Шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ

Шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ моҳи апрели соли 2012 таъсис ёфта, Низомномаи шуъба бо фармоиши директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 06.08.2012, №409 тасдиқ шудааст.

Шуъбаи мазкур яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, мақсади ниҳоии он ҳифзу нигоҳдорӣ ва барои истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани хазинаи (фонди) рисолаҳо мебошад.

Вазифаҳои шуъба:

– қонеъгардонии дархостҳои муштариёни китобхона ба рисолаҳо тавассути толорҳои хониш, абонементи байни китобхонавӣ;

– мукаммалсозии фонд ва пуррагардонии он;

– ташкил, нигоҳдорӣ, ҳифз ва истифодабарии фонди ягонаи рисолаҳо, коркарди илмии истифодаи фонди рисолаҳо, ҳамоҳангсозии масъалаҳои нигоҳдории фонди рисолаҳо бо дигар китобхонаҳо – марказҳои соҳавию методии ҷумҳуриявӣ;

– таҳқиқи истифодабарии рисолаҳо аз ҷониби муштариён.

Дар назди шуъба фонди рисолаҳо ва авторефератҳо мавҷуд буда, ҳамчунин ду толор амал мекунад: «Толори кормандони илм», «Толори академикон ва докторони илм». «Толори академикон ва докторони илм» аз ҳисоби фонди шахсии китобии академикон М. Шакурӣ, Т. Назаров, Р. Мусулмониён, Ф. Тоҳиров, А. Мухторов, Р. Амонов, Б.Исматов, С. Раҳимзода, Г. Отахонова, М. Маҳмудзода  ва М. Боголюбова фаъолият мекунад.

Айни ҳол фонди мазкур зиёда аз 23000 нусха адабиётро дар бар мегирад.

Дар давоми як моҳ ба ҳисоби миёна аз ин толор аз 550 то 650 нафар, аз ҷумла, докторону номзадони илм, аспирантону унвонҷӯён, магистрантҳову доктор пейҷди (PhD) ва донишҷӯёну хонандагони мактабҳо истифода мебаранд, ки ба теъдоди аз 550 то 750 нусха адабиёт дархост мегардад ва дар баробари он муштариёни толор аз 350 то 450 нафар тавассути интернет маводи лозимаро пайгирӣ менамоянд.

 

Реҷаи корӣ:                                                                   аз соати  800  то 2000

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе:                                       аз соати  800  то 1900

Сардори шуъба                                                            Ҷӯраева Бибираъно Минтуллоевна

Телефон:                                                                        221-06-59