Солгарди даргузашти Кнут Ҳомсун, адибе, ки ба имтиҳони шуҳрат тоб наёвард
71 сол пеш дар чунин рӯзе барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт, яке аз адибони маъруфи Аврупои нимаи аввали асри ХХ Кнут Ҳомсун аз олам даргузашт. Адиби маъруф дар раддаи шахсиятҳое қарор гирифтааст, ки билохира дар солмандӣ бо ҷонибдорӣ аз ҷангҷӯён ба шуҳрати худ хотима доданд. Ин адиби шинохта ва эътирофшуда аз зумраи касоне буд, ки аз ҷанги Олмон пуштибонӣ мекард ва ҳатто болотарин ҷоизаи адабии худро ба яке аз сутунҳои таблиғотии Рейхи сеюм Геббелс тақдим намуд.
Кнут Ҳосун (номи аслиаш Кнуд Педерсен) 4 августи соли 1859 таваллуд шудааст. Аз синни 17-солагӣ ба навиштан оғоз кардааст. Аввалин китобаш бо номи “Шахси мармуз. Достони ишқи Нордленд” соли 1877 чоп шуд.
Соли 1920 Ҳамсун барои асари бузургаш «Шарбати замин» (норв. Markens Grøde) барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид. Соли 1943 ӯ медали ҷоизаи Нобелии худро ба вазири таблиғоти рейхи сеюм Геббелс тақдим кард.
Ҳомсун дар бораи эҷодиёти худ чунин навиштааст: «Ман ҳамчун равоншиноси муосир бояд рӯҳро пурнур ва таҳқиқ кунам. Ман бояд онро ҳамаҷониба омӯзам, то ба умқи ниҳонии он ворид шавам».
Ҳомсун зиёда аз 30 роман, повестҳо, пйесаҳо, ҳикояҳо, китобҳои публитсистӣ ва шеърҳо эҷод кардааст. Асарҳои ўро Блок ва Балмонт ба русӣ тарҷума кардаанд.
Нависанда Кнут Ҳомсун, ки умри дароз дид, аз фарзанди деҳқон, то барандаи ҷоизаи Нобелӣ расид, вале ба имтиҳони шуҳрат тоб наовард. Номи нависанда миёни адибоне, ки дар пиронсолӣ сарварони бераҳмтаринро дастгирӣ кардаанд, номбар мешавад. Асарҳои Ҳомсун аз офарандаи худ хирадмандтар ба ҳисоб мераванд, чунки онҳо аз имтиҳони замон гузаштаанд.
Соли 1943 вай дар ҷараёни сафараш ба Олмон бо сарвари он Адолф Ҳитлер мулоқот кард ва аз ӯ талаб намуд, ки сарвари вақти Норвегия Квислинг ва обергрупфюрер Тебовенаро барканор кунад. Ин талаби адиб хашми Ҳитлерро ба миён овард.
Баъди худкушии Ҳитлер вай алорағми ҷонибдоронаш як таъзиянома навишт ва ӯро “муборизи ҳақуқи башарият” номид. Вай навишт: “Ман лоиқи он нестам, ки дар мавриди Адолф Ҳитлер бо садои баланд суҳбат кунам. Ӯ як ҷангҷӯ барои башарият ва як башоратдиҳандаи адолат барои тамоми миллатҳо буд. Ӯ як муслиҳ дар болотарин раддаҳо буд”.
Роману қиссаҳои зиёди ӯ ба форсӣ тарҷума ва борҳо дар Эрон нашр шудаанд. Аз ҷумла асарҳои “Гуруснагӣ”, “Розҳо”, “Асрор”, “Бозии ҳаёт”, “Виктория”, “Дар сарзамини аҷоиб”, “Меваҳои замин”, “Дар остонаи марзу бумҳо”, “Шафақи сурх”, “Рушди хок”.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА