Соати тарбиявӣ дар шуъбаи кӯдакон ва наврасон. “Китоб сарчашмаи дониш”

Дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ соати тарбиявӣ дар мавзўи «Китоб сарчашмаи илму дониш» баргузор гардид. Муаллима дар оғоз гуфт:  Бузургу тавонманд он халқест, ки таърихаш, ҳастияш ҳамбастагӣ бо китоб дошта бошад. Хушо, ки тоҷикон аз ҳамин гуна халқҳоянд. Ниёгони барўманди халқи тоҷик китобро «ҷавшани ҷон», «чароғи раҳнамо», «аниси кунҷи танҳоӣ»-ву «фурўғи субҳи доноӣ» хондаанд.

Муҳаббат ва эътиқод ба китоб, муҳаббат ва эътиқод ба дониш ва хирад аст. Имрўз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанг меафзояд. Китоб ганҷинаи тафаккур аст, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами дониш аст, он дурри гаронбаҳоест, ки маънои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад, ҳар чи қадар мо онро азизу муътабар шуморем, он моро ба зинаҳои баланди илм, маърифат, инсофу одамият мекашад.

                             Китоб раҳнамоӣ,

                             Чароғи дидаҳоӣ.

                             Ҷаҳони ақлу дониш,

                             Ба рўи мо кушоӣ.

Китоб инсонро  аз ибтидо то интиҳои умр сабақомўз аст. Китоб дар ҳаёт чун омўзгори беминат хизмат намуда, инсонро ба ростиву накўкорӣ, хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ раҳнамоӣ мекунад.

Дар охир хонандагони фаъоли шуъба: Нозанини Шуҳрат, Исломзода Муҳаммад, Файзов Имрон, Алиев Ансорӣ, Каримзода Мадина, Шарифамоҳи Илҳом ва дигарон дар бораи китобхонию донишомўзӣ  фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд ва шеърҳо қироат намуданд, ки хеле ҷолиби диққат буд.

Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари

шуъбаи кӯдакон ва наврасон.