Соли 2022. Аз палангон  чиро метавон интизор шуд

   Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» маҳфили ҳармоҳаи  «Дастони моҳир» дар мавзўи  «Соли 2022. Аз палангон чиро метавон интизор шуд» баргузор гардид.

Сараввал муаллима оид ба мавзўъ ба хонандагон чунин иброз намуд: “Соли паланг, ки бо оғози соли нави 2022 фаро расид ба онҳое, ки меҳнати содиқона мекунанд дастоварду комёбиҳо ваъда мекунад. Дар умум мегўянд, ки рушди тамаддуни дунё вобаста аз он аст, ки чӣ гуна соли паланг, ҳамчун ифтитоҳгари давраи нави мучал оғоз меёбад. Моро чун ҳамешагӣ ҳисси кунҷковиамон боло мегирад, то бидонем  дар соли 2022 яъне соли паланг моро чӣ интизор аст”.

Сипас, муаллима бо  хонандагон оид ба мавзўъ саволу ҷавоб намуда, шеърҳо ва чистонҳои ҷолиб қироат карданд ва баъдан бо хонандагон чӣ тавр сохтани палангро нишон дода, бо истифода аз маводи конселярӣ аз қабили коғази ранга ва ширеш палангчаҳо тайёр намуданд.

Шаҳноза Дониярова, Муовини сардори шуъбаи кўдакон ва наврасони КМТ.