Шукронаи Зафар: Омӯзиши таърих танҳо барои гузашта нест…
Истеъдодҳои нав, идеяҳои тоза ва ҷаҳонбинии амиқ дар довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”. Онҳо китобҳои сарнавиштсоз ва ояндасозро мутолиа мекунанд. Қадамҳои устувор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушду такомули тамоми соҳаҳои ҷамъиятиро зина ба зина аз худ карда, барои ояндаи миллату давлат гомҳои устувор мегузоранд.
Донишҷӯи курси дуюми Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Шукронаи Зафар бо баромад ва тарзи суханронию дарки баланди худ доварон ва ҳозирини дар ҳайрат гузошт. Шукрона 23 асари Пешвои миллатро ба пуррагӣ мутолиа кардааст ва бо боварию амиқ ба суолҳои ҳакамон посух мегӯяд.
“Тамоми китобҳои Пешвои миллатро дар шакли чопӣ мутолиа кардаам. Барои дастрасии китобҳо роҳбарияти Коллеҷ ва устодам Фатҳулло Тошов дастгириам карданд. Вақте аз баргузории озмуни мазкур огоҳӣ пайдо кардам, хостам худро санҷам. Ва ин аз доираи интизороти ман берун рафт. Ман аз мутолиаи китобҳои Пешвои миллат ҷаҳони маънӣ бардоштам. Хонанда баъди хондани китобҳои Пешвои миллат аз ҷумла “Тоҷикон дар оинаи таърих” (Аз Ориён то Сомониён) дарк месозад,ки мо кистем аз куҷоем ва решаи мо аз куҷо сабзидааст”. Китобҳои “Уфуқҳои истиқлол” ва “Чеҳраҳои мондагор”-ро ҳатман бояд мутолиа кард, чунки омӯзиши таърих танҳо барои гузашта нест, мо бояд таърихро омӯзем ва дурнамои ояндаи худро созем”- мегӯяд ин довталаб.
Шукрона ҳамчунин аз рафти омодагиаш ба Озмун нақл кард. Бисёр қисматҳои китобҳои Озмун ҷанбаи сиёсӣ доранд ва онҳоро бояд ҷиддӣ мутолиа кард ва ҳадафи муаллифро дуруст дарк намуд. Аз ҳамин лиҳоз ман қисматҳои асосии асрҳоро дар давтари алоҳида қайд карда, бо устодам сари он мавзуҳо суолу ҷавоб мекардам.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, умед калон дорам, ки муваффақ мегардам. Аммо агар соҳиби ҷоиза ҳам нашавам, ман худро мағлуб намеҳисобам,чун бисёр чизҳоро аз озмун ба озмун омӯхтам.
Ба Шукронаи ва дигар иштирокдорон барор мехоҳем.
Наргис Назарзода,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа