Шуъбаи депозитарӣ ва хонандаҳои он (ВИДЕО)
Шўҳрату шон ва шавкату шукўҳи китобхона ба хонанда зеб дорад ва ин хонанда аст, ки аз чароғҳои бинои китобхона дида, онро рўшантар менамояд. Дар воқеъ агар хонанда набуд, китобхона ҳам сохта намешуд ва нависандагону олимон ҳам китоб наменавиштанд.
Хонанда ва китобхона ду қувваи ба ҳам кумакрасонанд, яке маърифату донишро нисори хонанда мекунад, дигари махзани бою ғанидоштаи китобхонаро аз нестшавӣ ва фарсудагардӣ эмин нигоҳ медорад. Барои китобхона хонанда мисли ҷигар аст, агар он оҳиста-оҳиста ба нестӣ равад, фаношавӣ ва рехтагардии бинову меъмории он имкон дорад ва заволёбии махзани бою ғанӣ ҳам аз чашм дур нест.
Барои хонанда бошад китобхона мисли об аст, бе об ки ҳаёт вуҷуд надорад, гарчи бе китобхона ҳам мешавад зист, вале дар мушкилиҳову печидагиҳову сарсониҳо. Хонанда аз ин чашма ҳамеша дарёи маърифат месозад, кони хирад бунёд мекунад ва зиндагии шоистаро дармеёбад.
Имрўз бо чанда аз хонандагони шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ суҳбате доштем. Дар воқеъ инсони бомутолиа диду нигоҳи дигар дорад, маърифати гуфтор тамоман дигар аст, муносибат ва хулқу атвораш хоси онҳое, ки китоб намехонанд нест. Пай бурдам, ки оромии шуъбаи депозитарӣ ва умуман Китобхонаи миллӣ барояшон писанд будаасту маҳз барои ҳамин ба ин макон меомадаанд. Аз шароитҳову сатҳи хидматрасонии Китобхона хеле шод ҳастанд, ба қавлашон ҳар китобе, ки хоҳиши хондан пайдо мешавад, ин ҷо пайдо карданаш хеле осон будаст.
Дар шуъба хонандаи хурдакаке бо истифода аз китобҳои хурдаки шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ завқ мебурду худро дар олами китоби кўчак хеле бузург тасаввур мекард. Ҳатто гоҳ – гоҳ сафҳагардон мекарду механдид, дар вуҷудаш хоҳиши баланди китобхонӣ аллакай ҷўш мезад.
Шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ дар воқеъ китобҳои ҷолибу хонданӣ хеле зиёд дорад, гарчи аксаран таърихиву кўҳнашудаанд, вале омўзишашон барои ҳар муҳаққиқу илмомўз беманфиат нахоҳад буд.
Видеоролики дар зер гузошташуда, аз хонандаҳову хидматрасонӣ ба онҳо дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ дарак медиҳад.
Ба шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ биёед, рӯшноии он аз китобхонии шумост!
Идигул Нусратуллозода,
сардори шуъбаи депозитарии
Китобхонаи миллӣ.