Шукри обат, шукри хокат, Тоҷикистон

Ба ифтихор мегўям, ки яке аз сарватҳои асосии кишвари Тоҷикистон захираҳои обии он мебошад. Дар марзи кишвари биҳиштосои мо бештар аз 947 дарёҳои бузургу кўчак вуҷуд доранду захираи обҳои зеризаминӣ 60 миллион мукаабметрро ташкил медиҳад. Аз ин рў Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои нерўи об дар собиқ ИҶШС баъд аз Федератсияи Русия меистад. Сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти муҳими ҳаётии об, истифодаи оқилона ва мавқеи калони оби ошомиданиро дар ҳаёти мардуми на танҳо кишвари худ, балки саросари ҷаҳон ба эътирбор гирифта, пешниҳод намуд, ки соли 2003 – соли байналхалқии оби тоза  эълон карда шавад.

Ин иқдом нишонаи бузургӣ, хирад ва дурбинию дурандешагии сарвари ҷонсўзу хайрхоҳи давлатамон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки масъалаҳои мураккаби дохилӣ ва байналмилалиро дарк намуда, оиди ҳалли онҳо кўшиш ба харҷ дода истодааст.

Обҳои нўшокии Тоҷикистон хеле фаровонанд. Ҳарчанд, ки бо сабабҳои мухталиф дар баъзе минтақаҳои кишвар танқисии об ҳис карда мешавад, аммо мутахассисон муқаррар кардаанд, ки 80 дарсади обе, ки дар мамлакат сарф мешавад, ба саҳроҳои кишоварзӣ рост меояд. Таҳлили онҳо нишон дод, ки истифодаи об дар Осиёи Марказӣ нисбат ба кишварҳои дигари ҷаҳон зиёд аст.

Дар аксари шаҳрҳои калони ҷаҳон ба як кас то 150 литр об сарф мешавад, дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ то 400-500 литр ва бештар аз он об сарф мешавад ва баъзан истифодаи солонаи об сари ҳар фард то 300, 1000, ҳатто 4000 метри кубӣ расидааст. Хусусан барои обёрӣ дар соҳаи кишовархзӣ сарфи об зиёд аст.

Лекин аз нигоҳи сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим он аст, ки оби тоза ва умуман захираҳои обии диёрамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, истифодаи оқилонаю бонизоми он ва меъёрҳои муқаррарии стандарти ҷаҳониро қатъиян риоя намоем, онҳо қоидаи ҳаётамон гарданд.

Ҳангоми ба миён гузоштани проблемаи мазкур сарвари давлатамон на танҳо манфиати кишвари моро дар назар дошт, балки ў ба ин масъала бо нигоҳи фарохи муносибат карданро таъкид намуд ва иброз дошт, ки об сарвати худодод аст, аммо ба манфиати тамоми инсоният истифода бурдани он, даҳсолаҳо ва садсолаҳои минбаъдаро ба эътибор гирифтан вазифаи шаҳрвандии инсони соҳибақл мебошад, зеро насли имрўз, яъне ҳамаи мо дар пеши насли оянда қарздор ҳастем, ки ин сарвати бебаҳоро эҳтиёт кунем ва барои онҳо низ поку беолоиш вогузорем. Ин кори басо душвор ва умумиинсонӣ аз кулли сарварони давлатҳо муносибати пурмасъулиятро тақозо дорад.

Масъалаи оби тоза ба кулли масоили дигари давлатӣ ва умумиҷаҳонӣ равобити қавӣ низ доштааст. Чунончи ин муаммо ҳам ба масъалаи саломатии инсонияту вазъи экологӣ, ҳифзи табиат, ҳам ба фаровонии ҳосили зироатҳою тараққиёти минбаъдаи давлатҳо ва ниҳоят ба осудагии одамон дахлдор мебошад. Аммо баъзе давлатҳои ҳамсоя инро дуруст ва амиқ дарк накарда, дар аввал гумон карданд, ки чунин масъаларо бардоштани сарвари давлати ҷавони Тоҷикистон кўшиши ба тарафи худ кашидани таваҷҷўҳи мамлакатҳои дигар ва сармоядорони хориҷӣ мебошад.

Албатта, ин фикр барғалат буд. Зеро сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастан ба сиёсати ҳамзистии осоиштаи давлатҳои муттараққии ҷаҳон аст, яъне сиёсати давлати мо мубрамтарин масъалаҳои умумиҷаҳониро фаро мегирад, ки мисоли равшанро дар боло зикр намудем.

Аз он рўзе, ки тамоми мардуми бофарҳанги дунё иқдоми неки Президенти Тоҷикистонро дастгирӣ карда, соли оби тоза эълон гардидани соли 2003-ро якдилона пазируфтанд ва то соли 2015 амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон гардид, дар кишвари мо корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Танҳо ҳаминро бояд қайд кард, ки дар даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол даштҳои асрҳои аср бекорхобидаи зиёде обшор гардиданд ва заминҳои нав ба кор даромаданд, деҳаҳо ва шаҳракҳо бунёд ёфтанд, ки дар онҳо каналу наҳрҳо ва ҷўйҳои нав кофта, ба истифода дода шуданд ва ҳар якашон номҳои ба худ хос доранд.

Ободию бунёдкориҳо сабаби ба вуҷуд омадани боҳои нав, токзорону ғаллазорон гардид. Оби ҷонбахш ба ҳар як минтақаи кишвар ҳаёт овард, даҳҳо деҳаҳои нав, ҳазорон ҳавлию биноҳои  истиқоматӣ чун нишони зиндагии хуррами мардум барои насли оянда намунаи фатҳу кушоишҳо шуданд. Вақте ки бо оби дарёи Сир садҳо ҳазор гектар заминро шодоб карданд, даҳҳо ноҳияҳои нав ташкил шуд ва муаммои баҳри Арал ба миён омад.

Ин дам бо ташаббус ва машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки нав давлатҳои соҳибистиқлол шуда буданд, созмони байналхалқии «Наҷоти Арал» ташкил ёфт ва ба он олимони кишварҳои ҳамсоя шомил шуданд.

Дар он ҷамъомади бануфуз сарвари давлати тоҷикон муҳим будани ҳалли масъалаҳои ба муаммои Арал марбутро махсус таъкид карда, таклифҳои мушахас ба миён гузошта буд.

Дар ин анҷуман, оид ба минбаъд эътибори махсус додан ба резиши об ба ҳавзи Арал, самаранок истифода бурдани рӯдҳо ва дарёҳо, обҳои зеризаминӣ, таъсири муаммоҳои об ба вазъи экологии минтақаи Осиёи Марказӣ қарор қабул шуд, ки муҳимтарин ҳуҷҷати анҷуман маҳсуб мешуд. Вале бархе аз расонаҳо менависанд, ки гўё сохтмони неругоҳҳои ҳавзаҳои Вахшу Зарафшон зарари экологии зиёде ба мамлакати онҳо ворид мекарда бошад, кас ба ин фарёдкашиҳои расонаҳо дар ҳайрат меафтад, вақте ки тарҳи неругоҳҳои Нораку Роғунро мутахассисони паҷўҳишгоҳи маъруфи шаҳри Тошканд таҳия карда, ба он олимони зиёде аз саросари собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ҷалб ва дар он тамоми хатарҳои геологиву экологӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ба инобат гирифта шудаанд. Неругоҳҳои Роғун ва Норак якхела шароити иқлимию биологӣ доранд. Шакл ва шеваи сохту сози сарбанди Роғун монанди сарбанди Норак мебошад.

Баландии сарбанди Норак 300 метр аст ва дар обанбори Роғун 13,4 миллиард метри муккаб об ҷойгир хоҳад шуд.

Борҳо сарвари давлати мо изҳор намуданд, ки ба ҳамсояҳоямон, ки дар поёноби Ому умр ба сар мебаранд, бо бунёди нерўгоҳи Роғун осебе ворид нахоҳад шуд. Миқдори об тайи солҳои сохтмон ва пуркунии обанбор коҳиш нахоҳад ёфт. Ва ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало возеҳу равшан омадааст.

Вобаста ба мавзўъи истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат мехоҳам, таъкид намоям, ки сохтмони обанборҳо дар кишварҳои болооб фақат ба манфиати ин кишварҳо нест. Обанборҳо захираҳои обро кам намекунанд, баръакс онро нигоҳ медоранд.

Имрўз ҳама медонанд, ки 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистон аз кўҳҳо иборат аст ва кишвари мо дар маҷмўъ 7 – 8 дарсади захираҳои оби худро истифода мебараду халос.

Аз ин нуқтаи назар, мо обанборро чи дар ҳавзаи дарёи Зарафшон на ба хотири манфиати ирригатсионии худамон, балки пеш аз ҳама барои истеҳсоли неруи барқ ва дар айни замон ба нафъи кишварҳои поёноб бунёд менамоем. Замони шўравӣ ҳангоми таҳияи нақшаи обёрии заминҳои пахта, ки дар минтақа зироати ягонаи стратегӣ ба ҳисоб мерафт, барои бо об таъмин кардани кишварҳои поёноб бунёди обанборҳо дар кишварҳои болооб пешбинӣ карда мешуд.

Ба хотири ин, ки масъала бештар равшан шавад, ман аз чанд рақам ёдовар мешавам: баъди анҷом ёфтани сохтмони обанборҳои Қайроққум ва Норак дар кишварҳои поёноб зиёда аз як миллион гектар заминҳои нав обёрӣ ва дар минтақа ҳолати мелиоративии ду миллион гектар замин беҳтар карда шуд. Ва ин ҷо сарвари давлат бо самимият мегўянд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ вазъият ташаббускори татбиқи обию энергетикӣ бар зарари ҳамсояҳои худ нест.

Гузашта аз ин дар раванди татбиқи сиёсати энергетикии давлати худ мо, мардуми кишвар, бояд як принсипи ҳаётан муҳимро ҳамеша дар назар дошта бошем, ки бунёди неругоҳҳои обии барқӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар имрўз ба масъалаи ҳаёт ва мамоти давлати тоҷикон табдил ёфтааст. Аз ин рў мо вазифадорем, ки ин ҳадафи стратегиро дар солҳои наздиктарин бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҳатман таъмин намоем…

Масъалаи муҳиме, ки назди мо меистад, аслан эҳтиёт кардани оби ошомиданист. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон низ танҳо ба ин роҳ равон карда мешавад.

Олими амрикоӣ Ҳамонд ҳисоб кардааст, ки афзоиши инсон дар як сол дар кураи замин 60 миллион нафарро ташкил дода, дар рафти тараққиёти саноат ва истеҳсолоти кишоварзӣ зиёдшавии талаботи ҳарсолаи башар ба оби ошомиданӣ қариб ба 10 сарфи миёнаи солонаи оби яке аз дарёҳои калонтарини дунё Колорадо баробар аст.

Дар сайёраи мо теъдоди аҳолӣ соли 2015 ба 8 миллиард, соли 2025 ба 8 миллиарду 500 миллион, соли 2035 зиёда аз 10 миллиард ва соли 2055 ба 13 миллиард нафар хоҳад расид. Аҳолии ин қисми минтақаҳои курраи замин мўҳтоҷи оби ошомиданианд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оби ошомиданӣ ба қадри кифоя мавҷуд аст, вале бояд дар назар дошт, ки захираҳои он беохир нест. Онро бояд оқилона, ғамхорона ва бо тарзи эҳтиромона бо шукргузори аз тақдири миллат истифода бояд бурд…

Манбаъ: “Адолатпаноҳ”, Хуҷанд, 2012
Муаллиф: Муҳаммад Субҳон

Таҳияи Дилрабо Салимова
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ