Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфили навбатии “Фурӯғ”-ро дар зодгоҳи устод Турсунзода баргузор кард

Маҳфили адабии “Фурӯғ”- и шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии  телевизиони кӯдакону наврасони “Баҳористон” ин ҳафта дар деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

Мавзуи барномаи имрӯз достони “Ҳасани аробакаш“- и устод Мирзо Турсунзода буд. Дар зодгоҳи адиб баргузор шудани озмуни “Фурӯғ” рамзист, зеро бо ин баҳона кӯдакону наврасон бо табиати нотакрору афсонавӣ ва мардумони меҳмондӯсту донишманди як минтақаи кишвар, ҳамчунин вижагиҳои деҳае, ки ба миллат қаҳрамон додааст, ошноии бештар пайдо хоҳанд кард.

Дар роҳ ба сӯи деҳаи Қаратоғ кӯдакон ва наврасон хушҳолии беандоза доштанд, яке шеърҳои устод Мирзо Турсунзодаро, ки аз ёд кардааст, такрор мекард, дуюмӣ доир ба асарҳои дигари  Қаҳрамони Тоҷикистон, соли навишта шудани он, таърихи пайдоиш ва филмҳое, ки аз рӯи осори ин шоири тавонои миллат сохта шудааст, баҳс мекард. Кӯдакони дигаре аз ҳамсафарони мо ба мутолиаи китобҳо пардохтанд, ки боиси хушҳоливу ситоиш аст, чун анъанаи китобхонӣ дар миёни насли нав аз байн рафтан дорад.

Шодии насли навраси кишвар аз он буд, ки аксари онҳо бори аввал ба як минтақаи берун аз пойтахт сафар намудаанд. Баъзе аз бачаҳое, ки дар мошин бо мо ҳамроҳ буданд, аз ҷумла Тиллои Худодод ва Шириншоҳ Худододов аз деҳаи Ғудараи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Гурдофариду Файзигул хоҳарон хонандаҳои синфи 5 ва 7- и мактаби рақами 53- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бори аввал ба деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода омаданд.

Дар ин сафар ҳодисаҳои хушу хотирмон хеле зиёд буд, аз ҷумла сурудхонӣ аз рӯи ашъори шоири миллат, рақсидан ба ҳавои таронаҳо аз ашъори устод, латифагӯӣ, аксбардориву видео гирифтани гӯшаҳои диданиву хушобуҳаво ва таърихии Қаратоғ, бештар шинохтани ҳамдигар лаззати нотакрор дошт.

Наврасон барои ширкат дар ин маҳфил омодагии хуб дидаанд. Достонҳову дигар асарҳои Шоири халқии Тоҷикистонро хуб хондаву таҳлил намуданд. Ин сафари баёдмонданиро адаби маъруфи кӯдакон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Азизи Азиз бо нақл кардани латифаву ҳикояҳои ҳазломез ва луқмапартоиҳову ҳозҳирҷавобиаш боз ҳам шавқовартару дилангез намуд.

Чунин имкон ба аъзоёни фаъоли шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бори аввал нест. Қаблан низ ин шӯъба маҳфили “Фурӯғ”- ро дар вилояти Суғд баргузор карда буд.

Соли гузашта низ маҳфили дигари ин шуъба бо номи “Дар суҳбати адиб” дар ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Сафеддара”- и ноҳияи Варзоб бо ширкати адиби шинохта Сироҷиддин Икромӣ дилнишину ҷолиб баргузор шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки барномаи навбатии “Фурӯғ” бо ширкати хонандагони мактабҳои миёнаи пойтахт ва шаҳру навоҳии кишвар, ки иштирокдорони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошанд, баргузор мегардад.

Гардонандаи маҳфили имрӯзаи “Фурӯғ” низ Азизи Азиз буд.

Раҳима Аъзам, бахши матлубот ва робита бо ҷомеа.