Содиқҷон Бобозода: Назаре ба мафҳуми “Энергияи сабз”

Энергияи сабзДар замони муосир ҷаҳон аз ҳарвақта бештар ба “Энергияи сабз” ниёз дорад, зеро пешгирӣ намудани хатари таҳдидҳои муҳити зист маҳз бо тавлиди ҳарчи зиёдтари ин намуди энергия алоқаманд дониста мешавад. Хушбахтона, кишвари обшори тоҷикон дар раддабандии истеҳсолӣ “Энергияи сабз” дар байни шаш кишвари пешрафтаи сайёра қарор дошта, аз лиҳози экологӣ яке аз амнтарин мамлакатҳои олам маҳсуб меёбад.

Ин далел, ки тибқи тадқиқоти пайвастаи мутахассисони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва энергетикӣ ба даст омадааст, шаҳодати ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод мегардад. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 95 дарсади энергияи истеҳсолиро ана ҳамин намуди энергия ташкил медиҳад ва бо як ҷаҳон тафохур метавон афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз тавассути истеҳсоли “Энергияи сабз” ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва асосии Ҳукумати кишвар дониста шуда, барои ноил шудан ба ин ҳадаф аз ҷониби Пешвои муаззами миллат тамоми тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо неругоҳҳои хурду миёна ба истифода дода шуда, барои расидан ба ҳадафи аслии Давлату Ҳукумати кишвар – истиқлоли комили энергетикӣ боз бунёди чандин неругоҳҳои хурду бузург ба нақша гирифта шудаанд.

Тоҷикистон тавонист, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика дар раванди таъмини истиқлоли энергетикӣ, маҳз тавассути истеҳсоли “Энергияи сабз”, ки барои муҳити зист афзалият доштаву безарар арзёбӣ мегардад, бо маблағгузории миллиардҳо сомонӣ манбаъҳои эергияи истеҳсолкунандаи хурду бузурги муҳимро мавриди истифода қарор диҳад. Ҳамзамон, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.

Раванди пешрафту тараққиёти ягон кишвари олам бе рушди бемайлонаи нерӯи барқ таъмин шуда наметавонад ва маҳз бо ин назардошт дар шароити Тоҷикистон дарёфти истиқлоли энергетикӣ тавассути истеҳсоли “Энергияи сабз” ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ бузургтарин ҳадафи стратегии давлат муайян гардидааст. Ноил гардидан ба ин ҳадаф дар доираи азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат нақшабандӣ гардид.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари бунёди неругоҳҳои барқии обӣ боз сохтмону барқарорсозии дигар неругоҳҳои энергетикӣ амалӣ гардидаанд, ки ба истифода додани навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бо тавоноии зиёда аз 400 мегаватт/соат аз он ҷумла дониста мешавад. Раванди корбурди ин Марказ пеш аз ҳама барои пурра таъмин намудани иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон нигаронида шудааст. Метавон гуфт, ки дар василаи истеҳсоли ин намуди энергияи барқию гармидиҳӣ низ амнияти экологӣ хеле бо ҷиддият ба назар гирифта шудааст.

Дар доираи тавлиди “Энергияи сабз” дар қатори неругоҳҳои бузурги барқӣ-обии “Норак”, “Сангтуда – 1”, “Сангтуда – 2”, “Бойғозӣ” ва чандин дигар неругоҳҳои барқӣ-обӣ Неругоҳи барқӣ-обии “Роғун”, ки бузургтарин неругоҳи аср дар минтақа дониста мешавад, нақши бориз бозида метавонад. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон изҳор дошта будаанд: “Ба қадри бунёди иншооти нави гидроэнергетикӣ, бахусус неругоҳи барқӣ-обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт кишвари мо дар ин раддабандӣ ба ду зинаи дигар боло мебарояд”.

Ҳамин минвол, метавон хулоса намуд, ки “Энергияи сабз” ва истеҳсоли харҷи бештару беҳтари он барои аз хатари экологӣ эмин мондани аҳолии курраи замин нақши босазо гузошта метавонад.

Бобозода Содиқҷон Аҳмад Вакили маҷлиси вакилони халқи

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии 29.

Аз китоби “Дурахши саодати миллат”, Душанбе, соли 2022

Таҳияи Мавзуна Салимова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.