Суҳбати кутоҳ аз дуюмин рӯзи “Ҳафтаи забон ва адабиёти рус”

Дирӯз дуввумин рӯзи «Ҳафтаи забон ва адабиёти рус» дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ буд. Он ба рўзгор ва эҷоди нависандаи номвар, шоир, драматург, тарҷумон ва публитсисти асри 19 Иван Сергеевич Тургенев бахшида шуда буд. Дар рафти чорабинӣ бо яке аз хонандагони синфи 7-и мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Исмоли Сомониӣ МЕҲРАФЗО ҲАЙДАРОВА ҳамсўҳбат шудам ва аз ҳадафи ин ширкаташ суол кардам.

– Ташаккур. Хушҳолам, ки дар «Ҳафтаи забон ва адабиёти рус» даъват шудаам. Вақте фаҳмидам, ки мавзӯи имрўзи маҳфил зиндагӣ ва эҷоди нависандаи дўстдоштаам Иван Сергеевич Тургенев аст, ширкат намудам. Зеро аз асарҳои Тургенев зиёд хондаам, масалан «Муму», «Записки охотника». Ў китобҳои бисёре навиштааст: «Первая любовь» «Рудин», “Степной король Лир”, “Пунин и Бабурин” “Литературные и житейские воспоминания”, “Стихотворения в прозе”,  “Собака” “История лейтенанта Ергунова”, “Ася”, “Рассказ отца Алексея”, “Песнь торжествующей любви,” “После смерти (Клара Милич)” ва ғайра

«Записки охотника» дар чӣ маврид баҳс мекунад?

 – Дар бораи он нақл мекунад, ки як шикорчӣ ҳайвонҳоеро, ки мекушад, рўзнома дар бораашон менависад. Инро ҳам бигўям, ки Иван Сергеевич Тургенев ҳарчанд забонҳои хориҷиро зиёд медонист, аммо ба забони модарияш менавишт.

То ҳол чӣ қадар китоб хондаӣ ?

– 16 китоб хондаам. Асарҳои нависандагони ҷаҳонро бештар мехонам. Китоби «Зеркало в шкафу»-ро хондаам, ки дар бораи духтараке нақл мекунад, ки худашро дар оина тамошмо карданро дўст медошт. Азбаски ў мушкилоти зиёд дошт, онро ба ойина мегуфт. Рўзе ойина ба одам табдил ёфт ва ҳама ҳарфҳои ўро ба мардум гуфт. Дўхтарак бисёр ноумед шуд ва  фаҳмид, ки набояд аз дардҳои худ ба касе гап зад. Ҳатто ба худ. Афсонаи фантастикӣ аст.

Дар бораи муаллимаи забони русият чанд сухан бигў…

–  Муаллимаи забони русиямон Саидова Дилоро Ҷумъаевна аст, ки бисёр хуб дарсро мефаҳмонад, бисёр чизро  аз ў омўхтем. Афсонаҳои зиёд ба мо гуфтанд.

Забонҳои хориҷиро медонӣ?

Се забонро медонам, русӣ, англисӣ ва курёӣ. Тарҷумон шудан мехоҳам. Ба ҳамсолонам гуфтаниам, ки танҳо ба хондан машғул шапванд ва ба қувваи худашон бовар дошта бошанд.

  • Боз чӣ китобҳо мехонӣ?

Паустовкий ва Пушкинро дўст медорам. Повести Александр Иванович Куприн «Гранатовый браслет», ки дар асоси ҳодисаҳои воқеӣ навишта шудааст, хондам.

Шеъре, ки бисёр дуст медорӣ ва ба дилат наздик аст, кадом аст?

Бабушкины сказки

В зимний вечер по задворкам
Разухабистой гурьбой
По сугробам, по пригоркам
Мы идем, бредем домой.
Опостылеют салазки,
И садимся в два рядка
Слушать бабушкины сказки
Про Ивана-дурака.
И сидим мы, еле дышим.
Время к полночи идет.
Притворимся, что не слышим,
Если мама спать зовет.
Сказки все. Пора в постели…
Но, а как теперь уж спать?
И опять мы загалдели,
Начинаем приставать.
Скажет бабушка несмело:
«Что ж сидеть-то до зари?»
Ну, а нам какое дело, —
Говори да говори.

Чӣ китобро хонданӣ ҳастӣ?

Мехоҳам китоби «Гарри Потер»-ро бихонам, падарам ваъда дод, ки охири ҳафта ин китобро меорад. Бовар дорам падарам ба ваъдааш вафо мекунад Ва ман мехонаму меоям  ва ба шумо қисса мекунам.

Раҳима Азам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабинҳои фарҳангӣ.