Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ
Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ фаъолияти худро аз соли 1938 оғоз намуда, то ин ҷониб мақсади ниҳоии он ташкили хизматрасонии маълумотӣ, иттилоотӣ ва тавсиявии библиографӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Истифодаи махзани (фонд)-и шуъба барои истифодабарандагон озод буда, дорои 10502 ҳазор маълумотномаҳо, донишномаҳо, луғатҳо ва тавсияи библиографӣ бо забони русӣ доир ба тамоми соҳаҳои дониш мебошад.
Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба иборат аст:
– ташкил, ҳифз, таъмини нигоҳдории фонди маълумотдиҳию библиографӣ ва пешниҳоди он ба истифодабарандагон;
– бунёди Дастгоҳи маълумотӣ-библиографии чопӣ ва электронӣ;
– бо дарназардошти талаботи истифодабарандагон таҳия ва пешниҳоди маълумотномаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ;
– қонеъ гардонидани талаботи библиографии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ дар китобхона;
– ҳуҷҷатҳои кӯҳнашуда, фарсудашуда, осебдида, иллатдоштаро барои муқовабандӣ ва барқарорнамоӣ пешниҳод намудан ба шуъбаи дахлдор;
– таъмини талаботҳои маълумотӣ, иттилоотӣ ва тавсиявӣ-библиографии хонандагони муқимӣ ва маҷозии китобхона;
– такмили фонди шуъба бо нашрҳои маълумотдиҳандаю библиографӣ ва пешниҳоди он ба истифодабарандагон;
– расонидани ёрии амалию методӣ ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва шуъбаҳои китобхона дар ташкили фаъолияти хизматрасонии библиографӣ;
Реҷаи корӣ: аз 800 то 1700
Сардори шуъба: Забирова Зуҳро Захфаровна
Телефон: 221-06-45