Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар

Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар аз 1-уми августи соли 2009  фаъолият мекунад. Шуъбаи мазкур қаблан бо номи шуъбаи нотавӣ-мусиқӣ аз моҳи майи соли 1977 амал мекард. 2 апрели соли 2012 дар назди шуъба толори “Маводи аудио-видеоӣ (мусаббат)” таъсис дода шуд. Шуъба аз фонди ёридиҳанда истифода мебарад.

Вазифаҳои асосии шуъба:

– ташкили хизматрасонии истифодабарандагон бо адабиёти соҳавӣ (адабиёти мусиқӣ, нотаҳо, дискҳо, маводи аудиовизуалӣ), додани маълумоти библиографӣ (шифоҳӣ ва хаттӣ);

– феҳристнигории анъанавӣ ва электронии ҳуҷҷатҳо дар  шуъба аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд.

Дар фонди шуъба ҳамагӣ 77522  нусха мавод нигоҳдорӣ мешавад, ки аз ин шумора 62963 адад нотаҳо, 3402 адад пиесаҳо, 7379 адад китобҳо, (1946 адад ба забони тоҷикӣ ва 5433 адад ба забони русӣ), 3224 адад грампластинкаҳо, 448 адад фиттаҳо (дискҳо), 102 варақаҳои тарғиботӣ мебошанд, ки инҳо дар феҳристи алифбоӣ ва мураттабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба низом дароварда шудаанд.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:

– хизматрасонӣ ба хонандагон ва муштариён. хизматрасонии библиографӣ (шифоҳӣ ва хаттӣ);

– бунёд ва такмили фонди  шуъба;

– ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ: картотекаҳои мураттабии мақолаҳо ҳамзамон картотекаи электронии мақолаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо;

– таҳияи дастури библиографии “Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

 

 

Реҷаи корӣ:                                                                                 аз 800 то 1700
Рӯзҳои корӣ:                                                                               душанбе-ҷумъа
Сардори шуъба:                                                                         Салимова Қурбонбӣ Шарифовна
Телефон:                                                                                      904178287