонаи шак барои худ месозад ва аз ин раҳгузар равзанае барои бозгашт ба худаш нигоҳ медорад, зеро ҳароси он дорад, ки дар кори дифоъ аз андеша шеър буданаш фаромўш шавад ва аз ёд баравад».

Руъёӣ зимни ошноии амиқ бо адабиёти классик ва адабиёти навини Ғарб ба забоне мустақил расид ва ашъораш бештар таҳти таъсири шоирони Фаронса, бавежа Сен Рун Перес мебошад.

Осор: «Барҷодаҳои тиҳӣ», «Шеърҳои дарёӣ», «Дилтангиҳо», «Аз дўстат дорам», «Лабрехтаҳо».

Навиштаҳои адабӣ: «Ҳалоки ақл ба вақти андешидан», «Аз сукути сурх».

Тарҷумаҳо: «Пирмо»-и Федерико Гарсиа Лорка,

«Шеърҳои Федерико Гариса Лорка».

АЗ ӮСТ: ДАРЁӢ

Сукут дастагуле буд

Миёни ханҷараи ман.

Таронаи соҳил

Насими бўсаи ман буду пилки бози ту.

Бар обҳои парандаи бод

Миёни лонаи садҳо парешон буд.

Бар обҳо

Парандае бетоқат буд.

Садои тундари ҳис

Ва нур, нури тари озарахш

Дар об, ойнае сохт,

Ки қоби равшанӣ аз шуълаҳои дарё дошт.

Насими бўсаву пилки туву парандаи бод

Шуданд оташу дуд.

Миёни ханҷараи ман

Сукут дастагуле буд.

ДИЛТАНГӢ

Бар иртифои захм

парвоз доштам

Ва иртифои захм

Ҳар лаҳза дар муқовимати хунам

Номи маро миёни фурсатҳои обӣ хомўш мекард.

Ман бо гулўлае дар бол

Сайёдро гурехта будам.

Ва қатраҳои хунам аз иртифои захм

То офтоб мунтазири табхир

Матни муаллақи нафасамро

Бисёр нуқтаҳи таълиқ мегузошт.

Вақте ки лоҷуварди атрофам

Бўи уфунати пар дод,

Ман ба тамоми вазнам

Аз лоҷуварди атроф

Бар рўи хоки гарм тан андохтам.

Ман аз канори қирмизи худ дидам,

Ки дар гардиши бузоқи борон

Тасвири лошахӯронро,

Ки чакмаи фариштагонро

Бар пой доштанд

Ва дар канори қирмизи ман парса мезаданд.

Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.