Соли маърифати ҳуқуқӣ. Додгоҳи олӣ рӯйхати ҳизбу созмонҳои террористиро бознашр кард
Додгоҳи олии кишвар рӯзи 27-уми майи соли равон рӯйхати 29 ҳизбу созмоне, ки дар Тоҷикистон таррористӣ эълон шудаву фаъолияташон мамнуъ мебошад, бознашр кард. Ҳадаф ёдрас кардани ҳамватанон, ки бо ин ҳизбу созмонҳо иртибот надошта бошанд, чун ҳамкорӣ, робита ё таблиғи идеяҳои онҳо ҷиноят дониста мешавад ва аз 5 то 12 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Инак феҳристи он созмонҳое, ки фаъолияташон бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон манъ шудааст:
- Ҳизби наҳзати исломӣ
- “Ал-Қоида”
- Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ
- Ҳизби исломии Туркистон (Ҳаракати исломии Узбекистон)
- Ҳаракати “Толибон”
- “Бародарони Мусулмон”
- Ташкилоти “Лашкари Тайиба”
- Гурӯҳи исломӣ (Ҷаъмияти исломии Покистон)
- “Ҷамъияти Таблиғ”
- Ташкилоти динӣ-мубаллиғии “Созмони Таблиғот”
- “Тоҷикистони Озод”
- “Ҳизби Таҳрир”
- “Ҳизб-ут-таҳрир”
- Равияи динии “Салафия”
- Ҷамоати “Ансоруллоҳ”
- Ҳаракати ҷамъиятии “Гурӯҳи 24”
- Ташкилоти “Давлати исломӣ” (Давлати исломии Ироқу Шом)
- “Ҷабҳат-ун-Нусра” (Ҷабҳат-ан-Нусра)
- “Паймони миллии Тоҷикистон”
- “Ҷанги муқаддас” (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии мисрӣ)
- “Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ”
- “Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ”
- “Хонаи ду зиёратгоҳ” (Ал-Ҳарамайн, Дом двух святих)
- “Ҷунд-аш-Шом” (Артиши Шоми Бузург)
- “Ҷиҳоди Исломӣ” – “Ҷамоати муҷоҳиддин”
- Иттиҳоди экстремистии “Шоҳидони Яҳво”
- Ташкилоти “Pamir Daily News”
- Ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломии вилояти Хуросон”
- Ташкилоти экстремистии “Новий Таджикистан 2”
Ёдовар мешавем, ки ҳар гуна ҳамкорӣ ва ё таблиғи ғояҳои ин аҳзобу созмонҳо аз тариқи расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, дар мавъизаву суҳбатҳо ва ғайра тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷиноят шумурда мешаванд ва чуноне ёдовар шудем, ин афродро аз 5 то 12 сол ҳукми зиндон интизор аст.
Сокинон бояд маълумоти кофии ҳуқуқӣ дошта бошанд ва аз ҳар гуна иртибот бо ин созмонҳо дурӣ ҷӯянд.