Силоҳ-номуси сарбоз

СарбозНизомиён, ҳарбиён ва ҷанговарон бо пайдоиши нахуст-давлатҳо, сохтори идорӣ ва муҳофизатӣ ба вуҷуд омад. Дар ибтидо тамоми мардони авлоду қавм, ки аз санҷиши ҷасорат мегузаштанд, дар дифои хонавода, авлод ва манфиатҳо саҳм мегирифтанд. Дар ҷанг ва тороҷи  манзилҳои дигар ширкат мекарданд.

Дар он давра олот, ё василаи ҷанг вуҷуд дошт, вале такмил наёфта буд. Ба тадриҷ на танҳо размоварон ҳамчун тоифаи хоса шакл гирифтанд, балки сару либоси ҳарбиён ва афзори ҷангӣ комил шуд. Ба қавли Фирдавсӣ котузиён буданд, ки имтиёз доштанд ва ба вазифаву масъулияти хоса ҷамъиятро рангу бори дигар доданд. Бино бо нишондоди ў нахуст силоҳи ҳарб ва муҳофизатӣ (ҷавшан, кулоҳхуд) дар даврони Ҷамшед ба вуҷуд омадааст.

Ҳифзи марз ва хонавода, шикор олоти ҷангиро тақвият дод. Аз ин пас воситаҳои тирандозӣ пайдо шуданд. Дар осори Тахти Ҷамшед (Эрон), Тахти Сангин (н.Қубодиён), Саксанохур (н.Фархор), сиккаҳои давронҳои гуногун ва дигар бозёфтҳо ин нуқта тақвият  меёбанд. Дар осори Тахти Сангин (н.Қубодиён) пўшиши аскарони Ҳахоманишӣ, бохтарӣ, мақдунӣ дар лавҳаҳои хоса, ғилофи акинак (ханҷари бохтарӣ) ва ҳайкалчаҳои бохтарию юнонӣ ба мушоҳида мерасанд.

Дар  осори Тахти Ҷамшед (Эрон) либосу силоҳи ҷанговарони  модӣ, бохтарӣ, пактиё, форсӣ ва ғайра возеҳу равшананд. Пироҳанҳои доманкутоҳи чармин, зиреҳдор, кулоҳхуд, ханҷар, найза, шамшер, гурз ва ғайраро метавон вохўрд.

Бо шакл гирифтани лашкари савора чарму зиреҳи муҳофизати барои асп, шамшеру шофҳои дароздаста, найза ва тозиёна ба вуҷуд омаданд.

Яқин мешавад, ки силоҳи ҷанговарон корд, ханҷар, шамшер, найза, тиру камон, гурз, сипар ва ғайра хеле муҳим буда, хосиятҳои қудсиро мегиранд. Зеро онҳо ҳам нерўи  ҷанговарро қавӣ мекунанд ва аз душман муҳофизат менамоянд. Аз он ҷудо шудан, ё аз даст додани силоҳ баробари бешарафӣ, беномусӣ ва беэҳтиромӣ ба масъулият буд.

Таърих шамшеру корду ханҷар ва камони шоҳонро ёд дорад, ки бо тилло, нуқра ва сангҳои гаронарзиш ороишу зиннат ёфта буданд. Ин аз устувории давлат, шоҳ ва бойгарии кишвар дарак медод. Василаҳои ҷангӣ пас аз бисёр набардҳо ба размоварони номӣ, диловар ва шуҷоъ ҳадя мешуданд, ки баробари боло бурдани рутба буд. Ин амал дар асрҳои пасин низ ривоз дошт, ки шахсони алоҳида дар баробари ордену медал бо яроққои ҷангӣ сарфароз мегаштанд. Вазифаи асосии ҷанговар ва сарбоз ҳифзи номуси худ, яъне нигоҳдории василаи корномаҳояш ба шумор меравад.

Дар «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ, ки қомуси илми ҳарбӣ низ ҳаст, дар ин  хусус андешаи поядор ва устувор ба назар мерасад. Дар достони «Кайхусрав» пояи силоҳу силоҳдоронро хеле баланд мегузорад. Дар разми фоҷиабор эрониён аз турониён шикаст хўрданд. Чун ба қароргоҳ баргаштанд. Баҳром дарёфт, ки тозиёнаро дар набаргоҳ аз даст додааст. Субҳ маъюс ба назди падар Гударз омад ва аз хусуси гум шудани тозиёнааш гуфт: Ҷойи нанг аст, ки тозиёнаро сипаҳдори туркон ба даст бигирад, ки «набишта бар он чарм номи  ман аст».

Биравам, ҳарчанд хавфнок аст, тозиёна бозоварам, варна номам ба хоки раҳ баробар хоҳад шуд. Падар ўро аз райъаш гардонданӣ буд, Баҳром якравӣ кард ва ваъда дод, ки зеботарин тозиёнаашро, ки Фарангис аз хазина тақдимаш намудааст ба ў хоҳад бахшид.

Яке дастаро симу зарандар аст,

Ду даста  ба хушшоб пургавҳар аст.

Баҳром гўш накард. Силоҳи ҷангиро номус ва гум шуданашро нанг донист. Дар ин сурат Гев ваъда дод, ки тозиёнаи ба ў бахшидаи Ковусшоҳро ба Баҳром хоҳад дод.

Яке низ бахшид Ковусшоҳ,

Зи гавҳар ба сони фурўзанда моҳ.

Дигар  панҷ дорам ҳама зарнигор,

Бар ў бофта гавҳари шоҳвар.

Ҳамин тавр Гев ба Баҳром ҳафт тозиёна бахшид. Баҳром напазируфт. Ў далел овард, ки ҳамакнун номусу номам бо он ҷуфт шуда ё ҷон медиҳам ё тозиёна  бармегардонам.

Ин гуфт ва ба размгоҳ асп ронд. Куштагони майдон қалбашро реш мекарданд. Ҷавонони навхат ва мардони размовар, шамшерзанону найзагузорон оғуштаи хоку хун мехобиданд:

Саросар ҳама дашт пуркушта буд,

Замин чун гули арғувон гашта буд.

Дар миён ба буйи модиён аспи Баҳром аз гом бардоштан монд, пиёда шуд. Чун турониён бидиданд, ки Баҳром савор нест, барои асораташ кўшиш карданд. Баҳроми диловар ҳамлаи онҳоро баргардонд. Гурӯҳе ба назди Пирон (сарҳанги Турониён) баргаштанд ва размоварони Баҳромро ситоиш карданд. Пирон сарбози номдор Руинро таҳрик дод, ки Баҳромро асир кунад. Вале Руин низ кушта шуд. Пирон худ ба назди Баҳром омад то ўро ба ҷониби турониён бигардонад. Баҳром некиро пазируфт, вале даъватро қабул накард.

Дар ин ҳангом размовари дигари туронӣ-Тажов бо гурӯҳе биёмад ва ба сарбозон амр дод, ки ба Баҳром ҳамла кунанд. Баҳром бо найза муҳофизат мекард ва чанд танро кушт. Тажов дид, ки дигар илоҷ нест, аз пушт омад:

Яке теғ бар сари  китфи ўй,

Далер андаромад зи боло ба рўй.

Ҷудо  шуд зи тан дасти ханҷаргузор,

Фурў монд аз ҷангу баргашт кор.

Баҳром дар ҷанг кушта шуд, вале нангу номусашро нигоҳ дошт, ки шоистаи таҳсини ҳама давру замонҳост.

Аз китоби Ҷонибек Асрориён, Анушервон Асрориён “Марз ва марзбонӣ”. Душанбе, соли 2017.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ