Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир
Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир аз соли 1934 инҷониб фаъолият дорад. Шуъба яке аз сохторҳои таркибӣ ва муҳимми Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» буда, мақсади ниҳоии он ҷамъоварӣ, коркард, таҳқиқ, ҳифз ва нигаҳдории нусхаҳои нодири хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ, тарҷумаву баргардонӣ аз алифбои арабиасос ба хати кириллӣ ва хизматрасонӣ ба хонандагон тавассути феҳристҳои суннатӣ ва электронӣ, қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ мебошад.
Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба иборат аст:
– ба таври мунтазам ғанӣ гардонидани осори ниёгон, ташкил намудани намоишҳои нусхаҳои хаттии нав ба шуъба воридгардида;
– шинос намудани истифодабарандагон, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва муштариёни шуъба бо фарҳанги ғании тоҷикон ба воситаи нусхаҳои хаттӣ;
– таблиғи осору фарҳанги хаттии тоҷикон тавассути воситаи ахбори омма;
– таъмини иртибот бо китобхонаҳо ва марказҳои омӯзиши нусхаҳои хаттии дохиливу хориҷӣ;
– таҳия ва баргардон намудани китобу маводҳои илмӣ тибқи супориши роҳбарият ва дастрас намудани маълумоти шифоҳиву хаттӣ ба муштариёну меҳмонон, иҷро намудани дархости хонандагон;
– таҳияи «Феҳристи нусхаҳои хаттии Китобхонаи миллии Тоҷикистон»;
– тарҷумаву баргардон намудани китобҳо аз алифбои арабиасос ба хатти кириллӣ;
– коркард ва ба фонди шуъба ворид намудани китобҳое, ки ба шуъба ворид шуда;
– омода намудани баргаҳо барои китобҳои тоза ирсолгардида ва ҷо ба ҷо гузоштани онҳо ба феҳристҳои алифбоӣ;
– хизматрасонӣ ба хонандагон, қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ дар шуъба ва «Осорхонаи китоб» ва ғайра.
Реҷаи корӣ: аз соати 800 то 1700
Рӯзҳои корӣ: душанбе-ҷумъа
Сардори шуъба: Саидаҳтамов Фирдавс Абдушукурович
Телефон: 221-06-58