Сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруф дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамолики дигар!

Путин Владимир Владимирович,

Президенти Федератсияи Россия

Тоҷикистон дар ҳалли ихтилофи дохилӣ барои бисёр кишварҳо намунаи ибрати беназир гардид. Гумон мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар мусолимат мебошад.

Кофи Аннан,

собиқ Котиби Генералии СММ

            Халқи Амрико аз Тоҷикистон барои саҳми калонаш дар муборизаи зидди терроризм сипосгузор аст. Басо хушнудам, ки муносибатҳои мамлакатҳои мо беш аз пеш таҳким ёфтаанд. Изҳори умед мекунам, ки мо минбаъд низ барои озодии бештар ва амнияти тамоми минтақа ҷидду ҷаҳд хоҳем кард.

Ҷорҷ Буш,

собиқ Президенти ИМА

Тоҷикистон ба сафи иттиҳоди зиддитеррористӣ бетаъхир ворид гардид, мо барои ин сипосгузорем. Тамоми кӯшишҳои ҳамарӯзаи Эмомалӣ Раҳмон барои суботи вазъи сиёсӣ ва ризоияти миллӣ дар дохили мамлакат намунаи ибрати давлатҳои дигар мебошад.

Йоханнес Рау,

собиқ Президенти Ҷумҳурии Федералии Олмон

Таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонии тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад.

Си Ҷинпин,

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромӯш нахоҳад кард.

Жак Ширак,

собиқ Президенти Фаронса

Тоҷикистон ва Беларус дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ҳамеша шарик буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Муносибатҳои ин ду давлат имрӯз бомаром дар асоси ғояи баробарӣ, боварии якдигар ва дастгирии манфиатҳои якҷоя афзоиш ёфта истодаанд, ки дар он нақши бародари ман Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

******

Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин шахсият кишварро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба сарзамин овард. Ва ба ин на танҳо шумо арҷ мегузоред, мо ҳама дар ИДМ ба ин кори наҷиб арҷ мегузорем.

Александ Григорйевич Лукашенко,

Президенти Ҷумҳурии Беларус

Мо имрӯз бо бародари худ, дӯсти худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии судманд доштем ва аз натиҷаи он хеле шод ҳастем. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз таърихи чандинасраи ду халқи бо ҳам таърихан дӯсту бародар – тоҷику ӯзбекро кушода дод, ки бемислу монанд аст.

Мо дар Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва роҳбари таҷрибадоре, ки худро саропо ба хидмати халқу кишвараш бахшидааст мешиносем.

Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи ӯ дар бунёди давлатдорӣ ва сохти иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба таври назаррас боло рафта, нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста таҳким меёбад.

Шавкат Миромонович Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.

Аҳмадшоҳ Масъуд,

Қаҳрамони миллии Афғонистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои зиёдест, ки роҳбарии ҷумҳуриро ба зимма дорад ва дар муътадилсозии авзои дохилии мамлакаташ мусоидат намуд. Ӯ ҷомеаро устувор гардонид. Албатта, хоҳони онем, ки боз ҳам мустаҳкамтару боэътимодтар гардад.

Евгений Максимович Примаков,

Академик

Халқи Тоҷикистон таҳти сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо итминон ба ҳазорсолаи сеюм қадам мениҳад. Ба ҳамагон талошҳои роҳбари давлати тоҷикон дар густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои осиёӣ маълум аст. Ҳамаи мо ҷонибдори сулҳу осоиш ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон мебошем.

Ҳу Сзинтао,

Раиси Ҳизби коммунистии Хитой

Барои сиёсатмадори мутафаккир раванди тағйироти маҷрои замон маънои имконоти бузургро, на танҳо барои дарки замони ҳозира дар партави гузашта, инчунин, фаҳмиши гузаштаро дар партави замони ҳозира дорад. Эмомалӣ Раҳмон бо кирдор ва корҳои худ исбот мекунад, ки ӯ ба дараҷаи кофӣ тавони татбиқи чунин имконотро дорад. Президенти Тоҷикистон, ки пойбанди догмаҳои идеологӣ намебошад ва ҳамеша ба фаросати худ такя мекунад, ғояи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиро дар кишвари худ ба сохти сиёсати давлатӣ баланд бардошт.

Шоҳзода Оғохони 4,

пешвои мазҳабии исмоилиёни ҷаҳон

Дар Давлати Қувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар Ховари Миёна хеле машҳур аст, мешиносанд. Мардуми дунё бояд аз шумо-тоҷикон қадрдонию эҳтироми Сарварашон – Пешвои миллатро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентон муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмат – умед ва зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад.

Марзук Алӣ ал Ғаним,

Раиси Маҷлиси Уммаи давлати Қувайт

Тӯли солҳои рушди мустақилона Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон роҳи дигаргуниҳои муҳимро тай намуд ва дар бунёди давлатдорӣ, баланд бардоштани некуаҳволии халқ ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои бузург ба даст овард.

Қосим Жомарт Токаев,

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Сиёсатмадорро ба сифатҳое чун хирадмандиву ҷасурӣ, ҳадафмандӣ ва аз ҳама муҳимаш, бо такя доштанаш ба дастгирии халқ мешиносанд. Вале боз омили дигари муҳим, ба андешаи ман, ин накӯӣ мебошад, ки дар чашмони Эмомалӣ Раҳмон рӯшан аст. Муҳаббат ба халқи хеш, майли беҳсозии некӯаҳволии онҳо, фаъолона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид намудани Тоҷикистон ва таъмини ҳаёти шоиставу арзанда барои мардуми он мақсаду мароми ӯст.

Илҳом Алиев,

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

Раванди сулҳ дар Тоҷикистон хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо кардааст. Ва ин бидуни шубҳа хидмати бузурги Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ғалабаи боварибахши ӯ дар интихобот нишон дод, ки чи андоза обрӯю эътибори Сарвари давлат дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд аст ва халқи тоҷик ояндаи худро бо ӯ пайвастааст.

Нурсултон Назарбоев,

собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Маро кӯшишҳои хастанопазирии Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самари нек хоҳад овард.

Кочерил Нараянан,

собиқ Президенти Ҳиндустон

Ветнам ҳамеша бо таваҷҷуҳ рӯйдодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ намуд, бо хушнудӣ истиқбол мекунад, ки Тоҷикистон татҳи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Чан Дай Куанг,

собиқ Президенти Ҷумҳурии

 Сотсиалистии Ветнам

Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист формулаи сулҳу ҷанги бародаркушро ёбад.

Расул Ҳамзатов,

Шоири халқии Доғистон

Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ин ҷо – Тоҷикистон, балки дар Амрикову Аврупо ва дар ҳама ҷо маҳбубият дорад ва дӯсташ медоранд. Дӯстони ман дар Амрико мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон  аҷаб мардест, ки тавонистааст пеши роҳи нодонӣ, нооромӣ ва бесуботиро бигирад ва ба мардумаш сулҳ оварад. Ин қадар донишгоҳ дар Тоҷикистон таъсис шуда ва ин имкон медиҳад, то афкори мардум пеш равад. Вақте фикри мардум боз мешавад, мамлакат дар ҳоли пешрафт қарор мегирад. Ҳазорон дуруд ва сипос ба ин абармарди таърихи Тоҷикистон!

Масъуди Сипанд,

шоир, достоннавис ва рӯзноманигори эронитабори

муқими иёлати Калифорнияи Амрико

Дар симои Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин шахси бузург бо зинда кардани номи алломаҳои миллат, номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, амонию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузург дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд.

Чингиз Айтматов,

Нависандаи халқии Қирғизистон

Мисли он ки аз баракати талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон руҳи Сомониёни бузург пас аз ҳазор сол эҳё ва парчами давлатдории тоҷикон то абад пойдор гардид, ҳамчунон, номи ӯ низ дар ҳофизаи наслҳои сипосгузори баъдӣ абадан боқӣ хоҳад монд.

Лоиқ Шералӣ,

Шоири Халқии Тоҷикистон

Таҳияи Бунафша Раҳмонова, Медиатекаи Президенти Тоҷикистон