Шуъбаи нигоҳдории депозиторӣ

Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ 1-уми январи соли 1977 таъсис ёфта, дар он маҷмӯи нашрияҳои ватанӣ-хориҷӣ то инқилоби Октябр чопшударо, ки ба забони русӣ ва тоҷикӣ мебошанд, дар бар мегирад. Ҳамчунин, дар бойгонии шуъба китобҳои нодир, матбуоти даврии тоинқилобӣ, китобҳои андозаашон хурду калон ва варақаҳои изографӣ нигоҳдошта мешаванд.

Вазифаҳои асосии шуъба:

– хизматрасонӣ ба хонандагон мебошад;

– шуъба ба таври илмии асоснок ташаккули фонди ёрирасон ва кушодани таркибу мундариҷаи онро ба роҳмонда, нигаҳдорандаи ҳуҷҷатҳоро таъмин мекунад;

– хадамоти китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотии таъҷилии истифодабарандагони китобхонаро бо ҳуҷҷатҳо амалӣ месозад;

– ба таъмини ҳифзу нигаҳдории фонди депозитарӣ кафолат медиҳад;

– ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ оид ба масоили нигаҳдории депозитарӣ, созмондиҳӣ ва истифодаи чунин фондҳо ёрии амалию методӣ мерасонад;

– тарғиби фонди депозитариро ба воситаи шаклҳои гуногун ва услубҳои кори китобдорӣ ба роҳ мемонад.

Фаъолияти дохилии шуъба аз чунин самтҳо иборат аст:

Ҳамаи китобу нашрияҳои фонд бидуни муҳлат нигаҳдорӣ мешаванд ва тамоми чораҳо баҳри муҳофизати он андешида шудаанд. Баҳисобгирӣ ва тафтиши фонди китобӣ тавассути дастурамали сабти номи фонд амалӣ мегардад. Инчунин тавассути шуъбаи абонементи байни китобхонавӣ, нашрияҳое, ки аз ду нусха иборатанд, ба мутахассисон, олимон ва адибон дода мешаванд.

 
Реҷаи корӣ:                                                                          аз 800  то 1700
Рӯзҳои корӣ:                                                                        душанбе – ҷумъа
Сардори шуъба:                                                                  Каримова Наботбегим Бандишоевна 
Телефон:                                                                               935059899