Шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар се моҳ мизбони 14 ҳазору 344 хонанда буд
Дар се моҳи соли 2024 шуъбаи хизматарсонӣ ба истифодабарандагон аз ҳузури гарми 14344 нафар пазироӣ карда, ба онҳо тибқи дархосташон 15886 нусха адабиёт пешниҳод кардааст. Дар ин бора сардори шуъбаи ёдшуда Зумратбӣ Имомова иброз дошт.
Вай аз ҷумла гуфт ба толорҳои хониши шуъба давоми се моҳ 19 ҳазору 921 хонанда муроҷиат намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1834 нафар зиёд аст.
Бояд гуфт бештари хонандагони Китобхонаи миллиро донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон , Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ташкил медоданд.
Зумратбӣ Имомова ҳамчунин афзуд, ки то ба имрӯз сафи аъзои Китобхонаи миллӣ ба 274 ҳазору 754 нафар расидааст. Дар семоҳаи аввали соли равон 2046 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон аз як бахш ва толорҳои хониши тиб ва табиатшиносӣ, ҳуқуқ ва фалсафа, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иборат аст.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.