СОЛҲОИ БОРВАР. Бахшида ба зодрӯзи ҳунарманди маъруф Давлат Убайдуллоев

Имрўз Давлат Убайдуллоев аз зумраи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунарии кишвар ва ситораи тобноки он маҳсуб мегардад. Ҳамчун ҳунарманд ва коргардон тавфиқ ёфта. Дар бозигарӣ вижагиҳои ба худ хос дораду чун коргардон сабки хешро пайдо кардааст.

Иддае аз ҳунаршиносон бар ин ақидаанд, ки ў умре дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ коргардонӣ кардаву нақшҳо офарида. Ва агар бигўем, ки мо низ бар ин нукта розӣ ҳастем, аз рўи инсофу адолат нахоҳад буд. Оре, Давлат Убайдуллоев дар ин даргоҳ қадамҳои нахустини хешро ба рўи саҳна гузошт. Дар ҳамин коргоҳ шинохта ҳам шуд. Вале дар ташаккул ёфтану ҳамчун ҳунарманд комёр гаштанаш дар коргардонӣ театрҳои дигари кишвар саҳми шоиста доранд.

Барои мисол, ҳамчун ҳунарманд иҷрои нақши Девона аз намоиши овозадори «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» – и Театри давлатии таҷрибавии тамошобини навраси «Аҳорун» (ҳоло ба номи Артисти халқии ИҶШС Муҳаммадҷон Қосимов) ба Давлат Убайдуллоев шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Чун коргардон дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ташаккул ёфт. Малакаву маҳорати дар ин даргоҳ ба даст овардааш ба ў имкон дод, ки дар ташаккули Театри драмаи мусиқии Данғара саҳм бигираду дар дастаҳои хуби ҳунарии кишварамон, мисли театрҳои шаҳрҳои бостонии Кўлоб, Хуҷанд, Конибодом ва Бохтар намоишҳои пурҳикмате рўи саҳна орад.

Дар мавриди ҳунари бозигарӣ ва корҳои ба сомон расондааш дар дигар саҳнаҳо ҳамкорони нуктасанҷи мо ин ҷо суханҳои нобу нави зиёде гуфтанд. Моро ҳамин мемонад, ки хони баҳси хешро атрофи ҳамкориҳои ин коргардони гиро бо Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов биороем. Ҳарчанд ки дил мехоҳад атрофи таъсири хориқаи Давлат Убайдуллоев ба  ташаккули драматургияи Ғаюр Ашур низ сухане гуфта бошем. Ҳамин тавр, метавон аз хидматҳои шоёни мавсуф дар пайдо намудани роҳи тадбиқи саҳнавии асарҳои драмавии устод Нур Табаров низ батафсил сухан гуфт. Вале Табарови калонӣ ин қисмати кори моро осон намуд.

Таҳлили намоиши «Дон Жуан» – аш бошад, вақту ҳавсала ва майдони фарохтареро хоҳон аст. Хушбахтона, ин қисмати корро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов ба дўши худ гирифта. Ба банда ҳамин мемонад, ки бо шоҳкорҳои дар ҳамдастӣ ба ҳунармандони Театри ҷавонон офаридааш иктифо намоям.

Чуноне ки ба аҳли ҳунари тоҷик маълум аст, масири Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон, ки бар мабнои студияи тоҷикии фориғуттаҳсили соли 1971 аз Донишгоҳи давлатии ҳунари театрии ба номи А. В. Луначарскийи Москва таъсис ёфтааст, пуршебу фароз ва саршор аз пўишҳои ҳунарии душвор будааст. Театр дар ин солҳо ҷойгоҳи вижа дар ҳаёти театрии кишвар касб намуд, шодии комёбиҳо ва ёфтаҳои мавриди пазиришро чашид.

Солҳои ҳамкорӣ бо коргардонони соҳибназару соҳибсабк – Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов, Тўрахон Аҳмадхонов, Шамсӣ Қиёмов, Эргаш Масафоев, Вениамин Ланге, Музаффар Хаёлов, Абдулҳафиз Қодиров, Фаррух Қосимов, Мирзоватан Миров, Барзу  Абдураззоқов, Султон Усмонов, Нозим Меликов ва Шавкат Халилов бисёр зиндаву гарм ва муфид буданд. Театр, махсусан дар ҳамкорӣ бо коргардони чирадаст ва хушсалиқа Давлат Убайдуллоев ба тозагиҳои ҳунарӣ даст ёфт. Солҳои ҳамкории театрро бо Давлат Убайдуллоев метавон хеле борвар муаррифӣ кард.

Дар 50 соли вуҷуди хеш тамоюли фикрӣ ва меҳвари идеяҳои театр борҳо маҷрои худро иваз карда, аз ҷараёнҳои гуногуни ҳунарӣ пайравӣ намудааст. Дар ин самти фаъолияти театр нақши яке аз ислоҳотгарони театри муосири тоҷик, чеҳраи тобноки ҳунар ва синамои миллӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев хеле бориз арзёбӣ мегардад. Ў ба сохти асарҳои театр усули рамзиву ривоятиро ворид карда, дар таҳияи намоишҳои таърихиву фолклорӣ тағйироти куллиеро  ба вуҷуд овард.

Исми Театри ҷавонони Тоҷикистон дар таърихи театри драмаи тоҷик ба унвони таблиғгари фаъоли ҳунари воқеънигорӣ ва системаи Станиславский сабт гардид. Масири ҳунарии театри мазкур бозтобе равшан аз рўйдодҳои муҳими фарҳангии поёни қарни ХХ ва оғози садаи XXI аст.

Дар рўзгори ҳол фароянди омезиши далелҳои таърихиву иҷтимоӣ бо хаёлпардозии бадеъ печидатару рангинтар мегардад ва ба ин мўҷиб, шаклу сабки офаридаҳои ҳунарӣ низ танаввуи бештар пайдо мекунанд. Чуноне ки аз таърихи Театри ҷавонон бармеояд, он пайваста дар ҳоли пўишу пажўҳиш аст. Аз як намоиш то намоише дигар чеҳраи театр низ ҳампои вақт ва ҷомеа тағйиру таҳаввул мепазирад. Дар охири садаи ХХ ҳамин гуна тағйироти куллии ҳунарӣ ва услубиро театр маҳз тавассути Фаррух Қосимов ва шогирди шоистаи ў Давлат Убайдуллоев аз сар гузаронд.

Бо мурури замон намоишҳое, ки дар барномаи ҳунарии театр бунёди фолклорӣ доранд, ба яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти он табдил ёфт. Коргардонҳое назири Абдулҳафиз Қодиров, Набӣ Ҷалолов, Давлат Убайдуллоев ва актёрон Исфандиёр Ғуломов, Соҳибсултон Алиназарова, Насриддин Нуриддинов, Сабзагул Қурбонова, Заррина Хушвақтова, Абдулмўъмин Шарифӣ ва дигарон роҳи пуршебу фарозеро дар ҷустуҷўи таркибе аз суннатҳои театрии миллӣ ва образи воқеънигорона, сохтори фалсафӣ ва сиҳати равоншинохтӣ сипарӣ намудаанд.

Театри ҷавонон дар муддати фаъолияти худ, ниёзи пайваста ва рўзафзун ба омўхтани равони инсон ва зиндагии маънавии ў дошт. Комёбиҳои ҳунарии он низ ғолибан натиҷаи ҳамин пўишҳову кўшишҳост ва нокомиҳояш пайомади фосила гирифтану дур рафтан аз равиши мазкур мебошад. Дар поёни даҳаи 80-и қарни гузашта гурўҳи театр аз маҳорате бархўрдор гардид, ки эътирози ошкори ҳунармандонро дар муқобили рукуди тўлонии офаринандагии ҳунарӣ имконпазир сохт. Иддае аз ин гурўҳ ба ҳамкориву пайравӣ аз Фаррух Қосимов рў оварданд.

Фаррух Қосимов низ ҳунармандонеро, ки ба ў эътимод намуда, сарнавишти хешро ба ў вогузошта буданд, навмед накард; театр ба иҷрои коре даст ёфт, ки дар таърихи театри драмаи тоҷик собиқаву назир надошт.

Таърихи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон иртиботи мустақим бо номи коргардонону актёрони он дорад. Ранги вижаи мавқеияту равишҳои инсонӣ ва ҳунарии Шамсӣ Қиёмов дар таҳияҳое, ки ў бар саҳнаи Театри ҷавонон анҷом дод, намоён гардид. Тўрахон Аҳмадхонов ба унвони коргардон дар ҳамин театр камол ёфт. Музаффар Хаёлов ва Абдулҳафиз Қодиров, аз ҷумлаи актёрони театри мазкур, бо касби огоҳиву таҷриба дар ҳирфаи сангини коргардонӣ дар муддати кўтоҳ намоишҳои арзишмандеро ироа намуданд. Вижагии аслии намоишҳои Султон Усмоновро шартӣ будани онҳо ташкил дод, фарҳанги зарифи аврупоӣ хоси осори офаридаи Барзу Абдураззоқов аст.

Дар ҳоле, ки дар намоишҳои Шамсӣ Қиёмов, Тўрахон Аҳмадхонов, Музаффар Хаёлов, Абдулҳафиз Қодиров ва Мирзоватан Миров тамоюл ба таъбиру тафсирҳои маъмулӣ ва суннатии равоншинохтӣ қобили мушоҳида аст, Барзу Абдураззоқов, Султон Усмонов ва Давлат Убайдуллоев азми худро бар «шадидан театрӣ будан» – и  асари намоишӣ ба гунае ошкоро манзур намуданд. Тафаккур ва нигариши ривоятгунаву тимсолнамо дар намоишҳои театр маҳз тавассути офаридаҳои ҳунарии Давлат Убайдуллоев ворид гардид.

Бо вуҷуди кўшишҳои Вазорати фарҳанг ва масъулони театр, дар оғози солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҷараёни таҷдиду бознигарӣ дар фаъолияти он натиҷаҳои матлуб надошт. Соли 1996, пас аз даргузашти директори Театри ҷавонон Маҳмадулло Холов, ба ин симат Абдулҳафиз Қодиров таъйин гардид. Барои ифои вазифаи саркоргардони театр шахсе лозим буд, ки услуби театрро хуб донад ва бо ҳунармандонаш «забон ёфта тавонад».  Аз Давлат Убайдуллоев даъват ба амал омад, ки ин рисолати муҳимро бар дўш бигирад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкории ин театр бо Давлат Убайдуллоев аз соли 1994 шурўъ гардида буд. Бо оғози фаъолияти ў дар театр, намоишҳо аз зовия ва дидгоҳи зебоишиносии тозаи театрӣ, ки реша дар суннатҳои завқии тасаввуф дошт, бархўрдор гардиданд.

Ҳамон сол (1994) Давлат Убайдуллоев намоишномаи «Бодомҳои дандоншикан» – и адиби турк Р. Озчиликро бар саҳнаи Театри ҷавонон таҳия намуд. Воқеаҳои асари мазкур дар яке аз рустоҳои дурдасти Туркия мегузаранд ва мавзўи меҳварии онро ҳамдигарфаҳмӣ миёни бошандагони он ташкил медиҳад. Коргардон зимни офаридани ин намоиш аз ривоёте дар сабки «Маснавии маънавӣ» – и Ҷалолиддини Балхӣ ба кор бурдааст, ки дар поёни силсилае аз ривоятҳо, натиҷагириву бардоште сурат мегирад. Ҳамин гуна, дар бофти намоиш аз ҳикоёти манзуми Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Низомии Ганҷавӣ низ баҳрагирӣ шудааст.

Воқеаҳои намоиш дар замонҳои гуногун: гузашта, имрўза ва оянда ҷараён мегиранд, ки ба абзори рангомезӣ тасвир ёфтаанд. Бад-ин маънӣ, ҳаводиси гузашта зери нури сабз, замони имрўз зери нури равшану сапедгун ва оянда ба рангҳои сурху кабуд мегузаранд. Воқеаҳоро ҳазрати Хизр (алайҳиссалом) ба ҳам мепайвандад.

Намои тимсоливу ривоятӣ дар намоиши дигаре аз ин коргардони хушкор бо унвони «Заволи Чамбули Мастон», ки бар пояи намоишномаи дромнависи маъруфи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ – Сафармуҳаммад Айюбӣ таҳия гардид, бартарӣ дорад.

Дар он коргардон ва рассом аз либоси сиёҳранги саҳна ба унвони муҳит ва заминаи бунёдӣ истифода намуданд. Хаймае, ки батадриҷ бар он мерўяд, рамзи давлати Чамбули Мастон аст, ки дар ҳоли тақвият аст. Бо ин ҳол, Гўрғулӣ ин нияти накуро аз роҳи зулму ҷабр ба амал мерасонад. Мардумоне, ки таҳти зўру фишор ба Чамбул мепайванданд, ҳомилону ноқилони миллатҳо, фарҳангҳо, суннатҳо, забонҳо ва эътиқодоти гуногунанд. Ба ҷои истифодаву баҳраи наку аз ин ҳама неъмат, Гўрғулӣ иддаои офаридани фарҳанги воҳидро дар зеҳн мепарварад ва бар он мекўшад. Саранҷом давлат аз ҳам мепошад.

Сурату забони ин намоиш, ба тафсири коргардони он, мабнӣ бар баёни иллати заволи империяи азими Иттиҳоди Шўравӣ аст. Хаймаи уфтода дар поёни намоиш, гўёи он аст, ки иддаои мазкур усулан, саробе беш набудааст.

Аксари намоишҳои дар саҳнаи театри мазкур таҳиякардаи коргардон Давлат Убайдуллоев асарҳои шоиронаанд. Дар баъзе ҳолатҳо чун натиҷаи кори шадиди таҳиягар ва муаллиф гўиё забони қаҳрамонон шеъргуна бошад.  Дар асари «Заволи Чамбули Мастон» кор ранги дигар ҳам гирифтааст. Гўрғулӣ – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзада –  Тағоймурод Розиқов ва Ширмоҳ – ҳунарпеша Розия Ҳайдарова монологҳои худро на ба сурати шеър, балки чун назми гиро  иҷро мекунанд.

Руҷўи ҷиддии Театри ҷавонон, чун тамоми театри тоҷик, ба фолклор дар даҳаи 90 – и асри гузашта сурат гирифт, ки таҳияи намоиши сегонаи драматурги беҳамто Ато Ҳамдам «Сафармахсум» (соли 1992, коргардонон Набӣ Ҷалолов ва Бердӣ Мингбоев), «Сафармахсум дар Қаротоғ» (соли 1996, коргардон Абдулҳафиз Қодиров), «Саргузаштҳои нави Сафармахсум» (соли 1997, коргардонон Абдулҳафиз Қодиров ва Давлат Убайдуллоев) аз натиҷаҳои он буд.

Асари дигаре, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти умда ва хосси давраи нав ихтисос пайдо кард, «Киштишикастагон», нигоштаи Ҷумъа Қуддус – намоишноманависи шинохтаи тоҷик буд. Акбари муаллим, Мирзои тоҷир, Ҳотами бекору бешуғл, Парии сабуксар, Меҳрии фолбин, ки дар ҳамсоягӣ ба сар мебаранд, мекўшанд, то аз вазъияти пешомада ҳар як аз бумбасте, ки мебинанд, берун оянд.

Аммо саранҷом, ҳамон гуна, ки дар ҳар шуғли рўзмарра қобили пешбинист, давлат идораи корҳоро дар даст мегирад ва ҳокимони нохондаи худхондаро танбеҳ медиҳад. Яке аз нуқсҳои намоишнома, камбуди ихтилофи мунтазам ва фаъоли воқеа аст; фақат дар фарҷоми асар аст, ки миёни Ҳотам ва Мирзо рақобату душманӣ барои даст ёфтан ба қудрат оғоз меёбад, аммо ҳамон замон дар ихтиёри ҳукумати қонунӣ қарор мегирад.

Бо вуҷуди ин, таҳиягари намоиш Давлат Убайдуллоев ба инкишофи муназзами воқеаҳо пардохта, дар ин самт муваффақ ба офаридани асари хуби саҳнавӣ ҳам гардидааст. Дар воқеаҳои мавриди назар, одамон дар пайи луқмае нон, аз кунҷ то ба кунҷи дигари саҳна саргардонанд. Коргардон, махсусан саҳнаҳои умумиро бо диққате хос офаридааст. Тамоми саҳнаи намоиши «Киштишикастагон» пур аз ҳаракат ва талоши зинда мондан аст. Ҳамаи образҳо тавассути коргардон то ҷузъитарин унсур, зарифона суфтагарӣ шудаанд.

Театри ҷавонон барои фароҳам намудани посухҳои муносиб ба тақозо ва ниёзҳои муосири таърих ва тамошогари рўз низ пайваста пўёст. Жанри таърихӣ дар барномаи ҳунарии театр ҷойгоҳе хосе дошт, тавассути Давлат Убайдуллоев тобишҳои нав пайдо намуд.

Ба гунае, ки аз таҷрибаи театри драмаи тоҷик бармеояд, жанри мазкур дар фароянди шаклгирии дидгоҳ ва равишҳои маънавию ахлоқии инсони муосир ва тақвияти шуури иҷтимоии вай нақши муассир дорад.

Театр дар ҳама давраҳо ниёз ба осори мазкур доштаву хоҳад дошт. Зарурати онҳо дар рўзгори мо қобили эҳсоси вижаест. Иштиёқ ба зиндагӣ, сарнавишт ва дунёи ботинии шахсияти қаҳрамон имрўз комилан бамаврид аст. Пас аз сукути кўтоҳ дар даҳаи 80 – и қарни гузашта, жанри мавриди назар дар пирояе тоза ва чаҳорчўбе такмилшуда бар саҳнаи Театри ҷавонон эҳё гардид. Акнун равиши пешини шарҳи рўзгори қаҳрамон ҷои худро ба дидгоҳҳое, аз ҷумлаи таносуби қаҳрамон ва мардум, қаҳрамон ва ҳокимон ва низ арзишҳои маънавӣ дод.

Дар заминаи мавзўи рўйдодҳои солҳои гузашта, намоишномаи «Марги ду нафар» – и Иноят Насриддин, ба ҳикоят аз рўзгори фирориёни тоҷик, ки берун аз хоки Ватан рафтаанд, мепардозад. Қаҳрамонони он ҷавононе ҳастанд, ки бар ҳасби ҳаводис, аз ҳамдигар ба ҳазорон фарсах дур уфтодаанд.

Султон ва Маҳмуд – дўстони дурафтодае ҳастанд, ки зоҳиран камҳаракатанд ва тўшаи маънавии худро тавассути монологҳои худ намоён мекунанд. Дар ин миён, теъдоди фаровони воқеаҳое, ки гоҳе миёни худ иртиботи чандон надоранд, ба муаллиф имкони офаридани асари томро надодаанд. Хати сужети намоишнома, ки ба зани девона пайваста аст, вориди маҷрои воҳиде бо дигар воқеаҳои он намегардад. Хислатҳои қаҳрамонон на аз роҳи амали онон, балки ба василаи дигар персонажҳо ошкор мегарданд.

Бо будани нуқсони мавҷуд дар намоишнома, намоишеро, ки ба коргардонии Давлат Убайдуллоев дар Театри ҷавонон таҳия гардид, завқи тамошобин гарм пазируфт, зеро қаҳрамонони он афроде бо иродаву хислатҳои қавӣ ва ҳадафҳои мушаххас буданд. Султон дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ғолиб Исломов яке аз онҳост. Қаҳрамоне, ки дар муқобили вай қарор мегирад, Маҳмуд дар иҷрои Ашур Ғуломов аст. Ў, ки дар Москваи Федератсияи Россия шуғли хуб пайдо кардаву амволе андўхтааст, ба Ватани хеш бо нафрат нигоҳ мекунад.

Дар ҳамкорӣ бо коргардони намоиш Давлат Убайдуллоев, ҳунарпеша Гулбибӣ Абдулхайрова ба кашфи буъдҳои гуногуни хислатҳои мураккаби зани девона муваффақ шуд. Дар садои ў ранҷу эътироз бар ҳар навъ ҷангу пархош баръало ҳувайдост.

Дар ҳамон мавзўи буҳрони маънавият, намоишномаи дигаре аз устод Ҷумъа Қуддус бо унвони «Ҷазирбод» таълиф гардид.

Давлат Убайдуллоев соли 1999, бо такя бар тахайюли ҳунарӣ ва неруи офаринандагии хеш, хати дувуми сужетро ба асари мазкур афзуда, намоиши ҷолибе офарид. Бо баҳра аз ҳикояти ривоятгунаи Ҷалолиддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» дар бораи шайх Муовия ва Иблис (Азозил), пораҳое аз маснавии «Ҷовиднома» – и Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, афзудаҳое аз Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ва бо истифода аз абзори тасвири ҳунари театри муосир, инкишофи муназзами воқеаҳо сурат мегирад.

Аз дигар дастовардҳои намоиши мазкур, ба ҳам омадану пайвастани фазо ва рўҳи давраҳои мухталиф ва ёфтани нуқтаи муштарак миёни онҳост.

Баёни гўёву боризи саҳна ба гунае хос ва зинда дар саҳнаҳое намоён аст, ки тавассути бозии мавзун, маҷозӣ ва, дар айни замон, воқеии ҳаракатҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир дар нақши марказӣ ва чанд тан аз ҳунармандони дигар иҷро мегардад.

Иблиси офаридаи Қурбони Собир мавҷудест озурдаву ранҷдида. Ў ҳамеша мавриди таъну лаънати ҳамагон қарор дорад. Давлат Убайдуллоев ба симати коргардони намоиш ва Қурбони Собир чун бозигари нақши асосии асар бо  тааммул дар сарнавишт ва кирдори ин қаҳрамон ба натиҷае мерасанд, ки на ўст, ки иллати ҳама гуноҳони одамон аст, балки худи одамон гоҳе зишткирдортар аз иблисанд.

Аз ин ҷост, ки зимни офаридани образи Иблисе, ки ҷўёи адлу дод аст, Қурбони Собир дар дилу зеҳни тамошобин эҳсоси шигифтангези хайрхоҳӣ нисбат ба ин мавҷуди бархўрдор аз рўҳияе қавӣ ва кунҷковии хосро ба сарнавишти ў бедор мекунад.

Қаҳрамони дигари асар – Валиро  таҳиягар ва бозигари нақш Ғолиб Исломов шахсияте мебинанд, ки аз ҷомеа берун ва дар ҳошияи он мондааст. Фазои зеҳни Валиро фикри шароб пур кардаасту бас. Ўро дигар ҳатто ҳамсараш дўст намедорад. Бо ин ки Фаришта дар иҷрои Асилбегим Саодатова, занест зебову заҳматқарин, аммо ахлоқе дар қайду банди нафс дорад.

Дар соли 1999 Давлат Убайдуллоев ба намоишномаи «Олами вуҳуш» – и Абдулҳафиз Қодиров руҷўъ намуд. Асари мазкур, ба манзури парҳез аз матни ошкору урён, ба сурату сабки навъе иҳоми ҳунарӣ ва ё афсона бар саҳна нигошта шуд.

Асар ба мавзўи эҷоди халал дар назму таодули табиат ва зиндагии солим ихтисос ёфтааст. Хушунату зулм на танҳо боиси маргу маҳрумиятҳои одамон, балки иллати халали таодули табиат ва ранҷу озори ҳайвоноту дигар мавҷудот мегардад.

Ин асари Абдулҳафиз Қодиров ҳикоят аз он мекунад, ки аз кирдори кўтоҳназаронаву камхирадонаи одамон ҳайвонот низ ранҷ мекашанд ва дар баробари одамон, онҳо низ асароти ҷангро ба сахтиву душворӣ таҳаммул мекунанд.

Дар тафсири коргардони намоиши мазкур, ҷонварон шоҳиди аз даст додану дубора андўхтани хирад тавассути ҷисми одам мегарданд. Ҷисм (Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бобосаид Ятимов) ва Ақл (А. Асомуддинов), пас аз гузарондани озмоишу имтиҳонҳои фаровони зиндагӣ ва бо дарки ин, ки бе вуҷуди якдигар ноқису нокомил мемонанд, ба натиҷа мерасанд, ки сулҳу осоиши башар дар ризои умум аст.

Соли 1994 дар саросари кишвар 680-умин солгарди таваллуди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – шоиру орифи барҷаста таҷлил гардид. Шоири маъруф ва драматурги шинохта Муҳаммад Ғоиб дар намоишномаи «Мири кабир» ба таъмими осори шоир пардохт, вале дар ҷамъ овардани амалҳо бар меҳваре воҳид чандон муваффақ нашуд. Ҳамчунин, дар асари мазкур ихтилофи шадиди драмавӣ низ қобили мушоҳида нест. Ихтилофоти ҷузъӣ, аз қабили ихтилофи назари миёни муридони шайх ва низ миёни яке аз онҳо бо падари хеш ҳанўз ба ҳадде нестанд, ки дар ҷараёни он хислати қаҳрамонон кашф ва намоён гардад.

Таъкиди аслии Давлат Убайдуллоев ба унвони таҳиягари намоиши «Мири кабир» (2000), бар натиҷаҳои сангину ҳузнбарангези қайду банди хоҳишҳо ва майлҳои нафсонӣ аст.

Чуноне аз назари иҷбории мо ба таҷрибаи ҳамкориву ҳамгироиҳои Давлат Убайдуллоев бо Театри ҷавонон бармеояд, тавассути театри мазкур ў ба рўи худ ба сўи дунёи бекаронаи озмоиши рўҳи инсон ва барои тамошогар панҷараи дигареро ба дунёи театр во намуд.  Аз саҳнаҳои офаридааш дар ин театр нур мебораду тавассути намоишҳояш ба сару рўи бинанда зарраҳои ҳикмат мерезад.

Ҳатто дар мисоли корҳои дидании Давлат Убайдуллоев дар як театр метавон хулоса кард, ки кайҳо вақташ расидааст, ки он ба тарзи ҷиддӣ омўхта шавад. Ин амал имкон медиҳад, ки бо ҷиддан фаро гирифтани ҳамаи асарҳои саҳнавии ў (ва агар лозим бошад, дар муқоиса ва таҳлили якҷояю ҳамаҷонибаи тамоми паҳлуҳои эҷодиёташ) ҷиҳати рўзгор ва осори пурбораш хулосаҳои мукаммал бароварда шавад.

Режиссураи Давлат Убайдуллоев аз ҳунари бозигариаш дертар ташаккул ёфта бошад ҳам, бо он дар як ҷараён инкишоф меёбад. Тамоюли умумии рамзию ривоятии ба режиссураш хос буда, бо ҳунари бозигариаш низ пайвастагӣ дорад. Гоҳе онҳо ба ҳам тавъам ҳам омадаанд. Бисёр мавзўъю масъалаҳои тавассути корҳои коргардониаш  мавриди баҳсу талош қарордодаро ў аввал дар саҳна чун актёр таҷриба намудааст.

Масъалаҳои вобаста ба ахлоқии ҷомеа меҳвари асосии асарҳои саҳнавии ўро ташкил медиҳанд. Зиёиён ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва мавқеи шаҳрвандию маънавии онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа мавзўи асосии коргардон гардида, дар асарҳои ў таҳаввулоти бузурги равонию маънавии ҷомеа дар даврони охир хеле нишонрас тасвир шудаанд.

Давлат Убайдуллоев анқариб 30 сол  мешавад, ки бо ҳунари дар театр аз ҳама мураккаби коргардонӣ сару кор дорад. Ба эҷоди ў муносибат ва андешаи ҳаммаслакону мунаққидон ва ҳунармандони театр қариб, ки як аст – ҳунарманди андешапарвар ва саҳнаорои муъҷизаофар. Асарҳои ў касро бетафовут гузошта наметавонанд, зеро дар осори ў зиндагии муосирони мо бо тамоми тазодҳо ва соярўшанҳояш рўнамо мегардад.

Нуктаи дигари қобили зикр ин аст, ки Давлат Убайдуллоев ба режиссура бо қадамҳои устувори дар роҳи аз бар намудани ҳунари бозигарӣ бадастовардааш ворид шуд. Қадамҳои нахустинаш дар ин ҷода аз он дарак медоданд, ки раъйаш хеле ҷиддист ва ҷаҳони афкору андешаи муосиронашро хуб аз бар кардааст. Аз ин лиҳоз, асарҳои саҳнавиаш  ҳам аз ҷиҳати муҳимияти мавзўъ, тезу тундии низоъ ва ҳам аз ҷиҳати фарогирии ҷаҳони маънавии қаҳрамонон ҷанбаъҳои пурқувватро фарогиранд.

Театри муосири тоҷик бо тамоми манзалат ва камбудию норасоиҳояш дар мисоли эҷодиёти Давлат Убайдуллоев мунъакис гардидааст. Маҳорати волои бозигарӣ, фарогирии пурраи фарҳанги миллӣ, ба хубӣ донистани адабиёти гузаштагони худу адибони ҷаҳон ва корбасти дурусту мантиқии онҳо дар санъати коргардонӣ асоси эҷодиёти пурғановаташро ташкил додааст.

Ба режиссураи Давлат Убайдуллоев ҷанбаъҳои рамзию ривоятӣ ва хулосаи ҳунарии дигаргуниҳои маънавию ахлоқии замони мо хос мебошад. Диди бадеии коргардон аз дигар ҳаммаслаконаш бо он фарқ мекунад, ки дар он мушоҳидаи дақиқи навгониҳои зиндагӣ, тобишҳои ноаёни равонии муосирон дақиқ акс ёфтаанд.  Коргардонро метавон ҳамқадами замон, ҳаммаслаку ҳаммароми ҳамзамонони худ дар роҳи такмили зиндагӣ муаррифӣ намуд. Воқеияти зиндагӣ, дигаргуниҳои замона ва вобаста ба инҳо дигар шудани рафтору муносибати инсон ба худ ва дигарон ҳамеша дар маркази диққати коргардон қарор дорад.

Ба асарҳои Давлат Убайдуллоев дақиқ донистани қонуниятҳои зиндагӣ, дарки дурусти тамоилҳои инкишофи ҷамъият, таҳаввулоти табиати хислат, фикру зикр ва мафкураю ҷаҳонбинии муосирони мо хос аст. Ў, чуноне аз таҳлилҳои болоӣ бармеояд, дар устокорона сохтани низоъҳою тарзи марғуби ҳалли онҳо, моҳирона инкишоф додани воқеаҳо ва ҷамъбастҳои фалсафӣ дасти расо дорад.

Режиссура ба Убайдуллоев он чизеро дод, ки дар бозигарӣ ба он даст наёфта буд. Тавассути режиссура ў тавонист рўёрўй бо тамошогар суҳбат ороста, аз минбари он афкору андешаи худро озодона ва доманадор ифшо кунад. Маҳдудияти чаҳорчўбаи бозигариро фарохияти режиссура шикаста, ба ҳунарпешаи муваффақ имкон фароҳам овард, ки зиндагиро пурратар – ба таври мукаммал ва ҳамаҷониба нишон бидиҳад.

Тамоми зиндагӣ ва фаъолияти эҷодию ҳирфавии Давлат Убайдуллоев намунаи фидокориҳои ҳунарварест, ки ҳастӣ, истеъдод ва санъати худро ба хидмати халқу Ватани азизаш бахшидааст.

Муҳаммадуллоҳи Табарӣ.