Сомон Толибзода: Поямро аз Тоҷикистон канда наметавонам!

Вақте аз меҳмонон пурсидам, ки аз куҷоянд ва ба кадом забон ҳамроҳашон суҳбат кунам, бо ифтихор ҷавоб доданд, ки аз Ӯбекистонанду тоҷиканд! Онҳоро ба сайёҳати китобхона бурдам ва дар ҷараёни суҳбат дарёфтам, ки ифтихорашон аз тоҷик будан рӯякӣ набуда, ин ҳисс дар қалабашон лона гузоштааст.

Онҳо падару писар ба дидани кишвари азизи Тоҷикистон омаданд. Ҳангоми тамошо таваҷҷўҳ кардам, ки аз ҳар чизе медиданд, шавқашон ҷӯш мезад. Ба ман гуфтанд, ки дар ин сафар қариб саросари Тоҷикистонро аз мақбараи падари шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то  Хуҷанди бостону Душанбе тамошо кардаанд.

Сомон Толибзода аз кишвари Ўзбекистон, вилояти Сурхандарё, аз дуду боздидҳояш ҳикоят кард. Вай гуфт: Дар Донишгоҳи давлатии ховаршиносии шаҳри Тошканд, риштаи забон ва адабиёти форсӣ таҳсил мекунам. Дар гурӯҳ танҳо ман тоҷикам. Вориди синфхонаи донишгоҳ, ки мешавам, тоҷикӣ суҳбат мекунам. Устод мебинад, ки ман омадам, «Сомонҷон хуш омадед» мегўяд ва меояду бо ман тоҷикӣ суҳбат мекунад. Ҳама ҳамсабақонам узбеканд, забони тоҷикиро ба онҳо ёд додам ва гуфтам бо ман тоҷикӣ суҳбат кунед, то эҳсоси ғарибӣ накунам.

Ба диёри Рўдакӣ омадем, марде буд тавзеҳ медод. Он ҷо ҷӯе буд, гуфтам шояд ин ҳамон ҷӯест, ки Рўдакӣ аз он нўшидааст. Гуфтам  ин ҷо қадамгоҳи ў буда шояд. Ояте хондем ва сипас роҳамонро ба дигар қисматҳои кишвар идома додем.

Аз бачагӣ орзуи дидани Тоҷикистонро мекардам. Гарчанд дар Ўзбекистон зиндагӣ мекунам, он ҷо эҳсоси ғарибӣ мекардам, чун давру барамон миллатҳои дигар зиндагӣ мекунанд ва бо забонҳои туркиву узбекӣ ҳарф мезананд. Худоро шукр, ки мактаби тоҷикиро хондам. Ин чиз бароям ифтихор аст, лек як фазои тоҷикона то ҳол насиби ман нашуда буд.

Вақте хостам биёям Тоҷикистон синнам кам буд, шиноснома надоштам, вақте ҳам шиноснома гирифтам, бемории куруно оғоз гардид. Ҳоло Худоро шукр барои ин лутфаш, ки билохира ба орзуи ягона ва ҳамешагиам расидам.

Вақте аз сарҳади Ўзбекистон гузаштем, савори мошин шудем, парчами Тоҷикистонро дидам, эҳсосе ба ман даст дод ногуфтанӣ. Дастонам ба ларза даромад, ҳаяҷон. Аз ҷода, ки гузаштем, таксиҳо ва касони дигар ҳам тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Пештоқҳо ҳама тоҷикӣ навишта шуда буд, мебинӣ куллаш тоҷикист. Гуфтам Худоё куҷо омадем? Ин ҷои мост. Ба падарам гуфтам бо автобус гардишамонро идома бидиҳем, автобус фарҳанги мардумро нишон медиҳад.

Вориди автобус шудем. Мардум корташонро мезаданд ва  ман садои «Корти тахфифӣ», «Корти ройгон» «Хуш омадед» мешунидам. Хона меомадам, мегуфтам шояд ман хоб мебинам.

Бароям воқеан ҳиссиёти ҷолибтарин буд. Бозор рафтем. Мегўянд бозор оинаи миллат аст. Бисёр меҳмоннавоз буданд. Вақте фаҳмиданд, ки  мо тоҷикони Ўзбекистонем гуфтанд баҳ-баҳ . Бисёр чизҳоро барои мо арзон карданд. Бисёр мардуми хубанд. Дастгиранд, меҳрубонанд. Мо тоҷикон, фарҳанги меҳрубонӣ аз қадим доштем.

Ҳадафи мо аз гирд гаштани Тоҷикистон ошноӣ бо фазои тоҷиконаву мардуми он аст. Душанбе пойтахти тоҷикони тамоми дунёст, тоҷикони Покистон, тоҷикони Афғонистон, Ўзбекистон, ҳар ҷое, ки тоҷик дорем.

Ин қадар меҳмоннавоз буданд, ки ҳар касе, ки бо мо дар мошин рафта буданд, занг мезаданд, ки Сомонҷон дар роҳ намондӣ,  куҷоӣ?  Биё хонаи мо.

Ба майдони истиқлол, ки тоза бунёд мешавад, рафтем. Духтарон барои омодагирӣ ба Рўзи Истиқлол мерақсиданд. Оҳангҳое, ки ҳоло ҷое пахш нашуда буд, мо аввалин шунавандааш шудем. Як фазое буд, ки ин тасаввуротро надоштам.

Сомон ҳини сӯҳбат ба сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки ахиран бо саъю талоши мардуми Самарқанд ва тоҷикзабонони Ӯзбакистон дар дар шаҳри Самарқанд, хиёбони Рӯдакӣ муҷассамаи Рӯдакӣ қад барафрохт. Ва дирӯз рӯзи гушоишаш буд, ки  барои форсизабонон пур аз ифтихор аст.

Падарбузурги ман ҳам дар ин кори хайр бисёр саъю талош карда буд, ки боиси хушбахтии мост. Аризаву номаҳои зиёде навишта кардем ба мақомдорони Ӯзбакистон баҳри гузоштани ин пайкара дар шаҳри Самарқанд, гуфт ӯ.

Сомон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фаъолон аст ва бисёр корҳои фарҳангӣ барои ҷомеа, бахусус ҷавонон анҷом медиҳад ва байни мардум шинохта аст.

Сомон, ки гуфт мехоҳад корашро тоҷикона пеш бибарад, ашъори Ҳофизу Саъдӣ, Фурӯғи Фаррухзодро барои алоқамандони шеъри ноби форсӣ диклама карда асту дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш.  Худи ман ҳам чандто аз дикламаҳои ўро, ки бисёр ширину равон ва гушнавозанд, шунидам. Ҳамин тавр ӯ китобҳои тоҷикиро ба забони ӯзбекӣ ва аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудааст. Зеро мардумони тоҷики Ӯзбекистон вақте тоҷикиро мехонанд, хуб мутаваҷҷеҳ намешаванд, мегўяд ў. Агар бо ду забон бихонанд, хубтар мефаҳманд. Мехоҳам корамро тоҷикона пеш бибарам ва дар барномарезиҳоям китобҳои зиёде аз бузургони тоҷикро ҷо додаам ва шабакаҳои иттиҳоди тоҷиконро дорам бештар мекунам, ки мардум ҷазби ҳувияту таърихи тоҷикон шаванд. Тоҷикҳои моро агар каме бедор бикунӣ, яъне таърихро барояш бигӯӣ ва аз Ирони бостон қисса низ кунӣ, фарҳангашонро ёдовар шавӣ, баъди чанде худашон пеш мераванд. Маро ҳам падарам бедор кард, ман дӯстонамро бедор мекунам, дӯстонам дӯстонашонро. Ҳамин тавр шахсияти мо боло меравад.

Сомон ҳанӯз кӯчак буд, ки модараш Фоли Ҳофиз мегирифт. Ў кунҷковона зеҳн мемонду аз модар хоҳиш мекард, ки хати форсиро барояш омўзонад. Азбаски дар хонаводаи онҳо духтар набуд, модар ба Сомон шарт гузошт, ки агар хонаро ҷору бизанӣ, зарфҳоро бишўӣ ва фалон корҳои рўзгорро анҷом бидиҳӣ, форсиро ёдат медиҳам. Ҳамин тавр ў аз модари фарҳангдўсташ форсиро ёд гирифт. Падараш бисёр кўшиш кард фарзандонаш ғазалҳои Ҳофиз, Мавлоно, Бедил, Саъдиро аз бар кунанд. Онҳоро хеле ташвиқ мекард ва ҷоиза медод. Ин кор се дафъа идома ёфт. Падар дафъаи чорум барои Сомона ва бародараш ҷоиза надод. Аммо онҳо дигар ҳавасманд шуда буданду ва ҷоизае даркор набуд.

Вақте аз Сомон пурсон шудам, ки ин қадар ифтихороту ғурури тоҷикӣ дар ӯ аз куҷо сарчашма мегирад, афзуд,ки мағзи ҷону устухонам тоҷикист. Ифтихороти миллӣ ҳамеша дар танамон буда. Ман ҳамеша тоҷик будам ва тоҷик мемонам.

Сомон боз ҳикоят кард, ки ба Осорхонаи миллӣ рафтем. Давраи Зардуштро дидем, баъд Куруши Кабирро. Таърихи давраи Курушро дўст дорам. Акс гирифтам. Дар Инстаграм гузоштам. Кулли бачаҳо диданду ташвиқ карданд, ки олӣ аст.

Ҳамсўҳбатам аксҳояшро ба ман нишон дод, зери Парчам акс гирифтааст, дар мавзеъҳои таърихӣ, бо тоҷикон ва хеле аксҳои хотирмон, ки бо ҳаяҷон аз онҳо ҳарф мезад.

Мегӯяд Боғи Парчамро дидам, муҷассамаи Исмоили Сомониро дидам. Гуфтам ман Сомонам ва бояд бо Сомонӣ акс бигирам. Аз ҳар зовия бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ акс гирифтам.

Рафтаниям, вале ҳеҷ поямро аз Тоҷикистон канда наметавонам. Мехостам ин ҷо то абад бимонам.

Ба Сомон аз номи Ҳофиз гуфтам «Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст».

 

Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.