Солшуморӣ (гоҳшуморӣ, тақвим)
Ҳазорон сол аст, ки мардумони олам дар асоси гардиши хуршеду моҳ зиндагӣ мекунанд. Хуршед мебарояду рўз мешавад, хуршед мешинаду шаб мешавад. Мардум рўзу ҳафтаву моҳу солро дар асоси гардиши хуршеду моҳ муайян мекарданд. Пас аз он ки чорводорӣ ва кишоварзӣ рушд кард, рўзшуморӣ ва солшуморӣ дақиқтар шуд. Ба гумони мардуми ибтидоӣ, ки дар ғорҳо зиндагонӣ мекарданд, ҳама чиз худои худро дошт. Хуршеду моҳу ситораҳо низ.
Мардум баромадани хуршед ва моҳро эҳтиром менамуданд. Аммо хуршед, ки барои инсон рўшноӣ ва гармӣ ато менамояд, барои пешбурди рўзгори башар муҳимтар буд. Чунки зиндагӣ ба равшанӣ ва гармии хуршед вобаста буд. Ба воситаи гармии хуршед ҳама чиз нашъунамо мекунад. Муҳимтарин чиз барои зинда мондани инсон хўрокҳои табиӣ, гиёҳҳо, ғалла, мева ва ғайра мебошанд. Онҳо фақат бо таъсири хуршед мепазанд.
Аз ин рў мардуми замони бостон (қадим) ниёгони тоҷикон, ба хуршед бовар ва эътиқоди зиёд доштанд. Ҳангоми баромадан ва нишасти хуршед расму оинҳои хосеро иҷро менамуданд. Ҷашнҳо меоростанд ва шодмонӣ мекарданд. Ба осмон даст боло карда, аз неруи яздонӣ илтиҷо менамуданд, ки нури хуршед ҳамеша бошад. Яздон рўшноиро ба онҳо бештар ато менамояд.
Эътиқод ба хуршед дар байни ниёгони тоҷикон зиёд буд. Бо гузашти замон баъзе аз ин эътиқоду расму оинҳову ҷашнҳо аз байн рафтанд. Баъзе аз онҳо то замони мо расидаанд. Аз ҷумла мардум дар бораи Ялдо, Сада, Наврўз, Тиргон, Меҳргон тибқи бовариҳои худ оинҳоеро иҷро менамуданд, ки то рўзгори мо расиданд. Баъдҳо баъзе аз онҳо ба ҷашн табдил ёфтанд. Ин оинҳо ва ҷашнҳо вобаста ба шабу рўз, ҳафтаву сол ба тулўъ ва ғуруби хуршед вобаста буданд.
Мардум дар замони бостон намедонистанд, ки чӣ гуна шаб
мешавад, чӣ гуна рўз. Чаро борону барф меборад? Чаро замин сабз мегардад? Хуршеду моҳ аз куҷо меояд? Онҳо бо гузашти замон мушоҳидаҳои худро аз насл ба насл мегуфтанд. Баъдҳо ин мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳо боиси он гардид , ки шав, рўз, ҳафта, моҳ ва солро муҳити табиӣ ва кайҳонӣ ҳисоб намоянд.
Ниёгони тоҷикон дар замонҳои пеш аз тариқи гардиши хуршед сояи сангу кўҳ ҳатто узвҳои бадан вақтро муайян мекарданд. Баъдҳо ин ҳисобро «гоҳшуморӣ» гуфтанд. Хамин гоҳшуморӣ аз он замоне, ки инсон андеша мекарду сухан мегуфт, ба вуҷуд омад. «Гоҳ» вожаи тоҷикӣ буда, ба маънои макон тахт, замону вақт аст. Ҷузъи дигари «шуморидан», яъне ҳисоб кардан аст. Пас гоҳшуморӣ ҳисоб кардани вақт мебошад. Онро солшуморӣ ва тақвим низ мегўянд.
Аз китоби Равшани Раҳмонӣ “Ҷашнҳои бостонии тоҷикон”. Душанбе, 2023.
Хоҳишмандон бо ин китоб метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд шинос шаванд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахасиси пешбари шуъбаи
хизматрасони ба шахсони
имконияташон маҳдуд.