«Сино — пайвандгари илми қадим ва муосир». Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи 2 – уми сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи гиромидошти хотираи Абуалӣ ибни Сино мизи гирд таҳти унвони «Сино – пайвандгари илми қадим ва муосир» баргузор гардид.
Дар нишасти илмӣ олимону донишмандон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар долони китобхона намунаи осори гаронбаҳои Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ба намоиш гузошта шуда буд.
Нишастро муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Ӯ иброз дошт, ки “имрӯз, вақте мо ба мероси илмии Ибни Сино назар меафканем, ба хубӣ дармеёбем, ки бузургии ин мутафаккир танҳо дар фарогирии доираи васеи донишҳо набуда, балки дар пайванди мантиқӣ ва илмии соҳаҳои гуногуни маърифат зоҳир мегардад. Барои ҳамин, унвони интихобшудаи мизи мудаввари имрӯза – «Сино – пайвандгари илми қадим ва муосир» — ба мо имкон медиҳад, ки осори ин абармарди илмро на танҳо аз нигоҳи таърихӣ, балки дар заминаи дастовардҳои илми муосир низ баррасӣ намоем.” Зимни суханронӣ мақому мартабаи илмии Абуалӣ ибни Сино, ба нақши барҷастаи ӯ дар рушди илмҳои ҷаҳонӣ ва зарурати омӯзишу муаррифии мероси гаронбаҳои илмӣ, адабӣ ва фалсафии ин мутафаккири бузург таъкид гардид.
Дар идомаи нишаст муҳаққиқон оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт, фаъолияти илмӣ ва осори Абуалӣ ибни Сино маърузаҳои илмӣ ироа намуданд.

Нахуст, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов дар мавзӯи «Ҷойгоҳи “Махориҷ-ул-ҳуруф”-и Ибни Сино дар илми фонетика» суханронӣ кард. Ӯ арзиши илмии осори забоншиносӣ ва фонетикии Абуалӣ ибни Синоро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид кард, ки андешаҳои илмии Сино дар ин самт аз муҳимтарин дастовардҳои андешаи забоншиносии асримиёнагӣ ба шумор рафта, барои омӯзиши таърихи ташаккули илми фонетика аҳамияти хос доранд.
Ба гуфтаи профессор, Сайидраҳмон Сулаймонов Ибни Сино овозшиносиро аз нигоҳи табиб мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, хусусият ва фарқи овозҳои ҷарангдор ва беҷаранги ҳамсадоҳои арабӣ ва форсиро бо мисолҳои равшан баён намудааст. Мавсуф ҳамчунин ба зарурати таҳқиқи бештари рисолаи «Махориҷ-ул-ҳуруф»-ро таъкид намуда, изҳор дошт, ки омӯзиши амиқи ин асар метавонад барои таҳияи корҳои нави илмӣ дар соҳаи фонетика ва забоншиносӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар идома профессор Сулаймонов ба мақоми ҷаҳонии осори Абӯалӣ ибни Сино ишора намуда, аз ҷумла, «Китоб-уш-шифо»-и ӯро яке аз осори мондагори илми фалсафа ва табиатшиносӣ арзёбӣ кард, ки дар тӯли садсолаҳо мавриди омӯзиши муҳаққиқон ва донишмандон қарор дорад.
Сипас, ходими пешбари илмии Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадсалом Махшулов дар мавзӯи «Ибни Сино ва масъалаҳои худшиносии миллӣ» суханронӣ намуд.
Дар маърӯза нақши мероси илмӣ ва маънавии Ибни Сино дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва эҳсоси ифтихор аз гузаштаи пурғановати халқи тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муҳаммадсалом Махшулов бо зикри андешаҳои шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва далелҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти Ибни Сино таъкид намуд, ки мероси ин донишманди бузург дар ташаккули худшиносии миллӣ ва эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои илмию фарҳангии гузашта нақши муҳим дорад. Мавсуф ҳамчунин ба зарурати омӯзиш, ҳифз ва муаррифии осори Ибни Синоро таъкид карда, саҳми олимони тоҷикро дар рушди синошиносӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин номзади илмҳои физикаю математика, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ризо Баҳромзод дар мавзӯи «Арҷгузории олимони муосир ба хидматҳои Ибни Сино тавассути номгузориҳои илмӣ» суханронӣ намуд.
Ба андешаи ӯ, арҷгузорӣ ба мероси ин шахсияти барҷаста дар чанд самт сурат мегирад. Аз ҷумла, омӯзишу таҳқиқи осори илмӣ ва идомаи пажӯҳишҳо дар заминаи мероси Сино аз самтҳои муҳими синошиносӣ ба шумор меравад. Самти дигари арҷгузорӣ ба донишманди бузург дар номгузории объектҳои илмӣ, табиӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзеъҳо ба номи ӯ таҷассум меёбад.
Мавсуф дар ин замина ба як қатор далелҳои ҷолиб ишора намуд. Аз ҷумла, яке аз астероидҳои системаи офтобӣ ба номи Сино гузошта шудааст. Ҳамчунин яке аз танураҳои сатҳи Моҳ номи Ибни Синоро дорад.
Ба гуфтаи Ризо Баҳромзод, номи Авитсенна, ки шакли лотинишудаи номи Ибни Сино мебошад, дар номгузории баъзе намудҳои олами набототу ҳайвонот ва дигар мавҷудоти табиӣ низ истифода шудааст. Аз ҷумла, номи «Авитсенния» ба яке аз ҷинсҳои дарахтон дода шудааст, ки дар минтақаҳои гуногуни Осиё, Африқо ва Австралия мерӯянд. Ҳамчунин як қатор объектҳои ҷуғрофӣ, минералҳо, намудҳои набототу ҳайвонот ва дигар мавҷудоти табиӣ ба номи ин донишманди бузург номгузорӣ шудаанд.

Дар идомаи суханронӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷоизаҳои байналмилалию давлатӣ, кӯчаву хиёбонҳо ва дигар мавзеъҳо ва объектҳое ёдоварӣ шуд, ки ба номи Абуалӣ ибни Сино гузошта шудаанд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар донишгоҳҳо ба номи ин мутафаккири бузург номгузорӣ гардидаанд.
Мавсуф зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба, ҳифз ва таблиғи мероси илмӣ ва маънавии Абӯалӣ ибни Сино, инчунин муаррифии ҷойгоҳи ӯ дар рушди илми ҷаҳониро таъкид намуд.
Дар маҷмӯъ, мизи гирд дар фазои созанда ва сатҳи баланди илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардида, барои муаррифии арзишҳои илмӣ, адабӣ, фалсафӣ ва фарҳангии мероси Абуалӣ ибни Сино заминаи мусоид фароҳам овард.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ дар заминаи омӯзиши мероси донишмандони бузурги тоҷик барои густариши маърифати илмӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба осори гаронбаҳои гузаштагон, таҳкими худшиносӣ ва тақвияти ҳисси ифтихори миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Шукронаи ШЕРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа