“Шуъбаи депозитарӣ ва махзани арзишманди он”

Шуъбаи депозитарӣБо чунин ном ҳамкорамон Идигул Нусратуллозода китобе таҳия кард, ки ахиран бо қарори Шурои илмӣ-методии МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфт.

Муҳаррири китоб доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодимуҳаммад Суфизода буда, зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода чоп шудааст.

Муаллиф, ки худ сардори шуъбаи нигаҳдории депозитарии Китобхонаи миллист, аз бойгонии ин шуъба огоҳии комил дорад ва басо омӯхтаву таҳлил кардааст ва заҳамоташро дар шакли китоб рӯи чоп овардааст.

Дар оғоз муаллиф вожаи “депозитар”-ро бо истифода аз луғату навиштаҳои пажӯҳишгарон таҳлил кардааст ва чанд шарҳи онро бо такя ба манобеъи муътамад овардааст.

Сипас руҷуе доштааст ба “Китобҳои ҳаҷман хурд ва нақши онҳо дар тарғиби китобхонӣ”. Фактҳои басо ҷолибро дар ин боб мехонем. Аз ҷумла: Дар таърихи башар “Кодекси Гигас”-ро калонтарин китоби олам номидаанд, ки як маҷмуи қонунҳои дастнавишта дар аввали асри XIII мебошад. Аз рўйи маълумотҳои дардастдошта, ин китоб 92 сантиметр баландӣ ва 50 сантиметр дарозӣ дорад, ғафсиаш бошад 22 сантиметро ташкил намуда, вазнаш 75 килост. Дар ин радиф аз ҳисоби хурдтарин китоби олам “Хамелион”-и Антон Чеховро меноманд, ки он соли 1996 дар шаҳри Омски Русия чоп шудааст. Андозаи ин китоб 0,9×0,9 миллиметр буда, аз 30 саҳифаи ёздаҳсатрӣ ва се ранги ороишӣ иборат аст. Китоб ҳамагӣ 50 адад бо забони русӣ ва 50 нусхаи дигар бо забони инглисӣ чоп шудааст.

Ё худ: Бо гузашти чанд сол, яъне соли 2013 хабари дигар паҳн шуд, ки дар Ҷопон хурдтарин китоби олам, ки муддаии китоби рекордҳои Гиннес мебошад, чоп шудааст ва он якҷо бо заррабин 305 доллар фурӯхта мешавад. Дарозии саҳифаҳои он 0,75 миллиметр аст. Онро наметавон бидуни пурбин бо чашмони одӣ ва ҳатто айнак мутолиа кард. Аз ин рӯ, ноширон барояш заррабини махсус сохтаанд. Китоб “Гулҳо барои ҳар фасл” ном дорад ва дар 22 саҳифа тавонистаанд тасвири сиёҳу сафед ва рангаи гулҳоеро, ки дар Ҷопон мерӯянд, интишор диҳанд. Андозаи ҳарфҳои онро 0,01 миллиметр гуфтаанд. Китобро нашриёти Toppan Printing чоп кардааст, ки гуфта мешавад аз соли 1964 саргарми интишори китобҳои хурдтарин аст.

Китоби “Шуъбаи депозитарӣ ва махзани арзишманди он” дар бораи китобҳои депозитарӣ дар бойгонии Китобхонаи миллӣ маълумотҳои муфассал ва пурарзише медиҳад.

Чопи чунин китобро ба ҳамагон, бахусус ба муаллифи он Идигул Нусратуллозода муборак мегӯем. Умедворем ин қадами аввал дар пажӯҳиши осори депозитарӣ дар Китобхонаи миллӣ бошад ва таҳқиқотҳои арзишмандтаре дар роҳ бошанд.