Шуъбаи библиографияи миллӣ

Шуъбаи библиографияи миллӣ соли 1971 бо мақсади таҳияи китобномаҳо ва омода намудани маълумот дар масоили хоҷагии халқ, илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистон таъсис ёфт.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:

– бунёд ва такмили фонди ҳуҷҷатҳо;

– ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣ – библиографӣ: картотекаи умумии анъанавии шуъба;

– картотекаи умумии электронии шуъба; картотекаҳои мавзӯӣ ва фардӣ;

– хизматрасонӣ ба хонандагон: иттилоотӣ, маълумотдиҳӣ ва тавсиявӣ (шифоҳӣ);

– таҳияи силсилаи дастурҳои библиографӣ: илмию ёрирасон, тавсиявӣ ва иттилоотӣ;

– омӯзиш ва тарғиби донишҳои библиографӣ.

Шуъба оиди мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла: кишваршиносӣ, тиб, ҳаёт ва фаъолияти адибони классик ва муосири тоҷик, олимони соҳаҳои гуногун, рӯйдодҳо ва санаҳои муҳимми таърихӣ ва ғайра дастурҳои библиографӣ интишор медиҳад.

Манбаъ ва сарчашмаҳои ҷамъоварии маълумотҳои библиографӣ барои таҳияи дастурҳои библиографӣ иборатанд аз:

– осори худи муаллифон;

– таҳқиқотҳо дар бораи шахсиятҳо ва воқеаҳои таърихӣ;

– ҳуҷҷатҳои бойгонӣ;

– солнома ва донишномаҳо;

– матбуоти даврӣ ва ғайра.

Бояд гуфт, ки дастурҳои библиографие, ки аз ҷониби шуъбаи библиографияи миллӣ мураттаб мегарданд, барои докторону аспирантон ва унвонҷуёну донишҷуён дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамчун сарчашмаи боэътимод кумак хоҳанд расонид.

 

Реҷаи корӣ:                                                                                 аз соати  800 то 1700
Рӯзҳои корӣ:                                                                               душанбе-ҷумъа
Сардори шуъба:                                                                         Валиева Наргис Юсуфовна
Телефон:                                                                                      917-80-46-25