Соли 2024 Китобхонаи миллӣ ҳудудан 66 ҳазор китобу маҷаллаву рисолаҳои илмӣ қабул кард

Китобхонаи миллӣ Дар  соли 2024 ба  фонди Муассисаи давлатии “Китобхонаи  миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон 65 ҳазору 739 нусха  адабиёт ворид  гардид. Аз он ҷумла: китобҳо 49502 нусха, маҷаллаҳо 2766, диссертатсияҳо 497 авторефератҳо  497, нашрияҳои давомноки илмӣ  130 нусха  ба қайд гирифта шуда, ба шуъбаҳои дахлдор равона карда шуданд.

Инчунин захираи мубодилавии эҳтиётӣ 1227 нусха, сарчашмаҳои гуногун 1522 нусха, изографикҳо 26 нусха, нотаҳо 37 нусха, дискҳо 18 адад, адабиёти  туҳфашуда аз шахсони  алоҳида 42673 нусхаро ташкил дод, ки ба ҳар яки он баргаҳо аз рўи сол, алифбо ва ҷои нашр навишта, дар феҳристи  шуъба ҷо ба ҷо карда шуда, ба бахшҳои дахлдор равон карда шуд.

Аз сафоратхона ва ташкилоти хориҷӣ 343 нусха китоб ворид шуд. Ҳамчунин 648 нусха маҷаллаҳои обунавии ватанӣ ва 174 нусха маҷаллаҳои хориҷӣ, 8210 адад рӯзномаи ҳатмӣ ва 4041 адад рӯзномаи обунавӣ ба қайд гирифта шуд. Ба 50695 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (часпонидани штрих-код) сурат гирифт.

Тибқи мактубу дархостҳои вазорату муассиса ва мақомоти қудратӣ дар соли  ҷорӣ ба миқдори 35 ҳазору 252 нусха китоб аз ҳисоби китобҳои бисёрнусхаии аз аҳолӣ тақдимшуда тариқи ройгон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар фиристода шуд.

Дар соли 2024 аз ҳисоби китобҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда 22010 нусха китоб коркард шуда, ба фонди асосӣ ва фондҳои ёридиҳандаи Китобхона супорида шуданд.

Дар назди шуъба фонди мубодилавӣ-эҳтиётӣ амал мекунад, ки рӯйхати он дар шакли электронӣ таҳия  шуда, бо теъдоди умумии 40686 нусха китоб бо забонҳои гуногун муайян гардидааст. Инчунин фонди тӯҳфавӣ низ аз 849 нусха китоб (41 номгўй) иборат мебошад.

Ҳамчунин дар  ин давра кормандони шуъба 98 китоби тозаворид, 3 маълумот дар бораи воридоти нусхаҳои ройгони ҳуҷҷатҳо ва 5 мавод дар бораи китобҳои туҳфашуда  ва 2 мақола дар бораи фаъолияти шуъбаро омода намуда ба воситаи сомонаи интернетии Китобхона муаррифӣ намуданд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.