“Современный русско-английский юридический словарь” чӣ китобест?
Дар луғати мазкур тақрибан 45000 истилоҳ шарҳ дода шудааст ва дарбаргирандаи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ мебошанд. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои маъмурӣ, конститутсионӣ, шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, молиявӣ ва байналмилалӣ, инчунин мурофиаи судӣ, мурофиаи шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ. Дар луғат бо истилоҳоти ҳуқуқӣ истилоҳоти бештар истифодашаванда дохил карда шудаанд, истилоҳот аз соҳаи тиҷорат, муносибатҳои асъорӣ ва қарзӣ, бозори қоғазҳои қимматнок, бонкдорӣ ва суғурта, инчунин баъзе калимаҳои дигар, ки дар матни ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ пайдо мешавад, низ шомил карда шудаанд.
Луғат барои ҳуқуқшиносон, соҳибкорон, кормандони илм, омӯзгорон, аспирантҳо ва донишҷуёни донишгоҳҳои ҳуқуқшиносӣ, инчунин барои ҳамаи онҳое, ки аз истилоҳоти ҳуқуқӣ васеъ истифода мебаранд, пешбинӣ шудааст.
Луғати мазкури “Современный русско-английский юридический словарь” ду маротиба дар ҳаҷми мухталиф рӯи чоп дидааст.
Ба назар мерасад баъди нашри якум ва мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани луғат муаллифонро бештар барои такмилу пуррагардонии он таҳрик додааст.
Аз сӯи дигар, тавре дар сарсухан омадааст, омӯзиши амиқи шумораи зиёди монографияҳо, дастурҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ оид ба ҳуқуқ, ки дар Британияи Кабир ва ИМА ба нашр расидаанд, инчунин санадҳои қонунгузории Русия ва давлатҳои хориҷӣ ба таври назаррас имкон доданд, ки муаллифон фаротар раванд ва вожаҳову истилоҳоти бештарро шарҳ диҳанд. Дар натиҷа дар чопи дуюм миқдори калимаҳо ду маротиб зиёд шуданд ва қариб 45 ҳазор истилоҳ, ибораҳои устувори соҳаи гуногуни ҳуқуқ, додгоҳу додгустарӣ шарҳ ёфтаанд.
Дар баробари истилоҳоти ҳуқуқӣ ба луғат истилоҳоти бештар истифодашаванда аз соҳаҳои тиҷорат, муносибатҳои асъорӣ-карзӣ, бозори коғазҳои қимматнок, бонкдорӣ ва суғурта, инчунин баъзе калимаҳои маъмул, ки дар матни ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ пайдо мешаванд, низ тарҷума ва шарҳ дода шудаанд.
Луғати Современный русско-английский юридический словарь” –ро шумо хонандагони азиз метавонед дар толори хониши адабиёти хориҷӣ мутолиа кунед.
Азиза НИЁЗОВА, мутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.