Синахурўш. Асарҳо барои созҳои халқӣ бо ҳамовозии фортепиано

Ин дарстури таълимӣ соли 2026 чоп ва барои донишҷўёни шўъбаи мусиқии анъанавӣ консерваторияи милии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, коллеҷҳои санъат ва мактабҳои мусиқии Тоҷикистон тавсия шудааст.

Дастур зери назари номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳмуд Назарзода омода шуда, онро номзади илмҳои санъатшиносӣ, и.в. дотсент Эшонқулов М. ва дотсент Ҳафизов А. мураттаб кардаанд.

Ба китоб номзади илмҳои таърих Ҳаётхон Муминова тақриз навиштааст.

Муаллифи сарсухан А.Ҳафизов зикр кардааст, ки дар маҷмуа аксари оҳангҳо боҳамсадогии фортепиано дода шудааст. Умуман хуб мебуд, ки дар оянда ҳамаи оҳангҳои дар мушкилот мавҷуд буда, бо ҳамовозии фортепиано пешкаши мутрибон ва омўзгорон гарданд. Бояд гузориш дод ва махсусан зикр кард, ки суруду оҳангҳои мардумии тоҷикӣ ва шоҳкориҳои шашмақоми бузург ва инчунин мушкилоти он, ки ба нота сабт гардидаанд, як шакли ифодаёбии материалии онҳо ба ҳисоб мераванд. Бинобар он навозандаи ҷавон албатта дар мавриди азхудкунии онҳо аз рӯи яку якбора ба ҳама он нозукиҳои дар асари мусиқи ниҳон буда сарфаҳм нарафта, муддате ба иҷрои хуби онҳо мушкилиҳоро ҳис менамояд. Лекин гуфтан бар ҷост, ки он нозукиҳову мушкилиҳо албатта ҳалшаванда буда, дар натиҷаи машқҳои тулонӣ бе чуну чаро зина ба зина аз худ гардида, мутрибро ба қуллаҳои нави касбӣ-ҳунарӣ ҳидоят менамояд.

Китоби “Синахурӯш”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи: Рисолат Шералиева,

мутахассиси пешбари шуъбаи

хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд.