Силсилаи Тоҷнома. “Шоҳнома”-и Саолибӣ
Фарзандони бедори Эронзамин – ворисони фарҳангу тамаддуни бузурги Аҷами тоисломӣ ба мубориза баҳри растагории маънавии Аҷам ба по хестанд. Қадами нахустин дар ин ҷода тарҷумаи осори мактуби тоисломии эронӣ ба забони арабӣ буд. Бо дарки ин зарурати таърихӣ гурўҳе аз намояндагони илму адаби Эронзамин забони арабиро дар ғояти камол омўхтанд ва бо тарҷума кардани муҳимтарин дастовардҳои маънавии ниёгони хеш ба ин забон ба онҳо умри дубора бахшиданд. Як назари иҷмолӣ ба китоби “ал– Фиҳрист”– и Ибни Надим (ваф. с.380/990) кофист, то тасаввуре куллӣ доир ба касрати мутарҷимони эронинажод ва анвои осори тоисломии Аҷам, ки дар садаҳои VIII-IХ ба арабӣ тарҷума шуданд, ҳосил шавад.
Ба шарофати заҳмат ва талошҳои шаҳиди роҳи растагории Аҷам Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ (722-759) ва намояндагони мактаби тарҷумонии ў, аз қабили хонадони Навбахтиён, Мусо ва Юсуф – писарони Холид, Алӣ ибни Зиёди Тамимӣ, Ҳасан ибни Саҳл, Балозурӣ, Ҷабала ибни Солим, Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ, Мусо ибни Исои Кисравӣ ва даҳҳо нафари дигар қисмате бузург аз дороиҳои беназири фарҳангии Эронзамини тоисломӣ кисвати арабӣ ба бар карда, на танҳо аз нобудӣ раҳо ёфт, балки, бо намудорӣ аз арзиш ва азамати Аҷам, ҷузъе аз аҷзои поягузори фарҳангу тамаддуни исломӣ эътироф гардид. Дар миёни дороиҳои фарҳангу маънавияти Аҷам, ки дар даврони мавриди баҳс ба арабӣ нақл шуданд, таърихномаҳо ва ба таври умум осоре, ки таҷрибаи таърихии қавмҳои ориёӣ дар онҳо баён ёфта буданд, тасаллут доштанд. Чунин як таваҷҷуҳи вижа ба тарҷумаи кутуби таърихӣ бесабаб набуд ва ангезаву омилҳои худро дошт, ки ишора бад-онҳо љиҳати дарки мақоми илми таърих ва таърихнигорӣ дар тамаддуни бостонии халқҳои эронӣ ва идомаи ин раванд дар қарнҳои нахусти ислом муфид хоҳад буд.
Ин чанд ҷумла иқтибос буд аз китоби “Шоҳнома”-и Саолибӣ”, ки аз силсилаи “Тоҷнома”, Тоҷикон дар масири тамаддун соли 2014 Китобхонаи миллӣ ба нашр расонда буд.
Китоб аз ҷониби Низомиддин Зоҳидов таҳия шуда, сарсухан ва таълиқотро ҳам ӯ навиштааст.
Академик Носирҷон Салимӣ муҳаррири масъули китоб аст.
Муаллифи китоб, ки аслан бо номи “Таърихи ғурар ус-сияр” ёд шуда, чун “Шоҳнома”-и Саолибӣ” шуҳрат ёфтааст, Абӯмансур Абдулмалик ибни Муҳаммади Саолибии Нишопурӣ мебошад.
Силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп мешавад ва “Шоҳнома”-и Саолибӣ сеюмин китоб аз ин силсила буд.
Бо матни комили китоб ин ҷо ошно шавед:
“ШОҲНОМА”-и САОЛИБӢ.