Сивучорумин солгарди Истиқлол ба кулли ҳамватанон муборак бод!
Ҳамаи ҳамватанони азизу гиромиро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона муборакбод мекунам ва барояшон беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ арзиши олӣ барои ҳар як миллат аст, ки на ба ҳар халқу миллат насиб мегардад. Ин арзиши муққадас баъди ҷонбозиҳои зиёд насиби миллати тоҷик гардидааст, ки дар таҳкими он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.
Пос доштан ва таҳкими зеҳниву амалии моҳияти Истиқлолият дар шуури қишри ҷавони ҷомеа кафолати бақои миллату давлат ва тамаддуни чандҳазорсолаи мо тоҷикон мебошад. Дар ин самт фаъолияти пурмаҳсули Китобхонаи миллии Тоҷикистон басо муҳим ва назаррас аст.
Маврид ба таъкид медонам, ки кишвари мо тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои назаррас даст ёфт. Дар ин муддат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расондааст.
Далели ин гуфтаҳо роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ва дигар озмунҳои ба ин монанд аст, ки баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор карда мешаванд.
Ҳамчунин бо талош ва ташаббуси Китобхонаи миллӣ баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат ду сол аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” роҳандозӣ мешавад. Мақсади асосии озмуни мазкур арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон мебошад.
Бори дигар ин ҷашни фархундаро ба кулли Тоҷикистониён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон табрик мегӯям.
Ҷашни Истиқлол мубораку фархунда бод, ҳамватанони азиз!
Бо эҳтиром, Директори Китобхонаи
миллии Тоҷикистон
Ҷумахон Файзализода.