Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад

солномаи-матбуотФеҳристи библиографии навбатӣ- «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҷеъ ба нашри китобу маҷалла, рӯзнома ва дигар маводи чопии дар семоҳаи чоруми соли 2020 дар ҷумҳурӣ батабърасида, маълумот медиҳад. Мақсади асосии он саривақт ба хонанадгон расонидани иттилоот дар бораи нашри китобу ҷузва ва матбуоти даврии тозанашр мебошад.

Солнома аз фаслҳои «Солномаи китобҳо», «Авторефератҳои диссертатсионӣ», «Солномаи мақолаҳои маҷаллаҳо», «Солномаи мақолаҳои рӯзномаҳо» ва «Солномаи тақризҳо» иборат аст. Ҳамчунин, дар феҳрист маълумоти омории нашри китоб ва маълумоти нашрияҳои даврии соли 2020 инъикос гардидааст.

Нашри нави “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед

Гулистон ЛУНДИШОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.