Соате бо “Хаёлпараст” дар маҳфили “Фурӯғ”

Соате бо “Хаёлпараст” дар маҳфили “Фурӯғ”Фикру хаёл ва андешаҳои пароканда, орзуҳои ширин ва умедвориҳои зиёд  ки ҳар яки моро ҳамарӯза пайгир аст, шираи афсонаи машҳури “Хаёлпараст” аст. Ин афсонаро хонандагони хурдсоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар Китобхонаи миллӣ имрӯз зимни баргузории маҳфили “Фурӯғ” миёни ҳам баҳсу мунозара карданд. Яке қисмати ҷолиби афсона ва тухмҳои сабадро нақл мекарду дигаре бо илова мехост идомаи афсонаро худаш айнан бо мисолҳои ҳаёти ҳаррӯза наздик созад. Маҳфили “Фурӯғ” бисёр ҷолиб сурат мегирад. Кӯдакон мехоҳанд бо ҳамсолони худ бештар рақобат кунанд ва ҳар яке нишон диҳад, ки воқеан китобро хондааст. Ҳамчунин дар маҳфили мазкур адиби дӯстдоштаи бачаҳо Азизи Азиз ба иштирокдорон суолҳо пешниҳод мекунад ва тарзи баёни фикрро ба онҳо меомӯзонад.
Бояд гуфт, ки аксари ширкаткунандагон дар маҳфили “Фурӯғ” ҳамчунин иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст “ –ҳастанд ва дар маҳфил барои ғолиб омадан дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бештар омодаги мегиранд.

Ҳамчунин қайд бояд кард, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст “аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор мешавад.

Дар чор номинатсия он ҳамчунин, барои ба даст овардани Шоҳҷоиза рақобат сурат мегирад. Ҳар кадом аз барандагони шоҳҷоиза соҳиби 70 ҳазор сомонӣ хоҳанд шуд.

АфсонаБо ҳамин мақсад шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам ҳавасманднамоии насли наврас нисбат ба китобу китобхонӣ чунин маҳфилу чорабиниҳоро баргузор менамояд.

Ин навбат маҳфили “Фурӯғ” дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст “дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” доир гардида,  афсонаи машҳур ва дӯстдоштаи бачаҳо “Хаёлпараст”- ро дар он миёни ҳам суолу ҷавоб карданд. Ҷараёни маҳфилро хонандагони хурдсол метавонанд аз Телевизиони Баҳористон рӯзҳои наздик тамошо кунанд.

АФСОНАИ ХАЁЛПАРАСТ

Дар як деҳае пиразане зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз як мурғе дигар моле надошт. Ин мурғ ҳар рӯз яктоӣ тухм мезоид. Ин занак тухмҳоро ба сабаде нигоҳ медошт. Пиразан як писаре ҳам дошт, ки хеле танбал буд! Ҳеҷ коре намекард дар ҷои худ фақат хоб мерафт. Агар дар болояш жола борад ҳам аз ҷояш намехест.

Боре занак ба писараш гуфт:

— Ман пир шудам, дигар барои як луқма нон ҳам кор кардан бароям мушкил аст. Акнун вақти он расидааст, ки ту дар бораи кор фикр кунӣ. Ҳамаи мардҳо бо як коре машғуланд: аз пахта ҳосил мегиранд, боғеро обод мекунанд, бо ягон ҳунаре ва ё тиҷорате машғуланд. Ту ягон коре карда наметавонӣ, ҳунаре ҳам надорӣ, ҳадиақал бо тиҷорат машғул шав. Шояд ягон пули пучак кор кунӣ?

Ин гапҳоро гуфта, занак ба писараш сабадеро бо тухм дод. Аз бекорӣ писар бо тухмҳо сӯи бозор рафт. Рафт, рафту хаста шуд, писар. Ба таги як чанори ғафс хоб кард ва сабади пури тухмҳоро ба нӯги пояш гузошт. Чашмонашро пӯшиду ба хаёл рафт: «Дар ин сабад камаш панҷоҳ тухм ҳаст. Инро мефурӯшаму ба пулаш як хурӯсу чанд мурғ мехарам. Мурғ сад тухм мекунад. Аз сад тухм сад чӯҷа мебарояд. Чӯҷаҳо калон шуда, мурғ мешаванд. Мургҳо ҳам тухм мекунанд. Камаш панҷ ҳазор тухм мекунанд. Аз панҷ ҳазор тухм, панҷ ҳазор чӯҷа мегирам. Чӯҷаҳо ҳам калон шуда, мурғ мешаванд! Панҷ ҳазор мурғ! Ин мурғҳоро фурӯхта ба пулашон гӯсфанд мехарам. Ҳазор гӯсфанд! Гӯсфандҳо ҳам ана — мана нагуфта барра мезоянд. Баррачаҳо калон шуда, боз гӯсфанд мешаванд! Як рама гӯсфанд! Ин гӯсфандҳо ҳам барра мезоянду калон мешаванд. Ман соҳиби чандин рама мешавам! Нисфи гӯсфандонро мефурӯшаму ба пулаш қасре месозам, ки на камтар аз қасри подшоҳ! Баъд ман ба духтари худи подшоҳ хонадор мешавам! Подшоҳ давлату савлати маро дида, духтари зеботаринашро ба ман медиҳад. Мегӯянд, ки аз ҳама зеботарин ва аз ҳама бадфеълтарин ҳам духтари подшоҳ аст. Пас аз хонадор шудан, ғурурашро мешиканам ва маҷбур мекунам, ки гапамро гӯш кунад. Агар вай маро гӯш накунад, мана ин тавр як лағат мезанам!» Ин дам пои танбал ба чизи сахте расиду дард кард. Вай чашмашро кушода, чиро дид?! Сабадро дид, ки парида дар байни роҳ рафтасту тухмҳо шикастаанд. Як тухми бутун ҳам намондааст!