Сиёсати давлатии ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат
Дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи ҷавонон, махсусан фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, нуктаҳои муҳим ироа мешаванд.
Сарвари давлат дар Паёми имсола низ ба масъалаи ҷавонон рў оварда, зикр карданд, ки «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Ба андешаи Пешвои миллат, «маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».
Яке аз масъалаҳои муҳимми дигаре, ки Сарвари давлат таваҷҷуҳи вакилони халқро ба он ҷалб намуданд, ин барномарезии мунтазами сиёсати давлатии ҷавонон мебошад ва таъкид карданд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт бояд дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чораҳои мушаххас андешанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат зикр карданд, ки «мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»–ро қабул намудем. Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».
Воқеан, Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Сарвари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, санадест, ки ормонҳои миллии мардуми тоҷик – яке аз миллатҳои қадимтарин ва дорои таърихи беш аз шашҳазорсоларо инъикос мекунад. Дар ҳар як Паёми хеш Пешвои муаззами миллат пайваста бо муҳаббати беандоза аз тамаддуни бостонии тоҷикон, соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда будани мардуми сарзамини хеш ёдовар мешаванд. Чунин муносибати Сарвари давлат дар қалби ҷавонон шуълаи меҳру садоқат нисбат ба ватани аҷдодиро боз ҳам фурӯзонтар гардонида, онҳоро ба амалҳои созанда, корнамоиҳои шоиста баҳри ҳифзи марзу бум, ободиву бунёдкорӣ ва табдил додани Тоҷикистони азиз ба давлати шукуфову пешрафта раҳнамун месозад.
Албатта, нақши мо-ҷавонон бояд дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона хеле назаррас бошад. Пас ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки дониши худро мукаммал намуда, барои ободии ин Ватан пайваста саъю талош намояд. Имрўз Ҳукумати мамлакат барои инкишофи озодонаи ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё сохтааст. Вақеан, шароити мусоиди соҳибистиқлолӣ барои мо – ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Имрўз ҷавонони тоҷик имкон доранд, ки ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили кишвар таҳсили илм намуда, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро аз бар кунанд, фаъолияти самараноки илмиву эҷодии худро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат пеш баранд.
Дар ин радиф метавон аз фаъолияти пурсамари Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ёдовар шуд. Роҳбарияти муассиса дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон собитқадам буда, дар ин самт тадбирҳои муассир андешида, тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандўстию меҳанпарастӣ дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст. Татбиқи барномаи вижаи тарбиявии ҷавонон аз ҷумлаи тадбирҳои мушаххас дар ин самт маҳсуб меёбад. Тибқи дастуру супоришҳои ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин тақрибан ҳар моҳ як ё ду маротиба дар байни донишҷӯён озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ доир мегарданд. Дар ҳар чорабиние, ки дар донишкада баргузор мегардад, роҳбарияти муассиса ва иштирокчиён аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон ёдовар шуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат тавсияву пешниҳодҳои мушаххас манзур менамоянд.
Таърихи башар нишон медиҳад, ки ҳар як насл таҷрибаю дониши андўхтаашро ба насли оянда ба мерос мегузорад. Насли оянда бояд ҳамин таҷрибаю дониши ба мерос гирифтаашро сайқал дода, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро таъмин намояд. Новобаста аз солҳои душвору сангини ибтидои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва мушкилоти зиёди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ роҳбари ғамхору бунёдкор ва оянданигар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1993 бо ҷавонони мамлакат нахустин вохўриро анҷом дода, зимнан таъкид намуда буданд, ки «ҳадафи сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дўстию бародарӣ ва пешрафти ватани азизамон мебошад».
Ҷавононро лозим аст, ки дар интихоби касб, бунёди оилаи намунавӣ, муносибати некбинонаю дурбинона ба сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоят дарёфти мавқеи устувори шаҳрвандӣ кўшиш ба харҷ диҳанд.
Дар ҳамин замина, барои тарбияи шоистаи ҷавонон бояд ба пайдарҳамии марҳилаҳои ин раванд аҳамият дод. Ин нукта дар Консепсияи миллии тарбия низ дарҷ гардидааст. Ба таъкиди мутахассисон, панҷ марҳилаи зерини тарбия вуҷуд дорад:
– марҳилаи аввали тарбия аз оила оғоз меёбад. Дар ин марҳила фарзандон аз падару модари худ тарбия гирифта, муҳити зиндагиашонро меомўзанд, аз мафҳумҳои нахустини деҳа, ноҳия, шаҳр, Ватан, миллат ва ғайра бохабар мешаванд;
–марҳилаи дувуми тарбия дар муассисаҳои томактабӣ идома ёфта, мураббиён дар таҳким бахшидани сифатҳои аввалини миллӣ бо истифода аз дастовардҳои педагогикаи миллӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳанд;
–марҳилаи сеюми тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мегузарад;
–марҳилаи чаҳоруми тарбия ба тайёрии касбии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ вобаста мебошад. Дар ин марҳила донишу малакаи инсон боз ҳам васеъ мегардад, барои азхудкунии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ замина муҳайё мешавад.
Иқдоми хеле наҷиби Сарвари давлат, яъне баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм фурўғи маърифат», «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун нақши бузург бозиданд.
Бо назардошти ин мавзуи муҳим, Сарвари давлат дар суханрониҳои хеш ҷавононро ба илмомўзӣ даъват намуда, таъкид менамоянд: «Хонед, илм омўзед, касбу ҳунарҳоро аз худ намоед ва забондон бошед, зеро ояндаи ин миллату давлат дар дасти шумо ҷавонон аст…».
Аз рўи натиҷаи таҳқиқоти сотсиологӣ дар байни хонандагон дар мавзуи «Мутолиа дар хона хуб аст ё дар китобхона?», шумораи зиёди респондентон иброз доштанд, ки макони самарбахши мутолиа ин китобхона аст.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «мо бояд ба он муваффақ шавем, ки дар шуури наврасону ҷавонон эҳсоси қавӣ ва устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ ба вуҷуд оварда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат ҷавонон метавонанд кори падарони худро идома диҳанд ва Ватану миллати хешро ҳифз кунанд».
Ман ба қудрату тавоноии дӯстони ҷавонам итминони комил дошта, онҳоро даъват мекунам, ки, пеш аз ҳама, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо кунанд, дар раванди таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, рушди устувор ва ободии ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»
Расм аз “Ҷумҳурият”