Ситоиши профессор Лутфия Абдулхолиқзода аз мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода гуфт, ки мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи роҳбарӣ дар идоракунии марҳилаи буҳронӣ ва боиси пайравию омӯзиши амиқи илмӣ мебошад. Аз таҳлилҳои сиёсатмадорони ҷаҳонӣ бармеояд, ки муҳимтарин муваффақияти сиёсати давлатсозии Пешвои миллат, ба сулҳу ваҳдати миллӣ расонидани миллати тоҷик ва эҳёи армонҳои тоҷикона дар тиннати ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Лутфия Абдулхолиқзода, ки баъд аз зуҳри имрӯз дар Конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявии «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» суханронӣ мекард, иброз дошт, ки ар ҷаҳони зудтағйирёбанда, ки ҳар кадоми мо шоҳиди дигаргуниҳои босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва геополитикии он ҳастем, нақши роҳбарон ва шахсиятҳо дар таъмини субот, бунёди низоми мутамаддин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ташаккули ҳувияти ҷомеа, аҳаммияти калидӣ доранд.
Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки Тоҷикистони азизи мо дар давраи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ марҳилаи мудҳиш – ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуд, ки ин буҳрони азим дар баробари, талафотҳои бузурги ҷонию молӣ ва зиёнҳои азими маънавӣ, хатари маҳви давлати тоҷиконро ба вуҷуд оварда буд. Сарзамини тоҷикон бо ин ҳама таъриху тамаддуну адабиёти оламшумулаш, ба маркази бозиҳои сиёсӣ, набардҳои геополитикӣ ва бархӯрди манфиатҳо мубаддал шуда буд. Ҳеч кас масъулияти роҳбарӣ ва ҳалли низоъҳои таҳмилиро бар душ намегирифт.
Ба андешаи профессор Абдулхолиқзода илми сиёсатшиносӣ нишон медиҳад, ки роҳбари воқеӣ на онест, ки кореро тавонад ба анҷом расонад, балки касе метавонад роҳбари воқеӣ бошад, ки дар шароити буҳронӣ, суботи сиёсиро ҷорӣ намояд, амнияти миллиро таъмин кунад ва системаи давлатдориро роҳандозӣ карда, дастгоҳи идораи давлатро дар роҳи рушди устувор равона кунад.
Аз ин нигоҳ, мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи роҳбарӣ дар идоракунии марҳилаи буҳронӣ ва боиси пайравию омӯзиши амиқи илмӣ мебошад.
Аз таҳлилҳои сиёсатмадорони ҷаҳонӣ бармеояд, ки муҳимтарин муваффақияти сиёсати давлатсозии Пешвои миллат, ба сулҳу ваҳдати миллӣ расонидани миллати тоҷик ва эҳёи армонҳои тоҷикона дар тиннати ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Лутфия Абулхолиқзода дар бахши дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки имрӯз истиқлолияти моро 192 кишвари ҷаҳон эътироф карда, Тоҷикистон бо 186 кишвари сайра муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, шаҳрвандони мо дар 47 кишвари ҷаҳон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Имрӯз агар дар ҳар гӯшаи олам доир ба об, захираҳои обӣ, мушкилоти обу энергетика, тағйирёбии иқлим, ҳифзи табиат ва сулҳу салоҳи пойдор сухан равад, бе муҳобот исми Сарвари Тоҷикистон бо ин масъалаҳо рӯ мехезат. Зеро ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид на танҳо ба манфиати Тоҷикистон ва ё мамлакатҳои минтақа, балки ба масоили ҷаҳонӣ марбут буда, барои кишвари мо эътибори байналмилалӣ бахшидааст.
Конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявии «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» лаҳзае пештар дар Китобхонаи миллӣ оғоз шуд ва ҳоло идома дорад.