Солҳои рушди илмҳои табиатшиносиву риёзӣ. Қулла ва пиряхи Дзержинский
Дзержинский, қулла дар қисми марказии қаторкўҳи Паси Олой воқеъ аст. Баландиаш 6713 м. Қуллаи Дзержинский пеш аз қуллаи Абўалӣ Ибни Сино (собиқ Ленин, 7127 м) ҷойгир буда, шакли ҳирам (пирамида)-и барфпўшро дорад ва бо пиряху барфҳои доимӣ пўшида шудааст.
Дар қисми ҷанубии нишебиҳои ростфуромадаи пиряхи Дзержинский воқеъ аст. Дзержинскийро бори нахуст соли 1928 ҳайати экспедитсияи АИ ИҶШС кашф намуд. Соли 1936 қулларо бори нахуст кўҳнавардони шўравӣ фатҳ намуда, ба муносибати 10-солагии фавти Ф.Э. Дзержинский “Дзержинский” номгузорӣ намуданд.
Минбаъд, кўҳнавардон чанд бори дигар қуллаи мазкурро фатҳ намуданд. Аз ҷумла, соли 2007 кўҳнавардони Руссия ба қуллаи Дзержинский баромада буданд.
Пиряхи Дзержинский
Дзержинский, пирях дар қисми ғарбии Бадахшон, дар нишебии ҷанубии қисми марказии қаторкўҳи Паси Олой. Дар саргаҳи дарёи Савуқсой (шохоби дарёи Муғсу, ҳавзаи дарёи Сурхоб) воқеъ аст, дарозиаш 14,9 км, масоҳати умумиаш 19,0 км2. Баландии нуқтаи охирини забона 3900 м буда, хатти охиринаш дар баландии 5000 м ҷойгир аст.
Шохаи асосии пирях аз шимол ба ҷануб кашол ёфта, майдони манбааш дар баландиҳои 5600-5800 м дар байни қуллаи Дзержинский (6717 м) дар ғарб ва қуллаи Абуалӣ ибни Сино дар шарқ ҷойгир аст. Забонаи пирях бо ҷинсҳои кўҳӣ пўшида буда, ба шаршараи яхин шабоҳат дорад.
Дзержинский ба гурўҳи пиряхҳои ҳаракаткунанда тааллуқ дошта, яке аз ҳаракатҳои онро яхшиносон (глятсиологҳо) соли 1970 мушоҳида карда буданд. Соли 1973 низ ҳаракати босуръати пирях мушоҳида гардидааст.
Июли 1975 забонаи пирях канда шуда, ба водии дарёи Савуқсой фуромада буд. Майдони яхӣ дар масоҳати 0,5 км2 паҳн шуда, якчанд метр ба соҳили муқобил нарасида буд. Охири солҳои 90 асри 20 низ ҳаракати пирях ба мушоҳида расидааст. Дар самти шимолу ғарбии пирях қуллаи Дзержинский воқеъ аст.
Аз пиряхи Дзержинский шохоби рости дарёи Савуқсой ибтидо мегирад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 554-555.
Муаллифон: З. Мўсоев.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.