Силсилаи “Тоҷнома”. “Аҷоибнома”-и Аҳмади Тӯсӣ

Аҷоибнома-и Аҳмади ТӯсӣФарҳангҳои энсиклопедӣ, ки миқдоран камшуморанд, дар таърихи адабиёту забони тоҷикӣ ҷои махсусеро ишғол мекунанд. Дар ин донишномаҳо роҷеъ ба кишварҳои мухталиф, вазъи табиӣ, захоири маъданӣ, олами набототу ҳайвонот ва ғайра ба таври муфассал маълумот дода шудааст. «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Аҳмади Тусӣ низ аз ҷумлаи чунин фарҳангҳо мебошад. Тарзи нигориши ин гуна луғатномаҳоро тақлид ба анъанаи асарҳои ҷугрофиёӣ ва аҷоибнависиҳои адабиёти араб медонанд. Аммо китоби Аҳмади Тусӣ сад сол пештар аз асари ҳамноми «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Закариёи Қазвинӣ, байни солҳои 1176-1193, таълиф шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ навиштани «аҷоибномаҳо» собиқаи тулонӣ дошта, то ба умқи таърихи порсиёни қадим мерасад. «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тусӣ, ба ақидаи мо, намунаи классикӣ ва қадимии «аҷоибнома»ҳо мебошад, ки дар тарзи нигориши «аҷоибнома»-ҳои сонӣ таъсири амиқ гузошта, сармашқи муаллифони баъдӣ будааст. Масалан, олими рус Н.Д. Миклухо-Маклай иттилоъ медиҳад, ки дар «Аҷоибу-д-дунё» (асрҳои XII-XIII, тақрибан солҳои 1220-1221//617 ҳиҷрӣ, муал-лифаш номаълум) ва «Аҷоибу-т-табақот», ки муаллифи он Муҳаммад Тоҳир ибни Абулқосим мебошад, бархе аз қисматҳои «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тусӣ истифода шудаанд (Миклухо-Маклай Н.Д. Описание персидских и таджикских рукописей Института востоковедения. – М.: Л., Изд-во АН СССР, 1955.- С.32-34,79-82, 104).Дар марказҳои ховаршиносӣ ва китобхонаҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ нусхаҳои арабии асари ҳамноми донишманди арабизабон Закариёи Казвинӣ вомехўранд, ки ба забони форсӣ тарҷума шудааст. Дастхати «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тусӣ бошад, дар китобхонаҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ танҳо ду нусха пайдо шудааст, ки ҳар дуро ҳам Н.Д. Миклухо-Маклай дар феҳрасти худ ба тафсил арзёбӣ кардааст. Аз рўи маълумоти Манучеҳри Сутуда-донишманди эронӣ, ки матни интиқодии ин асарро таҳия ва ба чоп ҳозир намудааст, дар китобхонаҳо ва марокизи ховаршиносии ҷаҳон 14 – нусхаи «Аҷоиб-ул- махлуқот»-и Аҳмади Тусӣ мавҷуд аст.

Аз нусхаҳои хаттии ин асари ноёб ду нусхааш дар пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Русия, дар Санкт-Петербург нигаҳдорӣ мешаванд.

«Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот» тибқи анъана ба намояндаи сулолаи салҷуқиҳои Ироқ Абутолиб Туғрал ибни Арсалон ибни Туғрал, ки солҳои 556-573 солшумории хиҷрӣ (1176-1177–1194/1198) дар Ироқ ҳукмфармоӣ дошт, бахшида шудааст.

Дар бораи муаллиф, аҳволи рўзгор ва аҳли хонаводаи ў дар сарчашмахо ахбори мухталиф вуҷуд дорад. Ҳоҷӣ Халифа дар «Кашфу-з-зунун» номи пурраи муаллифро Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тусии Салмонӣ овардааст. Мувофиқи маълумоти донишманди эронӣ Манучеҳри Сутуда Перч ва Флугел низ муаллифи «Аҷоиб ул-махлуқот»-ро Аҳмади Тусӣ ном мебаранд. Масалан, Перч дар Феҳрасти дастхатҳои китобхонаи шаҳри Берлин, ки соли 1888 чоп шудааст, Аҳмади Тусиро муаллифи ин асар медонад. Манучеҳри Сутуда низ бар он аст, ки муаллифи ин «Аҷоиб ул-махлуқот» Аҳмади Тусӣ мебошад.

Бархе аз муҳаққиқон ақида доранд, ки муаллифи «Аҷоиб-ул-махлуқот» тоҷир Наҷиби Ҳамадонӣ мебошад. Аз ҷумла Н.Д. Миклухо-Маклай ҳангоми тавсифи дастхати Д-129 менависад: «Муаллиф-Наҷиби Ҳамадонӣ аз шаҳри Ҳамадон буда, дар ин шаҳр зиндагӣ кардааст (варақҳои 6 “а” ва махсусан 109 “а”-109 “б”) ва ин асарро ба Туғрул ибни Арсалони Салҷукӣ, ҳокими Ироқ (солҳои ҳиҷрӣ 573- 590//1175-1193) бахшидааст. Дар ин нусха ва нусхаҳои дигари то кунун маълум муаллифи асар нишон дода нашудааст.»

Мо ин иқтибосро аз Н.Д. Миклухо-Маклай бо ду сабаб овардем. Аввал, ба ақидаи Манучеҳри Сутуда ва Муҷтабои Минавӣ Наҷиби Ҳамадонӣ муаллифи ин асар нест. Ў муаллифи асари дигарест бо номи «Аҷоиб-уд-дунё», ки шояд дар соли 613 ҳиҷрӣ//1235-1236 таълиф шуда бошад. Вале Н. Д. Миклухо-Маклай менависад, ки муалифи он гумном буда, то ба ҳол маълум нашудааст. Сипас ў менависад: «бояд Наҷиби Ҳамадониро муаллифи он («Аҷоиб-ул-махлуқот» -С.Н.) шумурд. То вақтҳои охир муаллифи он бо пайравӣ аз Перч ва Флугел, Муҳаммад ибни Салмонии Тусӣ, ки Ҳочӣ Халифа ўро нависандаи ин асар медонад, шуморида мешуд». Баъзеи дигар аз муҳаққиқон муаллифи ин асарро гумном мешуморанд. Аз ҷумла, В.П. Демидчик менависад, ки «намунаи классикии тариқи аввали нигориши «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб ул-мавҷудот» (муаллифаш гумном) дар заминаи форсӣ дар қарни XII ба вуҷуд омад». Ба ҳар ҳол аксари пажуҳишгарон бар онанд, ки муаллифи «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот» Аҳмади Тусӣ мебошад. Тавре, ки ишора шуд, дар матн ҷо-ҷо ишораҳое роҷеъ ба муаллиф дида мешавад. Масалан, ў тўсӣ бошад ҳам, тақрибан 50-соли умри хешро дар Ҳамадон гузаронидааст. Шояд волидайни ў аз Тўс бошанд, вале аз тасвири Ҳамадон бармеояд, ки бештари умри худро дар Ҳамадон гузаронда, танҳо як бор ба Исфаҳон сафар кардааст.

«Ва бошад, ки марде дар шаҳре бизояд ва умри вай бигузарад ва ҳамашаҳри худ тамом надида бошад, ва ман дар аҳде ба Исфаҳон будам, шахсе аз ман пурсид, ки бар сафҳи Арванд чанд сатр навиштаанд, онро «навишти худоён» хонанд, ту дидаӣ? Гуфтам: «хабар надорам».

Китоби маъруф бадар овард, дар он ин сифат карда буд ва шарҳе дода шигифт. Чун ба Ҳамадон омадам, ба қасд рафтам ва онро бидидам. Шигифте, ки диданаш аҷибтар буд аз шуниданаш. Пас чун марде аз аҷоиби шаҳри хеш хабар надорад, аз дигар шаҳрҳо хабар надорад, чӣ аҷаб бувад»(“Аҷоиб-ул-махлуқот”.- С. 17).

«Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот» аз даҳ рукну боб ва фаслҳои алоҳидаи мустақил иборат аст. Бояд гуфт, ки аз рӯи тартиби мундариҷа «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тусӣ аз «Аҷоиб-ул-махлуқот-и Закариёи Қазвинӣ каме фарқ мекунад. Тавре, ки Додихудоев P.X. қайд мекунад «тамоми матни рисолаи аввал (яъне «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тусӣ -С.Н.) ба даҳ рукн тақсим шудааст ва матни рисолаи дуюм (яъне «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и «Закариёи Қазвинӣ- С.Н.) ба ду мақола тақсимбандӣ шудааст ва ҳар кадом мутаносибан ба 13 ва 6 фасл ҷудо шуда, боз се бахши алоҳидаро низ дар бар гирифтааст». «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тўсӣ ҳамчун як асари энсиклопедӣ соҳаҳои гуногуни ҳаёти илмӣ ва фаъолияти инсониро дар бар мегирад. Тавре ки Н.Д. Миклухо-Маклай менависад, «рисола хислати космографӣ ва ҷугрофиёӣ дошта, дар он бузургтарин баҳрҳо, дарёҳо ва кўлҳо (рукни III), шаҳрҳо ва қалъаҳо (рукни IV), ҳам дар бораи баъзе қабоилу ақвом, махсусан қабоили туркӣ ва қавмҳои дигар, аз ҷумла русҳо (рукни VII) тавсиф шудааст. Илова бар ин дар рисола маълумоти зиёде дар бораи меъморӣ ва нақшакашӣ (рукнҳои IX ва V), ситорашиносӣ (рукни I ) ва сангшиносӣ (рукни III), наботот (рукни II), ҳайвонот (рукни X) ва ғайра чамъоварӣ шудааст”.

Китоби Аҳмади Тўсӣ тавре ки муаллиф мефармояд, аз қисматҳои зерин иборат аст: «Ин китоб бар даҳ қонун ва аркон (рукнҳо) аст. Муҳтаво ва мундариҷаи «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тўсӣ солҳои зиёдест, ки мавриди таваҷҷўҳи муҳаққиқон қарор гирифтааст. Вале дар марказҳои ховаршиносии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ танҳо тавсифи сохтмони он омада, ҷанбаҳои забонии вай таҳқиқу баррасии амиқ нашуда буд. Донишманди рус Н.Д. Миклухо-Маклай аввалин муҳаққиқест, ки ба ин асар таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар «Феҳрасти дастхатҳои форсӣ ва тоҷикии пажуҳишгоҳи ховаршиносӣ»-и худ соли 1955 аз лиҳози маъхазшиносӣ ду нусхаи «Аҷоиб-ул-махлуқот»-ро таҳти рақамҳои Д-129 ва А-253 ба таври муфассал тавсиф кардааст. Ин асар ҳамчунин аз лиҳози таъриху ҷуғрофӣ ва қисман аз нигоҳи филологӣ таҳқик шудааст. Рисолаи номзадии Ю.С. Малсев ба масъалаҳои таърихиву ҷуғрофии «Аҷоиб-ул-махлуқот» бахшида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки таҳқиқоти Малсев Ю.С. яке аз пажуҳишҳои комил ва муназзамест, ки дар бораи хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ ва махсусан дар бораи таъйини арзиши ин асар дар омўзиши ҷуғрофиё ва таърихи Машриқзамин сурат гирифтааст. Рисолаи ў замимае низ дорад, ки дар он тарҷумаи русии боби IV ва баъзе аз қисматҳои дигари асар ҷо дода шудааст. Мақолаи Р.Х. Додихудоев ба вожагоне, ки ба олами набототу рустаниҳо дахл дорад, ихтисос ёфтааст. Ин мақола дар ховаршиносии Шўравӣ нахустин кўшишест оид ба таҳлили «Аҷоиб-ул-махлуқот» аз ҷиҳати хусусиятҳои забонӣ. Дар ин мақола ба таври муфассал хусусиятҳои луғати ботаникии ин асар (номҳои гиёҳону рустаниҳо) бо лексикаи

ботаникии «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Закариёи Қазвинӣ, ки ба забони арабист, муқоиса шудааст. Муаллиф дар натиҷаи муқоисаи номҳои гиёҳони ин ду асари ҳамном ба хулосае омадааст, ки «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тусӣ аз вожаву истилоҳоти гуногун ғанитар буда, барои омўзишу таҳқиқи таърихии вожаҳо аз аҳамияти калоне бархурдор аст.

Матни интиқодии «Аҷоиб-ул-махлукот»-и Аҳмади Тусӣ аз тарафи Манучеҳри Сутуда таҳия ва соли 1345 (1967) ба чоп расидааст. Ин таҳқиқоти дуктур Сутуда яке аз пажўҳишҳои асосии солҳои охир дар бораи «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тусӣ мебошад. Махсусан, аз нуқтаи назари забоншиносӣ қисмати вурудии он «Муқаддима», «Порае аз ихтисосоти муфрадот ва афъол ва матолиби дастурии ин китоб» ва замимаи он таҳти унвони «Феҳраст», ки дар он номҳои силсилаҳо, хонадонҳо, номҳои ҷуғрофиёӣ, ҳайвонот, парандагон, ҳашарот, гиёҳҳо,

сангҳои қимат, ҷавоҳирот ва ғайра оварда шудааст, ҷолиби диққат аст. Манучеҳри Сутуда аз қавли Перч иттилоъ медиҳад, ки гўё шахсе бо номи Фон Ҳаммер соли 1797 дар бораи «Аҷоиб-ул-махлуқот» мақолае навишта сипас онро, яъне китобро, мукаммалан бо забони олмонӣ тарҷума кардааст.

«Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот» аз даҳ рукну боб ва фаслҳои алоҳидаи мустақил иборат аст. Бояд гуфт, ки аз руи тартиби мундариҷа «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тусӣ аз «Аҷоиб-ул-махлуқот-и Закариёи Қазвинӣ каме фарқ мекунад. Тавре, ки Додихудоев P.X. қайд мекунад «тамоми матни рисолаи аввал (яъне «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тусӣ -С.Н.) ба даҳ рукн тақсим шудааст ва матни рисолаи дуюм (яъне «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и «Закариёи Қазвинӣ- С.Н.) ба ду мақола тақсимбандӣ шудааст ва ҳар кадом мутаносибан ба 13 ва 6 фасл ҷудо шуда, боз се бахши алоҳидаро низ дар бар гирифтааст».

Дар китобхонаи миллии Тиҷикистон чопи чунин осор бо ташаббусу пешниҳоди Президенти муҳтарами мо, Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷнома» ба чоп мерасад, ки дар солҳои охир ба нашр расидани «Авесто», «Мероси хатти бостон» (дар ду ҷилд), «Таърихи Систон», «Таърихи Байҳақӣ», «Зайн-ул-ахбор», «Ҳудуд-ул-олам», «Шоҳномаи Саолибӣ» ва ғайра дар ҳаёти илмӣ, адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон саҳифаи наве кушод. Инак, барои ҳаводорони сершумору завқманди осори классикии мо китоби «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Аҳмади Тўсӣ, ки асари гаронбаҳои донишманди асри XII мебошад, пешниҳод мегардад.

МАРКАЗИ “ТОҶИКШИНОСӢ”