Соли дуюми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”
Чуноне хабар дода будем, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин Озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”-ро эълон кард.
Мутобиқи Низомномаи Озмун тартиби баргузорӣ аз ду давр иборат буда, оғози он моҳи май пешбинӣ гардидааст. Даври ниҳоии он ҳафтаи чоруми моҳи сентябр гузаронида мешавад. Тартиби иштирок ва баргузории Озмун мисли соли гузашта муқаррар гардида, иштирокдорон новобаста аз зодгоҳ ва маҳалли зисташон аз номи муассисаи таълимие, ки дар он донишҷӯ мебошанд, баромад хоҳанд кард.
Озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, омӯзиши фаъолияти беназир, шоҳкориҳо ва корнамоиҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани сулҳу оромӣ дар кишварамон ва талошҳои бемисли ин шахси муаззам баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ, таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории Озмун ин дарёфт намудани чеҳраҳои ҷадиди суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад.
Талабот ба иштирокдорон, ин пешниҳод намудани донишҳои азбарнамудаи худ тибқи мазмуни асарҳои Пешвои миллат, аз ҷумла:
- донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат;
- доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат;
- қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баёни порчаҳои муҳими асарҳо, асосноккунии дастовардҳо, корнамоӣ ва ободкориҳои Пешвои миллат;
- донистани санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик;
- донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ, ки дар асарҳои Пешвои миллат истифода шудаанд;
- қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ.
Ҷойи якум ба иштирокдоре дода мешавад, ки беш аз 90% асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Имтиёзҳо барои ғолибони даври дуюм (ҷойҳои 1, 2 ва 3) баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти олӣ, бе супоридани имтиҳон, тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи ройгон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Тартиби қабулро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд: ғолибони муассисаҳои миёнаи касбӣ ва ғолибони муассисаҳои олии касбӣ. Ҷоизаҳо барои ғолибони Озмун, мукофотпулӣ барои ҷойи якум – 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ба ҳар яке аз ғолибон, барои ҷойи дуюм – 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ ба ҳар яке аз ғолибон, барои ҷойи сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурӯҳ) – 7 500 (ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ ба ҳар яке аз ғолибон пешбинӣ гардидааст.
Барои иштирокдорони Озмун комёбӣ ва муваффақият таманно дорем ва умедворем, ки иштирокдорон ба Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷиддӣ тайёрӣ дида, метавонанд маҳорати суханварӣ ва сухандонӣ, сатҳи донишу идрок ва қобилияти баёни фикру андешаи худро нишон диҳанд.
Бунафша Раҳмонова,
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон