Шумораи чоруми “Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон” чоп шуд
Дар пешгуфтори нашри чоруми “Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон” мехонем: Мероси фарҳангӣ – маҷмӯи арзишҳо, анъанаҳо, касбу ҳунарҳо, ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ ва табиӣ, инчунин донишу таҷрибаҳое мебошад, ки аз насл ба насл интиқол ёфта, худшиносии миллиро миёни мардум бедор месозад. Мероси фарҳангӣ маҷмӯи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ буда, дар ҳифз ва густариши ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ, табиӣ ва донишу анъанаҳои суннатии зиндаи мардум нақши муҳим мебозад. Ҳифз ва рушди фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ имкон медиҳад, ки ҷомеа иртиботи худро бо гузашта тақвият дода, анъанаҳоро дар шакли мутобиқ бо замони муосир ба оянда интиқол диҳад. Ин раванд на танҳо ҳувияти фарҳангиро устувор месозад, балки имкони рушди фарҳангиро низ фароҳам месозад.
Ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ, табиӣ ва мавзеъҳои муқаддаси Тоҷикистон то имрӯз ҳамчун маконҳои махсуси ҷамъиятӣ миёни мардум эътироф гардида, бо мардум, робитаи зич доранд. Ходимони илмии ПИТФИ омӯзиши навъҳои ёдгориҳои таърихӣ – табиӣ ва мавзеъҳои муқаддас дар кишварро аз рӯйи нақшаҳои илмӣ ба роҳ монда, дар тули сол кӯлҳо ва чашмаҳо, кӯҳу қуллаҳо, дарахтони муқаддас, қалъаҳо, мазору остонҳо, гиёҳҳои табобативу муқаддас тавассути экспедитсияҳо мавриди пажӯҳиш қарор доданд.
Ходимони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз рӯи лоиҳаи «Таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддии марбут ба ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ, табиӣ ва мавзеъҳои муқаддаси Тоҷикистон» (2021 – 2025) ва «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлол» (2021 – 2025) пажӯҳиши бахшҳои гуногунҷанбҳаи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддиро ба роҳ монда, дар ин самт то имрӯз як қатор экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносиро ба шаҳру ноҳияҳои кишвар анҷом доданд. Олимони ПИТФИ дар экспедитсияҳо бештар методҳои пажӯҳишии мусоҳиба, мушоҳида, пур кардани саволнома ва усулҳои техникии сабти видео, аудио ва аксбардориро ба кор мебаранд. Маводи гирдовардаи онҳо баъд аз коркард ва истифода дар бойгонии Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот нигаҳдорӣ мешаванд. Дар асоси маводи тозаи аз экспедитсияҳои мазкур ба даст омада Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ такмил меёбад.
Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар баробари анҷом додани таҳқиқотҳои илмӣ дар мавзуъҳои муҳими соҳаи фарҳанг, инчунин дар шакли силсилакитоб интишор кардани натиҷаҳои экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии ходимони илмиро низ ба роҳ мондааст. Ин китоб шумораи чоруми «Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон» ба ҳисоб рафта, идомаи китобҳои солҳои пешин мебошад. Илова бар ин ходимони илмӣ барои такмилу иловаи унсурҳои нав ба Фонди Маркази мероси фарҳангии тоҷикон аз рӯи бахшҳои Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ маводи заруриро гирдоварӣ менамоянд.
Китоби чоруми «Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон»-ро метавон дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кард.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд