Сотим УЛУҒЗОДА. Сурат ва сирати Шайхурраис

Шамоили олими кабир чӣ гуна буд, мо намедонем. Дар ислом кашидани сурати одами зинда мамнӯъ аст. (Ин таассубро дар асри XVI гӯё фақат рассом ва наққоши машҳури тоҷик Камолиддини Беҳзод вайрон карда, сурати  ду султон – Ҳусайн Бойқаро ва Шайбонихонро кашида буд). Агарчи Низомии Арӯзӣ ривоят мекунад, ки султон Маҳмуди Ғазнавӣ барои дастгир кардани Ибни Синои гуреза расми ӯро кашонда, ба шаҳрҳо фиристод, вале ин ривоят баъди саду бист соли вафоти Шайхураис навишта шуда ва имрӯз сиҳати онро муайян кардан душвор аст.

Дар атрофи номи олими кабир ҳанӯз дар зиндагии ӯ масалу ривоят пайдо шуда,  дар замонҳои баъдина адади онҳо зиёдтар мешуд. Хуллас, ки мо сурати ҳақиқии Шайхурраисро надорем. Суратҳое, ки аз ӯ дар Аврупо пас аз  тарҷумаи «Алқонун» ба забони  лотинӣ ва сониян дар асри мо аз тарафи  рассомони шӯравӣ ва эронӣ кашида шудаанд, ҳама тахминӣ мебошанд. Дар  Ҳамадон ҷои қабри Ибни Синоро кофта, ҷумҷумаи  (косаи сари) ӯро ёфтаанд: Саид Нафисӣ, ки бо дастгоҳи аккосӣ ҳозир будааст, акси як рӯи  ҷумҷумаро бардоштааст. Дотсенти Институти тиббии Андиҷон, математик Ш.Х. Ҳамидуллин аз рӯи он акс бо амали математики худ рӯи дигари ҷумҷумаро ҳам «кашф» ва сипас гӯё бо методикаи антропологҳо М.М.Герасимов ва В.Н.Терновский шамоили Шайхурраисро барқарор кардааст. Аммо ин шамоил ҳам боварибахш, қаноатбахш наменамояд: Ибни Сино дар вай муллои миҷморуқеро мемонад ва хеле ҳам «қишлоқинамо» аст, дар симояш нури хирад, салобати бузургиву донишмандӣ дида намешавад. Аз нимрухи ҷумҷума ва он ҳам аз рӯи акси фотографии нимрух қиёфаи Шайхурраисро офаридан, ҳар қадар ба ин «офариниш» ранги илмӣ дода шавад ҳам, қобили эътибор наменамояд.

            Кас мехоҳад аз ӯ расме офарида шавад, ки ба мо мутафаккири муаззам,  марди зиндагидӯст ва хуштабъу хушзавқро, ки Шайхурраис дар ҳақиқат чунин будааст, намоёнад. Симои чунин мард албатта, басо нуронӣ, наҷибона ва ҷозибадор бояд боша два таври дигар буда наметавонад. Нақл аст, ки  боре дар вақти гурезагии Ибни Сино дар Рай як нафр табиби он шаҳр ӯро тифоқо дар бозор дида мешиносад. Шайх аз ӯ мепурсад: чӣ гуна шинохтӣ, ки ман ибни Сино ҳастам? Ҷавоб медиҳад, ки соҳиби ин салобат ва ин чеҳра, ки аз вай  нури маърифат меборад, танҳо Шайхурраис буда метаронад. Назар ба гувоҳии Абӯубайди Ҷузҷонӣ Шайхурраис «марди қавӣ буд ва футур ва сустӣ дар ӯ роҳ надошт… ва ба қуввати мизоҷи худ низ бисёр мутмаин буд». Мизоҷшинос ва табиби ҳозиқ, албатта, медонист ин қувватро дар тани худ чӣ гуна парварад ва нигоҳ дорад. Ҳамин қуввати тан буд, ки ӯро ба риёзатҳои гурезагии маҷбуриву меҳнати фикрии азим ва муттасили рӯзону шабон тобовар кард, то он ки дар охир ин риёзатҳо тоқатфарсо гардида, ӯро мағлуб карданд.

            Дар сирати Шайхурраис пеш аз ҳама пурҳавсалагӣ, пуркории ҳайратангези ӯро бояд қайд кард. Ин сифатро вай аз сини кӯдакӣ дар сояи тарбияи падари фозилаш ва модари ғамхораш дар худ парварид. Аз гуфтаи худаш, ӯ дар сини навҷавонӣ, рӯзу шаб аз мутолиа намеосудааст. Маълум мешавад, ки вай ҳанӯз дар         айёми наврасӣ ба кашиши дилхушиҳо, бозиҳо, дигар майлу ҳавасҳои хоси ҷавонӣ, ки агар аз ҳад гузаранд, вақти гаронбаҳоро, ки дар он синну сол бояд сарфи донишомӯзӣ шавад, зоеъ мегардонанд, дода нашуда, онҳоро ба иродаи худ тобеъ карда тавонистааст. Баъдҳо, вақти мусофирати Эрон, вай хоҳ дар хонаҳои мардум, хоҳ дар зиндон, хоҳ дар сафар ва ё дар маснади вазорат – дар ҳама ҷо, дар ҳама шароит кори илмии худро тарк намекард. Ӯ дар илм фидоии азхудгузаштае буд: медонист, ки танҳо истеъдоди фитрӣ ҳар қадар хориқулодда ҳам бошад, бе пуркорӣ намесабзад, маҳсул намедиҳад. Одамӣ чӣ андоза бояд пурҳавсалаю пуркор бошад, ки шаб аз сари ҷойнамози хуфтан барнахоста, то саҳар аз илм панҷоҳ саҳифа нависад, чунон ки Шайхурраис дар ҷавоби суолҳои  олимони Шероз навишт.

            Дигар аз хусусиятҳои Шайхурраис ҳофизаи беназири ӯст. Олим дар воқеъ ҳофизаи мӯъҷизаосое дошт, ки муосиронаш аз он дар ҳайрат буданд ва мо ҳам имрӯз дар ҳайратем. Ӯ дар китобхонаи султонии Сомониён китобҳои нодири илмиро ёфта ва ҳарисона мутолаа карда, донишҳои омӯхтаашро ё бештарини онҳоро дар ёдаш нигоҳ дошт ва аз он пас асарҳои худро, аз ҷумла чанд фасли китоби фалсафии худ «Шифо»-ро, чунон ки Ҷузҷонӣ гувоҳӣ медиҳад, «бидуни ин ки дастрасӣ ба китобе дошта бошад ва ё ба асли онҳо муроҷиат кунад», аз ёд навишт. Ба ростӣ ҳам, «Саввоналҳикмат»-и дар сӯхтор нобудшуда дигар фақат дар ҳофизаи Ибни Сино монда буд: сарчашмаҳо ҳама дар хазинаи ёди ӯ буданд. «Мофавқуттабиа»-и Арастуро ӯ чиҳил бор хонд то он ки китобро қариб ҷумла ба ҷумла ҳифз кард.

            Дар ин ҷо суоле пеш меояд, ки чӣ гуна мумкин аст одамӣ чунин ҳофизаи мӯъҷизаосо дошта бошад? Оё чунин ҳофиза модарзодист, атои табиат аст ба якто-нимто одамон, ё ки ҳосили тарбияи махсус? Маълум аст, ки қувваи ҳофиза хосияти майна мебошад ва майна бо чунин хосияташ ба ҳар як инсони мӯътадилтаваллуд ва соҳиби ақлу ҳуши солим «атои табиат» аст. Ин қувва чунон қобилияти тараққӣ кардан дорад, ки гоҳо ба дараҷаҳои ҳайратангез мерасад. Ба чӣ тариқ? Фақат ба тариқи машқ. Ҳофизаро машқ медиҳанд. Машқи доимӣ ва мунтазам рафта-рафта «мӯъҷизаҳо» ба зуҳур меорад. Абӯалӣ машқи  ҳофизаашро, чунон ки тарҷимаи ҳолаш гувоҳӣ медиҳад, аз кӯдакӣ сар кардааст: аз афти кор, ӯ аксаран  чизҳои хондаашро ба воситаи такрор ёд карда мегирифтааст. Ⱪуръонро дар даҳсолагиаш ёд кард. Устод  Айнӣ, ки ҳофизааш пурқувват буд, боре гуфта буд, ки ба тараққии ҳофизаи ӯ ҳифзи Ⱪуръон ва шеъри бисёр мадад кард. Ибни Сино дар  давраи адабиётомӯзии худ, ба гумон, назму насри бисёри арабӣ ва тоҷикиро ҳифз намудааст. Ғайр аз «Мофавқуттабиа» дигар китобҳои илмӣ, фалсафӣ, тиббиро ҳам бояд азёд карда бошад.

            Бояд худро шинохт, имкониятҳои худро дарк кард. Машқ модари ҳунарҳои аҷибу ғариб аст. Ибни Сино аз ҷумлаи фардҳои  нодирест, ки бо машқи муттасил имкониятҳои беҳадду қиёси ҳофизаро ба ҳақиқат табдил додаанд.

            Дигар – донистани қимати вақт. Дар ин бобат ҳам Шайхурраис намунаи ибрат аст. То чӣ андоза вақтро азиз доштани вай  аз як нақли шогирдаш Баҳманиёр намудор аст. Ӯ мегӯяд: Дар Ҳамадон шаберо дар сӯҳбати ёрон ба айшу ишрат саҳар карда будем, вақте ки ба дарси Шайхурраис ҳозир шудем, вай ба таҳқиқи борикиҳои як масъалаи илмӣ шурӯъ кард, аммо ҳар қадар ба фаҳмондани матлаб ва шарҳу баёни мақсад кӯшид, «осори фаҳму идрок дар мо надид»; ба ҷониби манн рӯ оварда гуфт: «Ба гумонам, дирӯз вақти гаронбаҳо ва умри азизро ба мусоҳилакорию беҳудагӣ зоеъ кардаед?» Иқрор кардам, гуфтам: «Оре ҳамин тавр шуд, ки ёфтаед». Шайх барошуфт ва об дар дидагонаш бигардониду оҳи сард бароварда гуфт: «Бисёр афсӯс дорам, ки умри гаронмояро ба беҳудагӣ бохта ва арзишу маънии онро надонистаед; субҳоналлоҳ дорбозон дар пешаи худ мақоме мерасанд, ки боиси ҳайрати ҳазор оқил мешаванд, шумо бошед дар фаро гирифтани як пора дониш он қадар нотавон шудаед, ки ҷоҳилони замона ба ин нотавонии рӯҳонияи шумо ҳайрон  шаванд меарзад» (Номаи донишварон, саҳ 108).

            Баъд Шайхурраис бо ин ки ҳама умр пайваста машғули илм буд, ҳаргиз якрӯя олими хушк, ки ғайр аз илми худ ба чизе таваҷҷӯҳ надошта бошад, набуда, балки марде хуштабъу хушзавқ, шодмону кушодарӯ будааст. Табъи баланди вай пайваста толиби ғизои рӯҳиву маънавӣ буд, ӯ шеър, сурудро дӯст  медошт. Дар шарҳи ҳолаш дидем, ки ӯ шабҳо ба хонааш созандаю сарояндагонро оварда, баъд аз дарсгӯи ё асарнависӣ бо ҳамроҳии дӯстону шогирдони наздикаш маҷлиси суруду нағма ороста, созу наво шунида, истироҳат мекардааст, ӯ ҳам мусиқидӯст ва ҳам мусиқишинос буд, рисолаи ӯ дар назарияи  мусиқӣ шояд дар Шарқ аз ҷумлаи нахустин асарҳо ё балки нахустин асаре дар ин санъат бошад. Дар соатҳои фориғ будан аз машғулоти илмӣ ӯ худ гоҳ-гоҳ шеър ҳам мегуфт. Ба ду забон –арабӣ ва тоҷикӣ шеър мегуфт.  Рубоиёти фалсафии ба забони модарии худ навиштааш амиқ, пурхирад, пурҳикмат ва ҳақиқатан шоистаи мутафаккири бузурганд. Холис аз нуқтаи назари қоидаҳои назм ҳам агар нигоҳ кунем, мебинем – рубоиёти ӯ, ғазалаш дар ҳаққи бода ва қитъаҳои дигараш чӣ  андоза устодона, комил ва матин мебошанд. Адабиёт ва илми арӯзро вай дар сини навҷавонӣ аз омӯзгоре, ки падараш барои ӯ ёфта буд (ва падар, албатта, барои писараш устодони фозилу донишмандро интихоб мекард), омӯхта буд. Лутфи табъи Абӯалӣ аз айёми кӯдакӣ, чунон ки пеш аз  ин зикр кардем, дар муҳити маънавии пурфазлу фарҳанги Бухоро тарбия ёфт. Дар пойтахти Сомониён беҳтарин шоирон, беҳтарин ҳофизон, беҳтарин устодони мусиқӣ ва дигар ҳунарпешагони мамлакат ҷамъ омада буданд. Ҳеҷ як маърака, шабнишинӣ, базм, зиёфат бе мусиқию ҳофизӣ намегузашт; дар идҳо ё тӯйҳо бошад, дастаҳои созандаю  сарояндагон бо ҳам баҳсмабаҳскунон  ҳунарнамоӣ мекарданд ва он гоҳ танини суруд, нағма, созу наво дар маҳаллаҳо, кӯчаю майдонҳои шаҳр мепечид.

            Инак, имрӯз баъди нуҳӯ ним асри аз  олам гузаштани ӯ, ҳар он чӣ мо дар бораи зиндагонӣ ва эҷодиёти илмии ӯ медонем, ба мо шахсияти яке аз доҳиёни донишу фарҳанги башар, яке аз  бузургтарин хирадмандони ҳамаи замонҳо, яке аз барҷастарин мардони таърихи тамаддуни инсоният – Шайхурраис ва Ҳуҷҷатулҳақ Ҳакималҳукамо Абӯалӣ ибни Синоро ҳамин гуна  мешиносонад.

            Ӯ дар соли 1037 мелодӣ вафот кард. Ⱪабраш дар шаҳри Ҳамадони Эрон зиёратгоҳ аст.

Аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, соли 1980, №8 таҳияи Малика Абдуллоева.