Сипосномаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори Китобхонаи миллӣ

СипосномаДиректори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, инчунин барои ҳамкориҳои назаррас бо Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сирри давлатӣ ба “Сипоснома” қадрдонӣ шуд.

Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ як ниҳоди тобеъ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тавре аз номаш пайдост, дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамоянд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” гуфта шудааст: Мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ мувофиқи вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда ва дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамоянд. Масъулияти ташкили ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба зиммаи роҳбарони аввали онҳо вогузор мегардад. Вобаста ба ҳаҷми кор бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, воҳидҳои сохторӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ таъсис дода мешаванд, ки функсияҳои онҳо аз тарафи роҳбарони мазкур бо дарназардошти хусусияти корҳои гузаронидашавандаи онҳо муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)

14-уми декабри соли 1996 дар асоси моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки пешбинӣ кардааст: “Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд қонун муайян мекунад”,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи сирри давлатӣ” қабул гардид, ки он замина ва меъёри асосии ҳуқуқӣ  барои ҳифзи сирри давлатӣ гардид. Дар ин замина аввалин маротиба бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 1997 таҳти №198 Сарраёсати оид ба масъалаҳои сирри далатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар робита ба ин, Низомномаи Сарраёсати оид ба масъалаҳои сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсуси давлатии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи таъмини ҳифзи сирри далатӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 1999 таҳти рақами 1148 тасдиқ карда шуд.

Давраи ҳозираи рушди ҷамъият бо ҷорӣ намудани воситаҳои нави иттилоотӣ, алоқа, техника ва технологияҳои иттилоотӣ асос меёбад. Тавассути ҳамин техника ва технологияҳо иттилоот яке аз омилҳои асосӣ гардида, метавонад ба ҳама самтҳои асосии амнияти миллӣ таъсири худро расонад. Бинобар ин, дар сатҳи байналмилалӣ иттилоот ҳамчун қисмати зарурии мусосибатҳои иҷтимоӣ яке аз қиматтарин мол дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, мушкилоти ҳифзи он дар ҷумҳурӣ ба миён омад.

Бо назардошти ин  аз 5 августи соли 2003 Сарраёсати оид ба масъалаҳои сирри далатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав  Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  номгузорӣ шуда, вазифаи ҳифзи техникии иттилоот  ба уҳдаи он гузошта шуд.

Дар доираи таҷдиди минбаъдаи сохтори давлатӣ аз 28 декабри соли 2006 ин Сарраёсат ҳамчун Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шуда, то имрӯз сиёсати давлатиро дар самтҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот  амалӣ менамояд.

Аввалин роҳбарии Саридораро солҳои 1997 – 2006 Зоиров Амин Аҳрорович ба уҳда дошта, баъдан онро  генерал – полковник  Сайдамир Зуҳуров, генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов, Аҳтам Абдуллозода сарварӣ карданд.

Аз 23-уми январи соли 2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи  генерал-полковник Шералӣ Мирзо гузошта шудааст.

Бобоҷон Шафеъ