Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ
Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ аз соли 2012 дар Китобхонаи миллӣ фаъолият менамояд.
Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба иборат аст:
– мутобиқсозии корҳои оммавии шуъбаҳои китобхона ва тартиб додани нақшаҳои маҷмӯии чорабиниҳои оммавии китобхона ва иҷроиши онҳо;
– мунтазам пешниҳод намудани иттилооти таъҷилӣ ба истифодабарандагон оиди адабиёти нави ба китобхона дохилшуда, тавассути ташкили намоишҳои доимамалкунанда;
– иттилоот ба истифодабарандагон дар бораи таркиб ва мундариҷаи хазина оид ба ҳамаи соҳаҳои дониш тавассути ташкили намоишҳои мавзуӣ оид ба масъалаҳои муҳим ва руйдодҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, хоҷагии халқ ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ташкили намоишҳо бахшида ба санаҳои муҳими тақвимӣ;
– аз назаргузаронии адабиёту нашрияҳои даврӣ ва сарчашмаҳо оид ба соҳаҳои гуногуни дониш дар якҷоягӣ бо дигар шуъбаҳои китобхона; созмондиҳии чорабиниҳои оммавӣ (шабҳои адабӣ ва мусиқӣ, конфронсу семинарҳо, лексию мулоқотҳо ва муаррифии китобҳои нав) дар якҷоягӣ бо дигар шуъбаҳои китобхона;
– гузаронидани саёҳат дар Китобхона бо меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ.
Реҷаи корӣ: аз соати 800 то 1700
Рӯзҳои корӣ: душанбе-ҷумъа
Сардори шуъба: Каримова Сайёра Мирзомуддиновна
Телефон: 221-01-75