Сироҷиддин Пирзода: “Маърифати фарҳангии воқеоти зиндагӣ”
Китоби мазкур соли 2025 чоп шуда, ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад. Тавре муаллиф дар сарсуханаш ба китоб менависад, фарҳанг ва раванди омӯзишу парвариш (таълиму тарбия) аз оғози ҳаёти башарӣ ба ҳам тавъам буда, яке дигареро такмил медиҳад. Дар ин ҷода аҳли фарҳангу адаб ва мураббиёну омӯзгорон аз роҳу усулҳои гуногун истифода карда, саҳми худро дар таьлиму тарбияи башарият мегузоранд.
Дар ин самт жанрҳои гуногуни адабиёт, аз ҷумла ҳикоя, очерк ва ёддошт натиҷаҳои басо судманду пурсамар дода, дар таьсиррасонии раванди таьлиму тарбия нақши бориз доранд. Албатта, дар ин таьсиррасонӣ истеьдод ва истифодабарии гӯянда ва ё нависанда аз воситаҳои саньати бадеӣ дорои аҳаммияти зиёд аст.
Мо низ хостори хизмати кӯчаке дар ҷодаи фарҳанг, таьлиму тарбия шуда, ҳикоёти шунида, мушоҳидаҳо ва баьзе хотиротамонро бо усули осон ва забони сода пешкаши хонанда намудем. Чун ҳикояҳо бо навбат шунида, мушоҳида ва гирдоварию китобат шудаанд, онҳоро ба мавзуьҳои алоҳида тақсимбандӣ накардем. Аз ин хотир, санаи китобати қисми бештари онҳоро дар охирашон дарҷ намудем.
Ҳикояҳо мавзуьҳои мухталифро дар бар гирифта, хонандаро бо баьзе масоил воқиф месозанд ва дар рафьи бархе мушкилоти зиндагӣ кумак мерасонанд. Ба ин мазмун ҳикояҳои «Гумон», «Мулоқоти ронанда», «Дар зиёратгоҳ», «Дуои серҳосилӣ», ки андар огоҳӣ аз хурофот ва рафьи он, ҳикояҳои «Арӯси найрангбоз»,«Пистафурӯш», «Даьвои бақия», «Сатили пур аз шир», «Як ҳилаи фурӯш», андар ҳилаву найранг, ҳикояҳои «Нигоҳи охирони мор», «Ёрии гурба», андар ҳамзистӣ бо ҳайвоноти аҳлӣ ва ёрии онҳо, ҳикояҳои «Кор дар ивази кор»,»Подоши шикебоӣ», андар сабру таҳаммул, ҳикояҳои «Машварати падар», «Як силӣ посух ба се савол», «Андешаи худ» андар истифода аз ақлу мантиқ таьлиф гардидаанд.
Баъзе ҳикояҳо мазмуни ҳазлу шӯхӣ дошта, хонандаро ба мулоҳиза ва дурандешӣ водор месозанд, монанди «Интизорӣ», «Ошиқи кӣ будӣ?», «Ҳамдардӣ», «Шӯхии муносиб», «Миҷгони сунъӣ» ва ғайра.
Ҳамин тавр, дар қисми аввали китоб ҳикоёти гуногунмазмунро ҷой дода, қисми дувуми онро ба мавзуи муҳоҷирати меҳнатӣ бахшидем ва андак хотироти худро низ рӯи авроқ овардем. Қисми дувумро метавон очерки сафарӣ номид, зеро дар он таассуроти банда аз ду минтақаи калонии Федерацияи Россия яъне шаҳрҳои Екатеринбург ва Санк-Петербург, аҳволи баъзе муҳоҷирон, фаъолият ва буду боши онҳо, инчунин пайкори тули беш аз ҳафт ҳафтаи дар муҳоҷирати меҳнатӣ доштаам мундариҷ гардидааст.
Дар қисмати севум ҷиҳати болидахотирии хонанда, якчанд латифахои дар ҳайёт таҳаққуқёфтаро рӯи авроқ овардем.
Ҳадафи мо аз байёни ин ҳикоёту хотирот панд гирифтану ислоҳ шудан аз костагиҳои ахлоқӣ ва нафъ расондан ба ҷомеаи башарӣ аст.
Ҳадаф аз гуфтаҳои мо бувад панд,
Бихону баргир аз он қавли судманд.
Барои шахси оқил қавли судманд,
Ҳазорон нафъ орад,дур кунад ранҷ.
Таҳияи Сахидод Давлатов,
мутахассиси шуъбаи
нигоҳдории китоб