Соҳибқирони шоирӣ устод Рўдакист…

22-уми сентябр Рӯзи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакист. Ин матлаб ба ҳамин муносибат аст. Дар бораи устоди ҳама шоирони олам. Дар бораи азизе, ки зиёда аз даҳ аср аст шеъраш вирди забонҳост. Шахсе, ки дар ин беш аз ҳазор сол ҳам қиммати як байташ кам нашуд. Шоири шоирон, устоди устодон. Шоире, ки ба таври ҳамешагӣ номи устодӣ дар шеърро ба худ ихтисос дод ва ин беш аз ҳазор сол вай барои шоирони ҳамаи наслҳо устод монд.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад машҳур ба Рўдакӣ шоир, асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик соли 858 дар деҳаи Рўдак, ҳозира Панҷрўди шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Бачагиаш дар деҳаи хурди номашҳури канори силсилаи кўҳҳои Зарафшон гузаштааст. Дар ин ҷо ў аз халқ суруду мусиқӣ меомўхт, аз манзараҳои рангини табиат ва рўзгори мардуми меҳнатдўсти кўҳистон илҳом мегирифт. Ба суруду наво аз кўдакӣ шавқи беҳад дошт. Овози дилкаш ва ҳунари мусиқидонии ў ба яке аз навозандагони моҳир, ки Бахтиёр ном дошт, хеле хуш омад. Ба ривояте пас аз чандин сол Бахтиёри мўйсафед чангашро ба Рўдакӣ бахшидааст, то дар деҳоти кўҳистон гашта, дилу рўҳи мардумро бо таронаву навоҳо шод намояд. Рўдакии ҷавон ҳамчун чангӣ овоза пайдо кард, аммо ташнаи дониш буд ва ба даргоҳи илму маърифат, ба мадрасаҳои Самарқанд рў овард.

Пас аз солҳои зиёде овозаи сарояндагиву навозандагии Рўдакӣ ва дониши фаровони ў ба гўши сарварони мамлакат расид ва ў ба пойтахти Сомониён шаҳри Бухоро даъват шуд. Рўдакӣ дар андак муддат шоири бузурги дарбор гардид, овозаи ў сар то сари мамлакат паҳн шуд, вале ў зодгоҳаш – деҳаи хурдакаки Рўдакро, ки даврони бачагиаш он ҷо гузашта, аввалин шодмониҳои шоири халқ буданро он ҷо ҳис карда буд, фаромўш накард, номи онро барои худ тахаллус гирифт. Рўдакӣ дар даргоҳи Сомониён шуҳрат ва сарвати фаровоне ёфт, вале ин ҳама хушбахтии яклаҳзаина ва фиребанда буд. Ўро маҷбур карданд, ки дар ситоиши шукўҳи дарбор, салтанати шоҳ ва дурўғу фиреби дарбориён шеър гўяд, ки ин барои чунин як шоири соҳибистеъдод фоҷиаи бузурге буд. Мувофиқи ривояти солноманависони дарбор шоир дар охири умр аз давлатдорон беилтифотӣ дида, дар ҳолати пириву нотавонӣ аз дарбор ронда мешавад ва ба ривояте мил ба чашмонаш кашида, кўраш кардаанд; ба ривояти дигар Рўдакӣ гўё кўри модарзод будааст.

Антрополог М. М. Герасимов, ки аз рўи косахонаи сари шоир сурати зоҳирии ўро барқарор намудааст, ба хулоса омад, ки Рўдакӣ дар синни камолот кўр карда шудааст. Ва бо ҳамин хулосаи тадқиқоти С. Айниро дар бораи аз дарбор ронда шудани Рўдакӣ собит кард. С. Айнӣ ба таҳқиқ ҷои қабри шоирро ёфта, муаммои рўзҳои охири ҳаёти шоир ва вафоти ўро равшан сохт ва барои беҳтар фаҳмидани эҷодиёти ў замина ба вуҷуд овард. Вале ў ба кўри модарзод будани Рўдакӣ муътақид буд. Оид ба зиндагии пурфоҷиаи Рўдакӣ дар охири умраш дар баъзе порчаҳои шеърии ҳасбиҳолӣ (шеър дар бораи се пироҳани Юсуф) ва қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ишораҳо шудаанд:

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,

Шуд он замона, ки ў шоири Хуросон буд.

Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,

Асо биёр, ки вақти асову анбон буд.

  Сабаби аз дарбор ронда шудани Рўдакӣ маълум нест. Эҳтимол, яке аз сабабҳои ин муносибати хайрхоҳонаи ў ба яке аз қиёмҳои халқӣ зери ливои қарматия бошад, ки дар Бухоро рўй дода буд. Рўдакӣ аз замонадорон беилтифотӣ дида, бошад ҳам, ҳамдиёронаш иззату эҳтироми ўро ба ҷо меоварданд ва шоир ниҳоят дар байни онҳо аз дунё даргузашт.

  Аз мероси бузургу гаронбаҳои бадеии Рўдакӣ имрўз танҳо абёти пароканда боқӣ мондааст. Вале аз ҳамин ашъори пароканда ҳам бузургии шоир ба хубӣ эҳсос мешавад. Шояд аз парокандагӣ ва нотамомии абёт мустаҳкамии композитсия, шавқангезии сюжет ва дурахши бадеии шеъри ў барҷаста намоён набошад. Аммо гоҳо як мисраъ ҳам бузургии шоирро ба назари мо ҷилвагар месозад. Мо Рўдакиро аз рўҳи инсонпарваронаи шеъри ў, аз образҳои нотакрору ҷовидонӣ ва гардишҳову хулосаҳои аҷоиби файласуфонааш мешиносем.

          Ҷиҳати ҷолиби таваҷҷўҳи назми Рўдакӣ, пеш аз ҳама он аст, ки дар шеъри ў, хоҳ сатрҳои ошиқона бошанд, хоҳ панд ва хоҳ шикояту гилагузорӣ, эҳсоси инсон суруда шудааст; ҳама ашъори шоир саршор аз андеша дар сари тақдири инсон аст. Ў яке аз аввалин классикони шеъри форсист, ки ба тасвири инсон таваҷҷуҳ карда, шахсияти инсонро ба адабиёт ворид кард. Дар шеъри Рўдакӣ ғайр аз тасвири табиат, талқини хирад, васфи шоҳон, ашрофон ва паҳлавонон, пеш аз ҳама, дар мадди назар инсони оддӣ, фарди ҷамъиятӣ қарор гирифтааст. Рўдакӣ дар мадҳияҳояш ҳам суннатҳои маъмули таърифу тавсифи бардурўғро вайрон кард. Ў ҳангоми васфи шоҳону вазирон саъй кардааст, ки ба замири дилашон роҳ ёбад ва онҳоро ба роҳи одамгарӣ ҳидоят фармояд. Гуманизми Рўдакӣ дар ашъори ахлоқию иҷтимоии ў боз ҳам равшантар зоҳир гардидааст. Рўдакӣ омўзгори бузурги ахлоқ аст. Дар шеъри ў ахлоқи пок, одамият, инсонпарварӣ, ақлу хирад, илму дониш ва мардиву бузургӣ талқин шудааст. Рўдакӣ маънии Ҳаёт ва моҳияти рўзгори инсонро дар он медонад, ки мардум умрашонро ба беҳудагӣ нагузаронанд, аз паи кореву ҳунаре шаванд, касеро наёзоранд, нексиришту неккирдор бошанд. Аз назари Рўдакӣ ин ҷаҳон дарёест ва аз он танҳо бо киштии некию некўкорӣ гузаштан мумкин аст. Бузургтарин омўзгори инсон барои Рўдакӣ таҷрибаи зиндагист. Ҳар кас, ки аз баду неки зиндагӣ ибрат гирифтааст, ҳама мушкилоти рўзгорро ба осонӣ бартараф карда метавонад. Аз бисёр шеърҳои ў бар зидди замон ва нобаробариҳои иҷтимоӣ садои эътирози сахте шунида мешавад. Шоири инсонпарвар дар муқобили сарвату неъмати давлатмандон тангдастию бечорагии камбағалонро дида, ба алам мегўяд:

Басо касо, ки ҷавин нон ҳаменаёбад сер,

Басо касо, ки барра асту фархаша бар хон-ш.

  Рўдакӣ сарояндаи рўзгору меҳнати пурфайзи деҳқонон будааст, аз ҳар мисраъ ва байташ бўи замин ва меҳнати деҳқон эҳсос мешавад. Аз хурдӣ ба рангу бўи кўҳистон, наъраву туғёни дарё, ҷилову рангбозиҳои табиат ва чаҳ-чаҳи булбулону навои мурғони хушхон одат карда буд. Ҳамаи ин баъдтар дар шеъри ў аксандоз гардид. Аммо равшантар аз ҳама дар шеъри Рўдакӣ рўзгори деҳқонони нексиришту пурғайрат, ташвишу тараддуди онҳо акс ёфтааст. Дар бисёр шеърҳои Рўдакӣ равиши кори деҳқон тасвир гардидааст: аз паи кишти баҳорӣ мавсими дараву хирман меояд, кори хирман бо хушнудӣ анҷом меёбад, иди Меҳргон фаро мерасад, мардум ба муборакбодии ҳосили нав рақсу бозиҳо мекунанд, боз давраи тирамоҳу шудгор мешавад ва ғайра. Рўдакӣ дар кўҳистон қадри кор, лаззати нон ва талхию душвориҳои рўзгорро дида буд, фаро расидани баҳори шукуфон ва тирамоҳи пурфайзро дўст медошт, далерӣ, мардонагӣ ва дилкушодии барзгарон, чўпонон ва ҳунармандони диёри азизашро пос медошт. Баробари ин дар шеъри Рўдакӣ муҳити шаҳр, зиндагӣ ва омоли аҳли он – табибон, косибон, олиму шоирон, котибон ва дигарон инъикос ёфтааст.

Рўдакӣ шоири далер, озодихоҳ, зиндагишинос ва навовар буд. Ў бо як ҷаҳон эҳсосу дили пурандеша ба остони пуртакаллуфи дарбор расид, аммо худашро гум накард. Муҳити дарбор барои Рўдакӣ тангӣ мекард ва ў бо ҳунари баландаш ҳисори ин муҳитро рахна кард. Рўдакӣ зери таъсири қонунҳои назми мадеҳавӣ намонд, балки онҳоро мувофиқи салоҳдиду табъи шоирии хеш ба шакли нав мураттаб сохт. Навпардозиҳои ӯ дар мазмуну мундариҷа ва такомули жанри қасида зоҳир гардиданд. Вай ин навъи шеъриро, ки аслан мазмуни мадҳӣ дошт, зебу орои наве бахшид ва аз ҳар ҷиҳат онро ғанӣ сохт. Намунаи комили қасидаи ҳасбиҳолӣ «Шикоят аз пирӣ» мебошад. Аз ин қасида рўзгори Рўдакӣ, ёди давраи ҷавонӣ, шаъну эътиборе, ки ў дар даргоҳи Сомониён дошт, инчунин хорию зорӣ ва афтодагиҳои айёми пирии шоир пеши назар меояд. Қасида мазмуни баланди фалсафӣ дорад. Шоири пурдида зимни тасвири вазъи зиндагии худ аз гардиши фалак, дигаргун шудани ҷаҳон андеша мекунад. Рўҳи оптимистии қасида ҳам хеле қавист. Агар аз аввалу охири он чанд байт ихтисор шавад, он гоҳ мо ба ҷои нолаи пирӣ таронаи ҷавонӣ ва хуррамию шодмониҳои зиндагиро мешунавем. Моҳияти ин «фоҷиаи некфарҷом»-и Рўдакиро маҳз ҳамин тазод, зиддияти ботинӣ, лаҳзаҳои бадал шудани шавқи ҷавониву хуррамӣ ба нолаи афсўсу надомат аз назар ниҳон мекунад. Ягонагии идеали эстетикиву ахлоқии шоир дар ин қасида хеле барҷаста ифода ёфтааст:

Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,

Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.

Шоир таъкид мекунад, ки дунё гирдгардон аст; ҳама чиз ба сурати аслии хеш бармегардад. Қасидаи дигари Рўдакӣ «Модари май» солҳои зиёде ҳамчун намунаи қасидаи классикӣ таҳлил мешавад. Пеш аз ҳама таркиби он классикист. Қасида аз ташбиб оғоз меёбад. Ин қисмат (байтҳои 1-21), ки васфи май ва роҳҳои тайёр кардани онро дар бар мегирад, мустақил буда, дар бораи май беҳтарин шеър ба шумор меравад. Шоир дар ин қисмат ба маҷоз рў овардааст: аз «модари май» – дарахти ток бачаи ў – ангурро гирифта, зиндонӣ мекунад. Сипас қисмати гурез (байтҳои 22-26) меояд. Шоир аз тасвири маҷозӣ ба воситаи байти зерин аз васфи май ба мадҳи мамдўҳ мегузарад:

Маҷлис бояд бисохта маликона,

Аз гулу аз ёсамину хайрӣ алвон.

Дар қисмати сеюм (байтҳои 27-24) қаҳрамони асосии қасида ҳукмдори Систон Абу Ҷаъфар мадҳ мешавад. Ниҳоят бо овардани номи шоир ва мамдўҳ ва таърифҳои баланд қасида (байтҳои 75-95) хатм меёбад. Дар қасидаи «Модари май» мадҳи шахсияти мамдўҳ чизи асосӣ нест. Ин ҷо ҳамаи он чизе ки гўё аз сюжети асар ҷудо ба назар мерасад, махсусан қисмати ахлоқии қасида, ки андешаҳои инсонпарваронаи шоир дар бораи хираду одамият дарҷ шудаанд, чизи асосӣ мебошад. Масалан, дар ин байт шоир хираду ҳикматро тарғиб менамояд:

Марди адабро хирад физояду ҳикмат,

Мади хирадро адаб физояду имон.

Чунин байтҳои ҳикматдор дар «Модари май» бисёранд ва бори асосии қасида ҳам бар дўши онҳост. Ҳамчунин, муроди Рўдакӣ дар ин қасида танҳо таърифи маҳзи Абу Ҷаъфар набудааст. Шоир дар шахси вай ҳукмрони идеалиеро орзу кардааст, ки адлу дод дошта бошад ва халқу кишварро осудаву обод нигоҳ дорад. Ба қавли шоир шоҳе мебояд, ки «малики адлу офтоби замона» бошад ва:

                                       Бастаи гетӣ аз ў биёбад роҳат,

                                       Хастаи гетӣ аз ў биёбад дармон.

      Ғазалу қасида то замони Рўдакӣ дар адабиёти араб вуҷуд дошта, пайдоишу инкишофи онҳо то андозае ба таъсири адабиёти мазкур вобаста буд. Рубоӣ навъи адабии дар байни халқҳои эронинажод интишор ёфта (дар фолклор ва осори хаттӣ) ба ҳисоб меравад. Рўдакӣ ин навъи адабиро ҳам такмилу инкишоф дода, онро ба вазни арўз мутобиқ намуд, архитектоникаи дохилии онро мураттаб сохт ва яке аз аввалин шоирони рубоисарои адабиёти классикии форсу тоҷик гардид. Умуман, ҳар як навъи шеър, ки Рўдакӣ ба он даст задааст (аз байт то маснавии калонҳаҷм) на танҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва ғоя, балки аз ҳайси шаклу сохт ва архитектоника низ мукаммалу мураттаб мебошад.

Дар шеърҳои Рўдакӣ тақрибан тамоми санъатҳои бадеии маъмули шеъри адабиёти классикии форсу тоҷик – ташбеҳ, таҷнис, тафсир, суолу ҷавоб, таҷоҳули ориф, муболиға, маҷоз, киноя, истиора, муроотунназир, ирсоли масал, истидрок, тазод, таносуб, талмеҳ ва ғайра истифода гардидаанд. Дар асарҳои адабиётшиносии форсу тоҷик «Тарҷумо-ул-балоға»-и Родуёнӣ, «Шеър-ул-Аҷам»-и Шамси Қайси Розӣ ва ғайра доир ба ин саноеи бадеӣ аз ашъори Рўдакӣ ба сифати шоҳид абёти зиёде зикр шудааст. Ҳар яке аз санъатҳои бадеӣ дар шеъри Рўдакӣ мустақиман барои таҳнияти ин ё он мақсади эстетикӣ, на барои ороишу суханпардозӣ, истифода шудаанд. Масалан, санъати тазод ба мазмуну мундариҷа ва мавзуоти шеъри Рўдакӣ – тазоди Ишқу Хирад (Ақл), аз ҳар ҷиҳат ҳамоҳанг аст. Ин таъсири ҳамон муқобилгузории шуури ҳиссӣ ва ақлист, ки дар фалсафаи қадим ва асримиёнагии Эрон маълум буд. Ин хел муқобилгузорӣ дар категорияҳои мистикии «нафси кул», «ақли кул» ва рисолаҳои ратсионалистии Ибни Сино ҳам ифода ёфтааст. Дар порчаи зерин назари шоир ба таносуби Хирад ва Ишқ равшан ифода ёфтааст:

                          Чамани ақлро хазонӣ агар,

                          Гулшани ишқро баҳор туӣ.

                          Ишқро гар паямбарам, лекин,

                          Ҳуснро офаридгор туӣ.

        Асри Рўдакӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик асри такомул ва ташаккули сабки хуросонӣ мебошад ва Рўдакӣ яке аз бузургтарин намояндагони ин сабки адабӣ ба шумор меравад. Вале Рўдакӣ нисбат ба ҳамасрони худ дар сеҳри сухан, муҷазии тарзи баёну ифода аз ҳамасронаш фарқ мекунад. Дар адабиётшиносӣ баробари сабки хуросонӣ сабки Рўдакӣ ҷудо карда мешавад. Забони шеъри Рўдакӣ фасеҳу равон, содаву фаҳмост. Калимаҳо, таркибу иборотро Рўдакӣ аз забони зиндаи халқ гирифта, ба шеъри худ дохил кардааст. Баъди ҳазор сол ҳам калимаҳои истифоданамудаи Рўдакӣ ба оммаи васеи мардуми тоҷик фаҳмову равшан буда, имрўз ҳам дар истеъмоланд. Шоири халқ будани Рўдакӣ, ба барзгарону заҳматкашони деҳот наздик будани забон ва тарзи баёни ў аз қасоиду ғазалиёт ва абёти парокандааш аён аст. Рўдакӣ дар як қасида мегўяд:

То зиндаам, маро нест ҷуз мадҳи ту дигар кор,

Кишту дурудам ин аст, хирман ҳамину шудгор.

  Хулоса, шеъри Рўдакӣ на танҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷаи ғоявӣ ба ҳимояи манфиати мардуми одӣ нигаронида шудааст, балки аз ҷиҳати забону тарзи баён низ ба ин гурўҳи ҷамъиятӣ наздикӣ дошт. Рўдакӣ ҳанўз аз замони худ дар байни аҳли адаб, тазкиранигорон ва дигарон шуҳрати азим ва мақоми баланд дошт. Дар тамоми тазкираҳо, асарҳои адабиву таърихӣ номи Рўдакӣ чун шоири пурқудрату боистеъдод зикр гардидааст. Бисёр шоирон дар ашъори худ Рўдакиро бо эҳтиром ёдовар шуда, ўро «Одамушшуаро», «Соҳибқирони шоирӣ», «Устоди шоирони ҷаҳон» хондаанд. Масалан, чунин эҳтироми беандозаро мо дар байтҳои зерини Низомии Арўзии Самарқандӣ дида метавонем, ки бар зидди бадхоҳони шоири бузург гуфтааст:

Эй он ки таън кардӣ дар шеъри Рўдакӣ,

Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кўдакист.

К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,

Соҳибқирони шоирӣ устод Рўдакист.

Рӯдакӣ дар пажуҳиши ғарбиён

Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Рўдакӣ дар Ғарбу Шарқ таълифоту тадқиқоти зиёде ба миён омадааст. Омўзиши эҷодиёти Рўдакӣ аз ибтидои асри 19 шуруъ шуда буд. Аввалин шахсе, ки дар Ғарб аз шоирию навозандагии Рўдакӣ ва соҳибдевон будани ў хабар додааст, сайёҳи фаронсавӣ, муаллифи асари «Эрон» (с.1814) Амаде Журден буд. Дар ин давра дар асари шарқшиноси австриягӣ Ҳаммер-Пургштал («Таърихи шеъри форсӣ», с.1818) ва китоби Луи Дюбо «Эрон» (с.1841) низ оид ба шарҳи ҳолу аҳволи Рўдакӣ маълумот ба табъ расид.

Аз нимаи дуввуми асри 19 бо ташаббуси олими олмонӣ Ҳерман Эте дар омўзиши эҷодиёти Рўдакӣ дигаргунии ҷиддӣ ба миён омад. Ў дар мақолаи «Рўдакӣ – шоири Сомониён» (с.1873) маълумоти сарчашмаҳоро ҷамъбаст кард ва ашъори ба Рўдакӣ мансубро аз 23 маъхаз ҷамъ ва тарҷума  намуда, зимни мақолааш ба табъ расонд. Муҳаққиқон эҷодиёти шоирро асосан аз рўи шеърҳои ҷамъовардаи ў тадқиқ кардаанд. Эте инчунин «кўри модарзод» будани Рўдакиро ба зери шубҳа гирифт ва муҳаққиқон минбаъд ба ин масъала диққати махсус доданд.

Муҳаққиқи фаронсавӣ Ҷ. Дармстетер дар китоби «Пайдоиши шеъри форсӣ» (с.1887) ба таҳлили шеъри Рўдакӣ пардохта, ба он баҳои баланд дод ва Рўдакиро ба Ҳомери юнонӣ монанд кардааст.

Олими инглис Чарлз Ҷ.  Пикеринг дар мақолаи «Чосери эронӣ» (с.1890) замони Рўдакӣ ва рўзгори вайро бо вазъи Ғарб муқоиса карда, навишта буд: «Дар ҳамин ҳангоми  тирагӣ ва таваҳуши Европа буд, ки ситораи тобноки Рўдакӣ дар уфуқи ашъори форсӣ дурахшидан гирифт».

 Ҳолу аҳволи Рўдакӣ инчунин дар асарҳои дигари Ҳ. Эте «Адабиёти нави форсӣ» (с.1896-1904), Паул Ҳорн «Таърихи адабиёти Эрон» (с.1919), олими амрикоӣ Уилямс Ҷексон «Шеъри қадими Эрон» (1920), «Таърихи адабиёти форс-тоҷик»-и олими чех Ян Рипка (тарҷумаи русиаш Москва, 1970) ва ғайра шарҳ дода шудааст.

Дар адабиётшиносии Шарқ усули нави тадқиқи мероси бадеии Рўдакӣ аз аввали асри 20 оғоз ёфт. Дар ин солҳо китоби олими бузурги урду Шиблии Нуъмонӣ «Шеър-ул-Аҷам» ба табъ расид, ки дар бораи Рўдакӣ маълумоти муфассалеро дар бар мегирад. Асари сеҷилдаи олими эронӣ Саид Нафисӣ «Аҳвол ва ашъори Абў Абдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рўдакӣ» (с.1930-1940) дар омўзиши ҳаёт ва эҷодиёти Рўдакӣ бузургтарин комёбӣ буд. Асарҳои олимони эронӣ Ризозодаи Шафақ «Таърихи адабиёти Эрон» (с.1943), Забеҳуллоҳи Сафо «Таърихи адабиёт дар Эрон» (с.1955) ва Ҳушанги Муставфӣ «Шуарои бузурги Эрон» (с.1934) низ дар бораи Рўдакӣ маълумоти ҷолиб медиҳанд.

Аз шарқшиносони рус А. Кримский дар асараш «Таърих Эрон, адабиёт ва тасаввуфи он» (с.1914) аввалин маротиба оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Рўдакӣ муфассал маълумот дод. Ва ин номгӯро боз метаовн идома дод…

Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик».

Душанбе, 1986. – Ҷ.6. – С. 448-453.

Дар Китобхонаи миллӣ аз устод Рӯдакӣ ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро суроғ кунед:

Зеҳнӣ, Т. Шоири бузурги нахустини тоҷикон: Бахшида ба ҳазорсолагии Абуабдулло Рўдакӣ //Овози тоҷик. – 1925. – 7 август.

Айнӣ, С. Қабри устод Рўдакӣ ва деҳаи Рўдак //Шарқи Сурх. – 1940. – №5. – С.25-27.

Дар бораи гузаронидани ҷашни 1100-солагии рўзи таваллуди классики бузурги адабиёти тоҷик Рўдакӣ: Қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон //Бадахшони советӣ. – 1955. – 25 июн.

Портрети устод //Тоҷикистони Советӣ. – 1956. – 11 декабр.

Куинова, Б. Устоди назми абад зинда: Расми Рўдакӣ //Занони Тоҷикистон. – 1957. – №6. – С. 16.

Белинская, Н. Ёдгориҳои санъати замони Рўдакӣ //Маданияти Тоҷикистон. – 1958. – №2. – С.17-19.

Шароф, С. Шоҳиди маданияти бузурги қадим: Оид ба асрва замони Рўдакӣ // Тоҷикистон. – 1958. – №11. – С.8.

Ҷалилов, А. Аз таърихи ҳаёти мадании замони Рўдакӣ // Шарқи Сурх. – 1958. – №1. – С.72-84.

Алиев, Ғ. Дар бораи «Калилаву Димна»-и Рўдакӣ // Шарқи Сурх. – 1958. – №10. – С.117-126.

Бақоев, М. Ашъори лирикии Рўдакӣ //Маданияти Тоҷикистон. – 1958. – №7. – С.13-16.

Мирзозода, Х. М. Рубоиҳои Абўабдулло Рўдакӣ. – Дар китоби «Устод Рўдакӣ» //Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко. – Сталинобод, 1958. – С. 5-33.

Мирзозода, Х. Рўдакӣ ва такомулоти шакли назми рубоӣ. – Дар китоби «Рўдакӣ ва замони ў». – Душанбе, 1958. – С. 142-146.

Асари саҳнавӣ доир ба Рўдакӣ //Маданияти Тоҷикистон. – 1958. – №7. – С. 34.

Асрорӣ, В. Оҳанги халқӣ дар эҷодиёти Рўдакӣ. Устод Абўабдулло Рўдакӣ /Институти давлатии педагогии Тоҷикистон. – 1958. – С. 34-52.

Кимёгаров, Б. Фильм дарбораи устод Рўдакӣ: Қисмати шоир //Шарқи Сурх. – 1958. – №10. – С. 32-35.

Герасимов, М. Портрети ҳуҷҷатии Рўдакӣ //Тоҷикистони Советӣ. – 1958. – 16 октябр.

Акобиров, Ю. Рўдакӣ: Песа //Комсомоли Тоҷикистон. – 1958. – 18 июн.

Бобоҷон, А. Боғбон: Шеър ба устод Рўдакӣ //Тоҷикистон. – 1958. – №9. – С. 4.

Давлатов, М. Рўдакӣ дар ашъори шоирони советии тоҷик //Газетаи муаллимон. – 1958. – 24 июн.

Абдуллоев, Х. М. Муваффақиятҳои нав орзўмандем: Оид ба ҷашни 1100-солагии Рўдакӣ //Тоҷикистони советӣ. – 1958. – 15 октябр.

Аз қаъри асарҳо то рўзҳои мо: Ба муносибати ҷашни 1100-солагии Рўдакӣ //Тоҷикистони советӣ. – 1958. – 15 октябр.

Амонов, Р., Шукуров, М. Рўдакӣ ва халқ //Газетаи муаллимон. – 1958. – 16 октябр.

Асарҳои беҳтарин эҷод кунем: Ба ҷашни 1100-солагии Рўдакӣ //Маданияти Тоҷикистон. – 1958. – №2. – С. 20-21.

Зеҳнӣ, Т. Ихтисорот ва тағьирот дар осори Рўдакӣ //Газетаи муаллимон. – 1959. – 20 январ.

Икромӣ, Ҷ. Қисмати шоир: Дар бораи Рўдакӣ //Тоҷикистони Советӣ. – 1959. – 16 июн.

Деҳаи Панҷрўд – зиёратгоҳи умум: Дар бораи мақбараи Абуабдулло Рўдакӣ //Маориф ва маданият. – 1960. – 23 август.

Раҳмонов, М. Омўхтани «Калила ва Димна»-и устод Рўдакӣ дар синфи IX //Мактаби Советӣ. – 1961. – №11. – С.17-22.

Мирзозода, Х. Материалҳо аз таърихи адабиёти тоҷик: Дар бораи мундариҷаи ғоявии рубоиёти Рўдакӣ. – Душанбе, 1962. – С. 20-35.

Алтман, Х. «Алқонун»-и Ибни Сино ба забони румини //Ўзбекистони Сурх. – 1963. – 20 январ.

Наққош, Ҳ. Паҳнкунандаи шўҳрати Рўдакӣ дар Шарқи Араб: Донишманди адабиёти форсу тоҷик, профессор Ҳусайн – Алӣ Маҳфуз //Маориф ва маданият. – 1963. – 12 сентябр.

Беҳбудӣ, Н. Мулоҳизаҳо оид ба забони осори Рўдакӣ. – Дар китоби «Баъзе масъалаҳои забоншиносии тоҷик». – Душанбе, 1964. – С. 116-138.

Атобуллоев, С. Забони макони Рўдакӣ: Дар бораи шеваи забони мардумони райони Панҷакент //Маориф ва маданият. – 1968. – 22 октябр.

Хонларӣ, П. Н. Дар сарзамини Рўдакӣ: Базми сухан дар Тоҷикистон //Садои Шарқ. – 1968. – №4. – С.69-73.

Нарзиев, А. Дар музеи устод Рўдакӣ: Дар бораи музеи таърихӣ кишваршиносии республикавии ба номи устод Рўдакӣ, ш.Панҷакент //Маориф ва маданият. – 1968. – 21 ноябр.

Дар пояи ҳайкали устод Рўдакӣ: Расм //Маориф ва маданият. – 1968. – 22 октябр.

Яктоӣ, М. Дар қадамҳои Рўдакӣ: Шеъри раиси китобхонаи ш. Теҳрон //Маориф ва маданият. – 1968. – 11 июн.

Зиёратгоҳи муборак: Мақолаи редаксия бо расм дар бораи диёри Рўдакӣ, ш. Панҷакент //Пионери Тоҷикистон. – 1969. – 30 июл.

Хонларӣ, П. Н. Аз шаҳри Ҳофиз то диёри Рўдакӣ //Садои Шарқ. – 1971. – №11. – С.121-127.

Мирзоев, А. Ду фикри ғалат роҷеъ ба як қасидаи машҳур: Дар бораи қасидаи «Бўи ҷўи мўлиён»-и А. Рўдакӣ //Садои Шарқ. – 1971. – №9. – С. 127-130.

Ҳусейнзода, Ш. Майлҳои асосии назми асри X: Солонаи устод Рўдакӣ //Маориф ва маданият. – 1971. – 18 ноябр.

Афсаҳзод, А. Шарҳи ҳоли Рўдакӣ дар «Баҳористон»-и Ҷомӣ //Маориф ва маданият. – 1971. – 18 ноябр.

Рўдакӣ дар Эстония: Ҷилди алоҳидаи «Шеърҳо»-и А. Рўдакӣ ба забони эстонӣ //Садои Шарқ. – 1971. – №7. – С. 158.

Дўстов, Б. Дар маҷлиси устод Рўдакӣ: Солонаи сеюми Абуабдуллоҳи Рўдакӣ //Маориф ва маданият. – 1972. – 14 октябр.

Суханони ҳикматноки китоби «Калила ва Димна»: Гирдоваранда С. Исоев //Коммунисти Қўрғонтеппа. – 1973. – 10 феврал.

Рўдакӣ. Аз «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ (нашри Аббос Иқбол): Байтҳо //Садои Шарқ. – 1973. – №7. – С.141-145.

Наимбоев, С. Мавқеи такрор дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Рўдакӣ //Мактаби Советӣ. – 1973. – №1. – С.29-31.

Солеҳ, Б. М. Ба устод Рўдакӣ: Шеър //Садои Шарқ. – 1973. – №9. – С. 81.

Уно, Л. Нигоҳи шоир: Ба А. Рўдакӣ / Тарҷумаи Ҳ. Раҳмат //Маориф ва маданият. – 1973. – 19 май.

Усмонов, А. Конференция бахшида ба ҷашни «Солонаи Рўдакӣ» //Маориф ва маданият. – 1973. – 24 июл.

Ҳодизода, Р. Дар бораи санъати назми Рўдакӣ. – Дар китоби Ҳодизода Р. «Аз гузашта ва ҳозираи адабиёти тоҷик». – Душанбе, 1974. – С. 3-21.

Гешшуев, М. Рўдакӣ: Шеър / Тарҷумаи С. Маъмур. – Дар китоби «Меҳрнома». – Душанбе, 1974. – С. 150-152.

Маъмур, С. Рўдакӣ: Шеър //Тоҷикистони советӣ. – 1974. – 31 март.

Каримов, У. Риштаи абёти парешон: Дар бораи «Калилаву Димна» ва «Синдбоднома»-и устод Рўдакӣ //Садои Шарқ. – 1976. – №9. – С.136-138.

Байрамбекова, М. Рўдакӣ: Шеър //Бадахшони советӣ. – 1977. – 24 апрел.

Партоев, М. Таълими ҳаёт ва эҷодиёти Рўдакӣ дар синфи IV : Аз таҷриба //Мактаби Советӣ. – 1978. – №6. – С.23-24.

Абдуллоев, А. Рўдакӣ ва Унсурию Фаррухӣ //Маориф ва маданият. – 1978. – 29 август.

Миров, Т. Таълими фикрҳои панду ахлоқии устод Рўдакӣ вобаста ба эҷодиёти ҳамзамононаш дар синфи 8 //Мактаби Советӣ. – 1982. – №1. – С.24-26.

Амонов, Р. Номбардори бузургон: Рассоми номӣ М. М. Герасимов, ки дар зодгоҳи Рўдакӣ мақбара ва дар ш. Душанбе муҷассамаи шоирро бунёд кардааст //Садои Шарқ. – 1982. – №9. – С.101-114.

Қудратов, Р. Бўи ҷўи мўлиён: Доир ба зиёрати мақбараи Рўдакӣ дар Панҷрўд //Машъал. – 1982. – №11. – С.15.

Алимардонов, А. Оид ба маъхази «Калила ва Димна» //Садои Шарқ. – 1983. – №2. – С.89-92.

Раҷаб, Т. Чанд рўз дар зодгоҳи Рўдакӣ: Аз дафтари журналист //Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 9 октябр.

Қудратов, Р. Мужда пас аз ҳазор сол: Доир ба таърихи қабри Рўдакӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 13 июл.

Мухтор, Ш. Осори Рўдакӣ дар Франса //Садои Шарқ. – 1984. – №9. – С. 126-129.

Ҳусейнзода, Ш. Ишқи Рўдакӣ: аз ашъори шоир //Ҳусейнзода Ш. «Гуфтор аз ганҷи сухан». – Душанбе, 1985. – С. 155-160.

Ҳодизода, Р. Шеъри Рўдакӣ // Амонов Р., Абдувалиев А. Китоби хониш барои синфи 3. – Душанбе, 1985. – С. 82-86.

Давронов, А. Муждаи сеҳри сухан: Осори Рўдакӣ дар Арманистон //Адабиёт ва санъат. – 1985. – 28 март.

Насриддинов, А. Маънигузорӣ дар назми Рўдакӣ ва муосирони ў //Садои Шарқ. – 1985. – №9. – С. 105-112.

Ҳодизода, Р. Пеш аз Рўдакӣ: Чанд мулоҳиза ва фарзия //Садои Шарқ. – 1986. – №9. – С.116-122.

Абдуллоев, А. Рўдакӣ косиб ҳам буд: Ёде аз гузаштагон //Комсомоли Тоҷикистон. – 1986. – 21 март.

Мухторов, А. Мероси Рўдакӣ дар Банғола: Нусхаи нави байтҳои устод Рўдакӣ аз кутубхонаи Калкаттаи Ҳиндустон //Адабиёт ва санъат. – 1987. – 5 феврал.

Шакурӣ, Б. Рўдак дар Шинг ё Панҷрўд: Баҳс дар атрофи мақолаи Адаш Истад «Зодгоҳи Рўдакӣ дар куҷост?» «Адабиёт ва санъат, 26 июли соли 1990» //Адабиёт ва санъат. – 1990. – 16 август.

Шукрулло, К. Ёди ёри меҳрубон: Оид ба забони шеърии Рўдакӣ //Садои Шарқ. – 1991. – №9. – С.135-140.

Қосимова, М. Монандкунӣ (муқоиса) ва воситаҳои ифодаи он дар ашъори Рўдакӣ //Мардумгиёҳ. – 1997. – №12. – С.116-128.

Рўдакӣ, А. Рубоиёт //Адабиёт ва санъат. – 2001. – 23 март.

Сабзаев, С. Сухан рўдакивор некў бувад: Дар бораи ашъори устод Рўдакӣ /М. Акбарзод. – Душанбе: Адиб, 2008. – 32 с.

Назир, У. Устод Рўдакӣ шуарои сарзамини Ҳинд //Адабиёт ва санъат. – 2010. – 15 июл.

Самад, В. Рўҳпайвандии Рўдакӣ ва Низомӣ: 22 сентябр – Рўзи Рўдакӣ //Ҷумҳурият. – 2011. – 22 сентябр.

Назрулло, Ҳ. Як умр бо ёди устод: 22 сентябр – Рўзи Рўдакӣ буд //Садои мардум. – 2011. – 28 сентябр.

Муҳаммадиев, Ш. Шеъри Рўдакӣ ва истиқлоли миллии мо: 22 сентябр Рўзи Рўдакӣ буд //Садои мардум. – 2012. – 24 сентябр.

Саидакбар, Л. Дардҳои кўҳна: Рўзи рўдакихонӣ //Чархи гардун. – 2013. – 18 сентябр.

Муродӣ, А. Ормогоҳи одамушшуаро: Бахшида ба рўзи Рўдакӣ //Омўзгор. – 2013. – 20 сентябр.

Хуросонӣ, А. М. Сарчашмаҳои қаламии қасидаҳои «Бўи ҷўи мўлиён»: 22 сентябр – Рўзи Рўдакӣ //Ҷумҳурият. – 2013. – 21 сентябр.

Шарипов, Ҳ. Забони Рўдакӣ ҳаргиз намирад: 22 сентябр дар Тоҷикистон мардум «Рўзи Рўдакӣ»-ро таҷлил менамоянд //Садои мардум. – 2013. – 8 октябр.

Қосимӣ, М. Муаррифӣ ва тасҳеҳи чанд байти нав аз устод Рўдакӣ //Адабиёт ва санъат. – 2013. – 14 феврал.

Маҳкамов, С. Устоди шоирони ҷаҳон: 22 сентябр Рўзи Рўдакӣ //Бонувони Тоҷикистон. – 2013. – сентябр.

Қудратов, Р. Шеъри парниён аз санги хора: 22 сентябр – Рўзи Рўдакӣ //Ҷумҳурият. – 2014. – 20 сентябр.

Қудратов, Р. Шеъри ўро баршумурдам: Сездаҳ раҳ сад ҳазор: 22 сентябр Рўзи Рўдакӣ //Садои мардум. – 2014. – 20 сентябр.

Аслонова, Н. Ишқ дар эҷодиёти устод Рўдакӣ //Садои мардум. – 2014. – 20 сентябр.

Мулоаҳмад, М. Рўдакӣ – тараннумгари шодиву нишот: Ба ифтихори Рўзи Рўдакӣ //Адабиёт ва санъат. – 2014. – 18 сентябр.

Муллоаҳмад, М. Рўдакишиносӣ дар давраи истиқлол //Адаб. – 2016. – №3. – С.12-18.

Қосимӣ, М. Хониш ва маънии як байт аз Рўдакӣ //Адаб. – 2016. – №3. – С.23-24.

Амирзода, С. Шоире, ки бақои исми ҷовидонӣ дорад: Абуабдуллоҳи Рўдакӣ //Адаб. – 2016. – №3. – С.19-24.  

Холова, Г. Фурўғ аз Рўдакӣ дорад: Оид ба бузургвори сухан Абуабдуллоҳи Рўдакӣ //Паёми Душанбе. – 2017. – 13 январ.

Раҳим, А. Шод зӣ, шод!: Оид ба панди гуҳарбори устод Рўдакӣ «Шод зӣ, шод!» //Садои Шарқ. – 2017. – №1. – С.136-138.

Таҳияи Истампулод Ормонов

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ